САМАРАИ ҲАМКОРИҲО

Дар мамлакатамон барои рушди соҳибкорӣ ва ба роҳ гузоштани тиҷорати хурд шароити мусоид фароҳам оварда мешаванд.

Дар мамлакатамон барои рушди соҳибкорӣ ва ба роҳ гузоштани тиҷорати хурд шароити мусоид фароҳам оварда мешаванд. Дар шароите, ки хатарҳои пандемия ҳанӯз бартараф нашудааст, ғамхориҳои давлат дар ин самт бештар ҳис мегарданд.
Вақтҳои охир барои шурӯъ ба соҳибкорӣ як қатор саддҳои бюрократӣ аз байн бардошта ва мушкилоти сарсонию вақтгумкуниҳо як андоза ҳал шуда бошад ҳам, ғун кардани маълумотномаҳои заруру нозарур ва аз як равзана ба равзанаи дигар рафтани мизоҷон дар идораи хидматҳои давлатӣ ҳамон давом мекард. Эътиборан аз соли 2021 барои мусоидат ба соҳибкорӣ 105 намуди рухсатнома ва маълумотномаҳо бекор, тартиби ба даст овардани 150 намуди ҳуҷҷат соддатар карда шуд.
Соҳибкороне, ки ба маблағ муҳтоҷанд, аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ карда мешаванд. Соҳибкорон дар соҳаҳои сайёҳӣ, нақлиёт ва хӯроки умумӣ чун соле, ки сипарӣ гашт, дар пардохти андоз аз имтиёзҳо истифода менамоянд. Дар пардохти андоз барои замин ва молу мулк, айни замон, сабукиҳо идома меёбанд, ки ин дар як сол тақрибан 400 миллиард сӯмро ташкил менамояд. 20 ҳазор нафар соҳибкорон аз ин сабукиҳо истифода бурда метавонанд. Дар доираи барномаҳои кӯмак ба соҳибкории оилавӣ дар соли 2021 ҷудо карда шудани вомҳои имтиёзнок ба андозаи 6 триллион сӯм ба нақша дароварда шудааст.
Дар як-ду соли охир, мутаассифона, ҳолатҳои вайрон шудани ҳуқуқи ба мулкдории соҳибкорон ба чашм расид ва ин ба эътирозҳои барҳақи онон сабаб гашт. Вобаста ба ҳамин роҳбари давлат вазифа гузошт то баъзе роҳбарону амалдорҳо ба қонуншиканиҳо дар масъалаҳои мулкӣ роҳ нагузоранд, ба Омбудсмани тиҷоратӣ ваколати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани онҳо супурда шавад.
Тараққиёт ва ҷаҳонишавӣ тақозо дорад соҳибкорон аз технологияи рақамӣ истифода бурда тавонанд, ҳамқадами замон бошанд. Ин навъ технология, ҳамзамон, ба коҳиш ёфтани иқтисодиёти сиёҳ ва ҳолатҳои гурехтан аз пардохти андоз мусоидат менамояд. Соҳибкороне, ки ҳалолкору бовиҷдонанд, баракат меёбанд ва аз ҷониби халқу давлат ҳартарафа дастгирӣ карда мешаванд.
Яке аз масъалаҳои ҳаллашон таъхирнопазир дар мамлакати мо коҳиш додани ночорӣ ва нодорист. Барои он ки нодорҳо аз «дафтари оҳанин» бароварда шаванд, механизми наве, ки ба раванди «ҳавасмандгардонӣ, навгониҳо ва дастгирии молиявӣ» такя менамоянд, ҷорӣ шуда истодааст. Пайи расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ сохтори маҳаллабайъ ҷорӣ ва дар маҳаллаҳо марказҳои таълими касбӣ ташкил карда мешаванд.
Ба 1000 адад расонидани миқдори марказҳо ва барои ҳар як шунавандаи курс ҷудо кардани як миллион сӯм ба нақша дароварда шудааст. Барои ин аз буҷаи давлат 100 миллиард сӯм ҷудо гашт. Хатмкардагоне, ки мехоҳанд чун соҳибкор ба фаъолият оғоз намоянд, барои хариди ускунаҳои зарурӣ метавонанд то 7 миллион сӯм кӯмакпулӣ гиранд.
Аз 100 сотих то 1 гектар ҷудо карда шудани замин барои онҳое, ки дар кишоварзӣ кори худро сар карданианд, муқаррар ва  барои таъмини шуғли табақаҳои эҳтиёҷманд ҷудо карда шудани 500 миллиард сӯм пешбинӣ гардидааст. Ба шахсон ва оилаҳое, ки соҳибкор шуданианд, ходимони бонкҳо низ аз наздик кӯмакрасон. Робитаи як қатор бонкҳои тиҷоратӣ, хусусан «Асака банк», «Ипотека банк», «Турон банк», «Қишлоқ қурилиш банк» ва ҳоказо бо маҳаллаҳо ва онҳое, ки ба соҳибкорӣ майл доранд, торафт мустаҳкам мегардад. Дар ҳамкории бонк ва соҳибкорҳо маҳалла восита мебошад, яъне ходимони бонк барои он ки шахсони ба соҳибкорӣ моилро пайдо кунанд, даставвал ба идораи маҳалла меоянд. Маҳалла низ вазифадор гаштааст мушкилоти сокинонро омӯзад, майл ва рағбати шаҳрвандонро дастгирӣ созад, хусусан ба онҳое, ки эҳтиёҷманданд, ҳарҷониба кӯмак намояд. Беҳуда намегӯянд, ки маҳалла – оинаи ҷомеа. Бо таъкиди Президент, роҳбарони тамоми дараҷаҳо бояд мушкилотро, тавре ки гуфтаанд, аз поён – дар маҳаллаҳо омӯзанд, роҳҳои ҳаллу фасли онҳоро пайдо кунанд, тағйиротеро ҷорӣ намоянд, ки мардум онро дар ҳаёти ҳаррӯзаашон эҳсос намоянд.
Баланд бардоштани нақши занону духтарон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ба корҳои идоракунии давлатӣ ҷалбсозии онҳо яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти мо қарор дошта, хусусан барои офаридани шароити зисти мусоид барои бонувони камтаъмин ҳаракатҳои ҷиддӣ оғоз ёфтаанд. Рӯихати «дафтари занон» ташаккул меёбад. Мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, ки онҳоро ба ташвиш мегузоранд, ҳаллу фасл мегарданд.
Ходимони бонк, намояндагони идораҳои масъул ва ҳокимиятҳо хона ба хона гашта, аз аҳволи бонувон хабар мегиранд. Арзи дили онҳоро мешунаванд. Хусусан, ба бонувоне, ки соҳибкор шуданианд, кӯмаки даркорӣ мерасонанд. Таҳти роҳбарии бевоситаи Федератсияи иттифоқҳои касаба муфассал омӯхтани тарзи зист ва шунидани арзи 6 миллион нафар бонувон дар соли равон мавриди назар қарор гирифтааст. Сохтори маҳаллабайъ дар як қатор маҳаллаҳои ноҳияи Юнусободи пойтахт низ мувофиқи талаби замон ба роҳ гузошта шуда ва дар ин самт, хусусан, бонки «Ипак йӯли» дар аниқ сохтани хонадонҳои муҳтоҷ, ҳалли мушкилоти ногироҳо ва дастгирии молиявии шахсоне, ки нияти соҳибкорӣ доранд, бо ҷамоаҳои шаҳрвандӣ робитаҳоро мустаҳкам менамояд.
Аз ҷумла, дар маҳаллаи «Ӯзбекистон мустақиллиги» 5 ҳазору 72 нафар сокинон умр ба сар мебаранд, ки намояндагони якчанд миллатанд. Аз 30 нафар бонувон, ки дар «дафтари занон» номнавис буданд, 8 нафарашон бинобар беҳбуд ёфтани шароити зисташон аз рӯихат бароварда шуданд. 5 нафар дар «дафтари ҷавонон» ҷой доштанд. Ду нафари онҳо ба таълими касбӣ ва се нафари боқимонда ба шуғл фаро гирифта шуданд.
Дар вохӯрӣ бо гурӯҳи кории муассисаҳои молиявӣ сокини маҳалла Фирӯза Эргашева мошини дарздӯзӣ пурсида буд. Хоҳиши ӯ аз ҷониби бонки «Ипак йӯли» қонеъ гардонда шуд. Ин гуна мошини дарздӯзӣ айни замон аз ҷониби бонки зикршуда ба истиқоматкунандаи кӯчаи ба номи Аҳмади Дониш Арофат Шоҷӯраева тақдим ва ӯ хеле мамнун гашт. Онҳо изҳор карданд туҳфаҳо дар мустақилона ба кор оғоз намуданашон такон хоҳанд бахшид. Маълулон низ мавриди ғамхорӣ буда, ба Владимир Абракови 71-сола, ки 10 сол инҷониб барҷомонда аст, аробачаи ғилдиракдор инъом карда шуд. Ба М.Ҳамидова, ки дар «Дафтари ҷавонон» қарор дошт, Бонки «Ипак йӯли» 25 миллион сӯм вом ҷудо кард ва ӯ имрӯз дар дукони хусусии хӯроквориаш фаъолият ба роҳ гузоштааст.
Умуман, то имрӯз вазъи иҷтимоию иқтисодии 41 ҳазору 200 хонадон дар ноҳияи Юнусобод омӯхта ва 237 нафар, ки дар дафтарҳои занон ва ҷавонон ҷой доштанд, ба кор таъмин карда шуданд. Таҳти ҳамдастии ҳокимият бо секторҳо ва бонкҳои тиҷоратӣ ба 79 адад субъекти соҳибкорӣ дар ҳаҷми 135,6 миллиард сӯм воми имтиёзнок ҷудо карда шуд. Ҳамкории бонк – маҳалла – шаҳрвандон дар равнақи соҳибкорӣ ва беҳсозии шароити зисти аҳолӣ самараи дилхоҳ мебахшад.

М. ШОДИЕВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: