САМАРАНОКИИ КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ МУҲОКИМА ШУД

Президент Шавкат Мирзиёев 24 май оиди муҳокимаи масъалаҳои васеъсозии кофтан ва истеҳсоли ашёи хоми нафту газ ҷамъомад гузаронд.

Дар мамлакатамон мақсадҳо оиди либералисозии иқтисодиёт ва трансформатсияи нуқтаҳои пешбари саноати пешбар дар Стратегияи рушд муайян карда шудаанд. Аз ҷумла, дар соҳаи нафту газ ҳам ҷараёнҳои трансформатсия оғоз ёфтаанд.
Дар ҷамъомад роҳбари давлатамон, аввало, ба ин масъала эътибор нигаронда, зарурияти тезонидани ин ҷараёнро таъкид намуд. Вазифаҳои ҷалб сохтани мушовирони хориҷӣ, муайян кардани баррасии стратегӣ, таъмини шаффофияти механизмҳои ҳисобу китоб дар соҳаи нафту газ гузошта шуданд.
Чораҳо оиди солимгардонии молиявии корхонаҳо, тавассути баланд бардоштани самарнокии оператсионӣ ихтисорсозии ҳуҷҷатҳо, дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ташкил кардани сохтори идоракунӣ муайян гардиданд.
Президент ба роҳбарони сохтор доири таъмини муттасили аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ бо манбаъҳои сӯзишворию энергетикӣ супоришҳои аниқ дод.
Чораҳои назорати истеъмоли газ ва пурра ба кор андохтани ҳисобкунакҳои автоматӣ,бартарафсозии талафот муайян гардид. Муҳимияти аз ҳозир сарфа сохтани захираҳо, рағбатноксозии истифода аз энергияи муқобил таъкид карда шуд. 

ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: