САМАРИ КӮШИШҲО

Имсол низ барои Юнуси Имомназари эҷодкор босамару бобарор омад.

Якбора ду китобро ба табъ расонд. Яке «Марзи умед», ки қиссаю ҳикоёти ӯро дарбар гирифтааст. Муаллиф кӯшидааст дар осораш, ҳатто порчаи хурди он воқеаю саргузаштҳо бо қисму ҷузъиёташон акс ёбанд ва он ба ин комёб шудааст.
«Қиссаи ҳоҷӣ» қисса ё нақли ягон шиносу шахси наздики адиб нест, балки дидаю мушоҳидаҳои муаллифро, ки дар адои яке аз фарзҳои мусулмонӣ – сафари Ҳаҷ рух додаанд, акс намудааст. Анъанаи классиконамонро давом дода, дар пайравии китоби «Калила ва Димна», аз ҷумла «Баҳориёт» ё «Ҳайвонотнома»-и устоди назм Сайидои Насафӣ ва масалҳои қаламкаши рус Крилов Юнуси Имомназар қиссаи тамсилии «Армон»-ро навишт, ки қаҳрамонони он, ҳамчунин ҳайвонотанд. Асари тамсилӣ эҷод кардан имрӯзҳо рӯйдоди камёб аст.
Нависанда ва мутарҷим Юнуси Имомназар  фардест, ки дӯстӣ, аз ҷумла, наздикиро бо бародарони ҳамсояи ӯзбек басе қадр мекунад. Ба қарибӣ китоби сеюми «Хирмани сухан» низ дастраси ҳаводорони каломи бадеъ гардид, ки аз ҳаёт ва эҷоди нависандагону адибони ӯзбек намунаҳо овардааст. Аз ҷумла, осори мунтахаби онҳоро аз нависандаи кӯҳансол Миркарим Осим то Исоҷон Султони аз ҳама ҷавон дар китоб ҷой додааст.
Муҳаррири ҳар ду нашр, ки аз тариқи нашриёти «Муҳаррир»-и Тошканд интишор ёфтааст, узви иттифоқҳои нависандагони Ӯзбекистону Тоҷикистон, шоир Абдулло Субҳон мебошад.

Ш. МИРЗОЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: