САМАРАНОКИИ УСУЛИ КЛАСТЕР: ДАР ТАҶРИБАИ НОҲИЯИ ҚУЙИЧИРЧИҚ

Ғояи ташкил кардани кластер, ки аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев таъкид шудааст, яке аз аввалинҳо шуда дар ноҳияи Қуйичирчиқи вилояти Тошканд татбиқ гардид.

Ба мақсади шинос шудан бо фаъолияти ҶММ «Tashkent Cotton Textile Cluster» (ТСТ Cluster) ба ходимони расонаҳои ахбори оммавӣ пресс-тур ташкил шуд.  
Саёҳат аз «ТСТ Rice», ки воқеъ дар ҳудуди ҷамоати шаҳрвандии Суруми но-ҳияи Қуйичирчиқ мебошад, оғоз ёфт. Бояд гуфт, ки ҶММ ««Tashkent Cotton Textile Cluster» соли 2018 бо қарори Девони Вазирон «Дар бораи ташкил кардани кластери агросаноатии замонавӣ дар ноҳияи Қуйичирчиқи вилояти Тошканд» барпо шуд. Дар таркиби ин ҶММ кластерҳои ба пахта ва ғалла, шоликорӣ ва моҳипарварӣ ихтисосонидаи «ТСТ Agro Cluster», «ТСТ Rice» ва «ТСТ Fish» фаъолият мебарад. 
«ТСТ Rice» дар ҳудуди бекорхобидаи ҷамоати шаҳрвандии «Сурум» ташкил гардид. Майдони умумии ин корхонаи саноатӣ 6 гектарро ташкил намуда, он майдони хирман, ду анбори калон, сехҳои тозакунӣ ва хушконидани шолӣ, инчунин заводи азнавкоркарди шолиро дар бар мегирад.
– Дар 2,5 ҳазор гектар замин шолӣ корида, азнавкоркарди ҳосили ҷамъовардаро дар ҳамин ҷо ба роҳ мондаем, – ба иштирокчиён муаррифӣ намуд директори генералии маҷмӯи мазкур Фирӯз Акобиров. – Ба завод дастгоҳҳои русуми замонавиро аз ширкати «Yashar Makina»-и Туркия оварда, муҷаҳҳаз намудем. Он дар мавсим ба қуввати 40 ҳазор тонна азнавкоркарди маҳсулот доро мебошад. Маҷмӯи мазкур бар ивази 25 миллиард сӯм маблағи инвесторон буёд гардидааст.   Завод сехи хушконидан ва саракуниро доро буда, дар он дар як шабонарӯз 120 тонна маҳсулот тайёр карда мешавад. 
Тавре ки роҳбари ҷамъияти мазкур таъкид намуд, ҳоло дар кластер 9 ҳазор нафар бо кори доимӣ банд мебошад. Ба онҳо 500 нафар роҳбарӣ мекунанд. Боз мутахассису коргарон намерасанд.
Ба мақсади баланд бардоштани малакаи мутахассисон Маркази омӯзиш ташкил намуданд. Соле 2 маротиба онҳо аз курси махсус мегузаранд. Ба онҳо аз мактабҳои олии аграрӣ ва ирригатсия устодон даъват мешаванд. Инчунин дар маркази мазкур барои бомазмун гузаронидани вақти холии фарзандони ноҳия маҳфилҳои шоҳмоту шашка ташкил шудаанд. Коргарони ҷавон ва фарзандони коргароне, ки дар кластер фаъолият мебаранд, дар асоси озмун сара гардида, барои дониш андӯхтан ба олигоҳи аграрии Тошканд ва Қазони Русия фиристонда мешавад. Тамоми хароҷоти онҳоро кластер ба ӯҳда гирифтааст. Аз ҷумла, имсол 10-нафар довталаб фиристондаанд.
– Мо аз ин имконият хеле хурсандем, – мегӯяд ошпази ҷамъияти мазкур Гулчеҳра Рахиева. – Писарам Абдуҷалил ба факултаи агрокластери Донишгоҳи Қазон қабул гардид. Ӯ дар оянда мутахассиси соҳа гардида, дар кластер фаъолият хоҳад кард.
Сипас, бо фаъолияти «ТСТ Agro Cluster» шинос шудем. Аз рӯйи маълумоти директори кластери мазкур Ф.Тешаев соли ҷорӣ дар 13 400 гектар майдон ғалла парвариши намуда, 54 ҳазор тонна дон ҷамъоварӣ намуданд. Пахтае, ки дар 11 461 гектар замин рӯёнда мешавад, дар мавсим 45850 тоннаро ташкил медиҳад. Имрӯзҳо ҷараёни ҳосилғундорӣ давом дорад. Ба он 75 мошини  пахтачинии замонавӣ ҷалб карда шудааст.Соли 2018 ҳисоби миёнаи ҳосилнокӣ 11,8 сентнер ва ҳосили ҷамъшуда 13 054 тоннаро ташкил дода буд.
Парки трактору мошинҳои кластер  бо техникаву ускунаҳои замонавӣ таҷҳизонида, саъю ҳаракат барои рақамнок гардонидани хоҷагии қишлоқ омили муваффақиятҳо мегардад. Ҷорӣ кардани технологияи рақамигардонии «Cro-pio» дар соҳа мисоли он мебошад. Тавассути он аниқ кардани ҳолати нашъунамои ниҳолҳо дар майдон, мониторинги он осон мегардад. Ҳуҷҷатҳо ба тарзи автоматӣ ҳаракат карда, барои ба нақша гирифтани чорабиниҳои агротехникӣ мусоидат мекунанд. Имрӯзҳо барои истеҳсоли маҳсулоти бофандагиву дӯзандагӣ лоиҳаи инвеститсионии калон ба амал бароварда мешавад. Арзиши он 140 миллион евро буда, дар доираи ин лоиҳа корҳои зинаи аввали бунёд гардидани ҶММ «Tashkent Cоttоn Textile» қариб ба охир мерасанд. Маҷмӯаи бофандагӣ фабрикаҳои  калобаресӣ, рангдиҳӣ, бофандагӣ, корҳои пардоз ва дӯзандагиро дар бар мегиранд.  Ин ҷо  соле 20,6 ҳазор тонна матоъ ва 65 миллион дона маҳсулоти дӯзандагӣ ва бофандагӣ истеҳсол мегардад. 80 фоизи маҳсулоти ин корхона ба кишварҳои ҳамсоя ва Аврупо содир мегардад. Дар асоси лоиҳа 4610 ҷойи нави корӣ ба вуҷуд меояд. Ба он пеш аз ҳама, шахсоне, ки  дар «Дафтари оҳанин», «Дафтари ҷавонон», «Дафтари занон» номнавис шудаанд, ҷалб мегарданд. Алҳол ба фабрика асбобу ускуна ва дастгоҳҳои риштаресии русуми замонавии аз ширкати «Truetzshler GmbН & Co KG»-и Олмонро насб мекунанд. Дар зинаи аввали лоиҳа истеҳсоли калоба ба роҳ монда мешавад. 
Усули кластер дорои аҳамияти баланди инноватсионии иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад, ки онро таҷрибаи ноҳияи Қуйчирчиқ тасдиқ менамояд. Баъди ба усули кластер гузаштан ҳосилнокӣ дар соҳаи шоликориву пахтакорӣ баробар афзуд. 9 ҳазор нафар аҳолии ноҳия ба кор таъмин гардид. Ин ҳолат бевосита ба шароити иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъсири мусбат хоҳад расонд.

Г.КАБИРОВА,
 хабарнигори 
«Овози тоҷик».
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: