Самаранокии низоми кор дар басти маҳаллаҳо аз лиҳози танқидӣ таҳлил гардиданд

  • Самаранокии низоми кор дар басти маҳаллаҳо аз лиҳози танқидӣ таҳлил гардиданд
  • Самаранокии низоми кор дар басти маҳаллаҳо аз лиҳози танқидӣ таҳлил гардиданд
  • Самаранокии низоми кор дар басти маҳаллаҳо аз лиҳози танқидӣ таҳлил гардиданд
  • Самаранокии низоми кор дар басти маҳаллаҳо аз лиҳози танқидӣ таҳлил гардиданд
  • Самаранокии низоми кор дар басти маҳаллаҳо аз лиҳози танқидӣ таҳлил гардиданд
  • Самаранокии низоми кор дар басти маҳаллаҳо аз лиҳози танқидӣ таҳлил гардиданд
  • Самаранокии низоми кор дар басти маҳаллаҳо аз лиҳози танқидӣ таҳлил гардиданд

Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 19 апрел ҷамъомади видеоселекторӣ аз рӯи масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии низоми кор дар басти маҳаллаҳо ва таъмини шуғли аҳолӣ баргузор гардид.

Иҷрои ин вазифаҳо аз бисёр лиҳоз аз иқтисодиёти минтақаҳо вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ барои рушди соҳибкорӣ равон намудани беш аз 500 миллион доллар ва зиёдтар аз 2 триллион сӯм ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон бинобар масъалаҳое, ки бештар боиси нигаронии соҳибкорон гардидаанд – содда намудани маъмурияти андоз, сабук гардондани тартиби иҷозатдиҳӣ ва санҷиш чораҳо андешида шуданд.

Дар ҷамъомад чорабиниҳои оид ба рушди иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии маҳаллаҳо дар сурати ташкили чунин кор дар дараҷаи ҳалқаи поён муҳокима гардиданд.

Бинобар фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 декабри соли 2021 дар ҳар як маҳалла вазифаи ёвари ҳокими ноҳия (шаҳр) оид ба масъалаҳои ривоҷи соҳибкорӣ, таъмини аҳолӣ бо кор ва коҳиши қашшоқӣ таъсис дода шудааст. Ин комилан низоми нав аст, ки дуруст ташкил намудани он имрӯз аҳамияти муҳимро молик аст.

Бинобар ин дар ҷамъомад аввалин натиҷаҳои фаъолияти ёварони ҳокимон баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки дар зарфи се моҳ онҳо 6 миллиону 900 ҳазор хонаводаро омӯхта, онҳоро ба 4 тоифа тақсим намуданд. 11 фоизи хонаводаҳо камтаъмин буда, 47 фоизашон оилаҳое мебошанд, ки ба даромади иловагӣ эҳтиёҷ доранд, 6 фоиз ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёз дошта, 36 фоиз оилаҳо худкифо мебошанд. Бинобар ҷамъбасти он роҳбарон дар маҳалҳо кори манзилнок ва кумакро ба ҳазорон шаҳрвандон барои бо кор таъмин гардидан ва сабақи касбӣ гирифтан ташкил карда тавонистанд.

Дар се моҳи аввали соли ҷорӣ бо ташаббуси ёварони ҳокимон барои 50 ҳазор лоиҳаи соҳибкории оилавӣ 1,3 триллион сӯм кредит ва 20 миллиард сӯм субсид ҷудо карда шуд. Дар натиҷа 47 ҳазор соҳибкори нав кори худро ташкил карда, 8 ҳазор лоиҳаи хурди истеҳсолӣ ва хидматрасонӣ ба кор даромад.

Роҳбари давлат супориш дод, ки ёварони ҳокимоне, ки натиҷаҳои беҳтарро нишон додаанд, рағбатнок карда шаванд.

Ҳамзамон дар бисёр маҳаллаҳо кори ёварони ҳокимон эҳсос намегардад. Барои имсол дар 450 маҳалла дараҷаи бекорӣ аз 20 фоиз зиёд аст.

Дар ҷамъомад ноҳияҳое ба забон гирифта шуданд, ки ба ҳокимонашон огоҳӣ эълон гаштааст. Муовини ҳокимон, роҳбарони секторҳои баъзе ноҳияҳо ва шаҳрҳо аз вазифаи худ озод карда шуданд.

– Дар байни мо ба роҳбароне, ки барои манфиати оилаҳо кор намекунанд, ба принсипи «ба хотири шараф ва қадр» риоя намекунанд, ҷой нест, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Дар заминаи беҳсозии вазъияти кор дар маҳаллаҳое, ки вазъият дар онҳо дар натиҷаи омӯзиш ғайриқаноатбахш шумурда шудааст, супоришҳо дода шуд. Барои ин 800 миллиард сӯм аз ҳисоби оптимизатсияи харҷи буҷет равон карда мешавад.

Таъкид шуд, ки минбаъд ҳар як маҳалла бинобар тахассуси худ дастгирӣ хоҳад шуд.

Ҳамин тариқ, 2,5 ҳазор маҳалла ба чорвопарварӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ ихтисос меёбад. Агар ба онҳо дастгирии иловагӣ расонда шавад ва ё шахсони корчаллони он бо инкубаторҳо, паррандаҳои хонагӣ, қуттиҳои занбӯри асал таъмин карда шаванд, даромади аҳолӣ меафзояд.

Умуман дар чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбуриасалпарварӣ на камтар аз 140 ҳазор нафарро бо кор таъмин намудан мумкин аст, таъкид гардид дар ҷамъомад.

Ба аҳамияти муҳими дар маҳаллаҳо вусъат додани истеҳсолоти хурд мисли ҳунармандӣ, дӯзандагӣ, кафшдӯзӣ, ширинипазӣ ишора гардид. Президент ташаббусро дар бораи бо ин мақсад таъсис додани марказҳои микросаноатӣ дар маҳаллаҳо дастгирӣ намуд.

Соли ҷорӣ ба ин мақсадҳо 500 миллиард сӯм ҷудо гардида, марказҳо аз пардохти андози замин ва андози моликият ба муддати панҷ сол озод карда мешаванд.

Инчунин таъкид шуд, ки барои босамар истифода намудани иншооти бекорхобидаи дар маҳалҳо муайянгардида ва маблағе, ки аз фурӯш ва ё ба иҷора додани онҳо ба даст меояд, барои рушди инфрасохтори маҳалла бояд харҷ гардад.

Хонакорӣ имконияти хубест барои таъмини занон ва ногироҳо бо кор мебошад. Бо ин мақсад Президенти Ӯзбекистон қарорро дар бораи бо роҳи рушди хонакорӣ таъмин намудани аҳолӣ бо кор ба имзо расонд.

Барои соҳибкороне, ки бо хонакорон кор мекунанд, аз барномаи соҳибкории хонаводагӣ 500 миллиард сӯм равона гардида, инчунин барояшон дастгирии Фонди соҳибкорӣ дар ҳаҷми 75 фоиз ва ҷуброн дар қисми харҷ дар заминаи кредит, ки беш аз 10 фоиз мебошад, пешниҳод мегардад.

Худи хонакорон бошанд, имконият ба даст меоранд, ки чун шаҳрвандони  худро бо кор таъминнамуда, танҳо андози иҷтимоӣ пардохта, музди меҳнаташон барои моҳи аввали кор дар ноҳияҳои дурдаст аз ҳисоби давлат сарпур карда мешавад.

Ба ҳокимони минтақаҳо бо кор таъмин намудани қишри аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ заиф бинобар босамар истифода намудани ин имконот супурда шуд.

Беш аз ду ҳазор маҳаллаи мамлакат ба хидматрасонӣ ихтисос меёбад. Бинобар ин ногузирии дар маҳаллаҳои аҳолиаш беш аз 20 ҳазор нафар ташкил намудани марказҳои савдо ва хидматрасонии чакана таъкид гардид. Ин марказҳо инчунин аз пардохти андоз барои замин ва моликият ба муддати панҷ сол озод карда мешаванд.

Зимни ҷамъомади видеоселекторӣ ҳокимон ва ёварони онҳо дар бораи нақшаҳояшон доир ба кори «маҳаллабайъ» ва таъмини аҳолӣ бо кор маълумот доданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: