Ба андешаи растагорони мушкилписанде чун Иқбол сафар ба Хонаи Худо бояд сангин ва роҳ бояд пурхатар бошад.
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ҷое фармудаанд:
Сафар ба Каъба
накардам, ки роҳ
бехатар аст.
Ба андешаи растагорони мушкилписанде чун Иқбол сафар ба Хонаи Худо бояд сангин ва роҳ бояд пурхатар бошад. Шояд ин андеша шакли дигари нишон додани қудрату талош дар раҳгузори мақсадҳост.
Сафари мо осон буд ва роҳи мо низ дар Каъба – Каъбаи дили дӯстон хулоса шуд. Шумори Каъба ба теъдоди дӯстони ҳамдили мо буд, ҳар яки онҳо як Каъба буданд. Пешорӯи мо чашмҳое лабрез аз эҳсоси саодату ризоият медурахшиданд. Чамане варақ-варақ мешукуфт ва так-таки нигоҳҳо руҷуи ғайриинтизоре ба ҷониби кӯдакиям буд. Он замон падарам гоҳ-гоҳ, дар рӯзҳои таътил моро ба шаҳри зебои Тошканд мебурданд.
Он вақт дар кӯчаҳои пурчангу ғубори деҳаи мо – дар қисмати шимоли Тоҷикистон аробаи Мукаррамхола мегашт. Ҳар рӯзи якшанбе марди мӯсафеде бо кулоҳи қарокулимонанди баланду аҷиб қанд меовард, ба шеваи ӯ “болалари қанд” буд исми он. Марди дерсол бо бобоям дӯст буд ва Мукаррамхола бо модаркалонам. Як сухани Мукаррамхоларо модаркалонам дар назди занон гуфта буданду дар ҳошияи хотираҳоям нақш баст. Аз рӯи нақли Мукаррамхола дӯстони ҳамдили мо дар тааҷҷуб мондаанд, ки ҳама тоҷикони наздики сарҳад фасли баҳор тамоми кӯчати помидору қаламфурро мехаранд аз мо, вале тирамоҳ, чун худи помидору қаламфурро барои фурӯш мебарем, донае боқӣ намемонад, ҳамаи онро ҳам мехаранд. Модаркалонам мегуфтанд, ки ин амал аз эҳтироми халқи тоҷик ба дӯстони ӯзбек аст.
Дар кишвари Молдова 11 сол қабл бо шоири тавоно, сардабири маҷаллаи “Молдова” Борис Мариан, дар Ҳамоиши бонуфузи зиёиён мулоқот доштем. Эшон аз зиндагӣ ва фаъолияти муваққатии худ дар шаҳри Тошканд бо таассуроти ҷолиб ва эҳсоси ризоият нақл карданд. Чун огоҳ шуданд, ки ин ҷониб аз Тоҷикистонам, яъне дар ҳамсоягии кишвари Ӯзбекистон зиндагӣ мекунам, хоҳиш карданд, ки аз Тошканди муосир, Тошканди замони Истиқлоли Ӯзбекистон ба эшон иттилоъ диҳам. Бо таассуфи зиёд гуфтам, ки ба Тошканд рафтан андак мушкилӣ дорад, аммо ҳар замон ки рафтам, ҳатман ба Шумо тамос гирифта, таассуроти хешро интиқол мекунам.
Мо ба осонӣ дарк кардем, ки бо шарофати сиёсати башардӯстонаи сарони кишварҳои мо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев имрӯз тамоми дарҳои муносибат ба рӯи ин ду кишвари мутамаддин барои ҳамеша боз гардидаанд. Ба он ҳадд, ки ин кишвари офтобӣ бароям на хориҷа, балки давоми Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Сарҳад байни ин ду кишвари ҳамдилу ҳамтабор фақат муқаррароти дунявист.
Дар Хонаи кулолгарии Риштон, кулолгари дерсоле бо ифтихор аз он сарзамини пурасрор гуфт: Мо, мардуми Риштонзамин ду неъмати ширин дорем, яке хоки мулоими барои кулолӣ мувофиқ ва дигаре зардолуи бисёр нодири қандак. Ҳамин вақт, устод Саидумрон Саидов гуфт, ки боз як неъмате доред ширинтар аз он ду неъмат ва он забони тоҷикист. Ҳамин гуфтори зебои тоҷиконаатон ба мо ифтихору саодат мебахшад.
Маълум гардид, ки Хонаи кулолгарӣ яке аз корхонаҳои сатҳи ҷаҳонӣ асту маҳсули меҳнату ҳунари бо санъати баланд офаридаи кулолгарон ба чандин кишвари мутараққии ҷаҳон содир мешудаанд.
Қадамгоҳе буд дар Риштон, бо унвони Ҳазрати Рушноӣ. Тааҷҷубовар буд бароям, ки ин номи муборак ҳам тоҷикист ва ҳам баргирифта аз нахустин унсури ҳаёти инсонӣ. Мардум барои оромиши руҳии худ ҳар замон ба ин хонаи пок омадаву дуову фотеҳа мебахшидаанд. Соҳиби ин номи зебо шахсияти воқеии марбут ба асри IХ буда, бо назардошти нақли ривояту қиссаҳо ва бовари мардум, ин зиёратгоҳи ягонаи Ҳазрати Рушноӣ набудааст. Дар водии Зарафшони сарзамини мо низ чунин зиёратгоҳ бо ҳамин унвон вуҷуд дорад.
Осорхонаи фарҳангии вилояти Фарғона низ хеле ҷолибу диданӣ буд. Аз рӯи муқаррароти тамоми осорхонаҳои дунё дар он низ ёдгориҳои арзишманд, ҳуҷчатҳои таърихии барои миллати ӯзбек нақши тақдирсоз дошта, тоблуҳои шахсиятҳои таърихӣ (аз ҷумла тасвири муҳташами Темурмалик ҳангоми дифоъ), намунаи ҳунарҳои қадимаи ин халқи созандаву заҳматкаш ва нусхаҳои қадимитарини китобҳои гаронмояе чун нусхаи хаттии Девони Бедили Деҳлавӣ нигоҳ дошта шудаанд.
Маҳфилҳо бо ходимони сиёсиву фарҳангӣ, ҳунармандон ва шоирони шинохтаи водии Фарғонаву аҳли адаби вилояти Суғд ва сипас, пазироиву баргузории маҳфили илмиву адабии «Ганҷи сухан» дар факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона бисёр зебову хотирмон буд.
Салмони Соваҷӣ фармуда
Эзид ҳавои хоки дари
дӯст пеш аз он,
Дар ҷони мо ниҳод, ки
бар хок ҷон ниҳод.
Куллияи мафҳуми муқаддаси дӯстӣ ва моҳияти он дар ин байти шоир маърифат шуда. Ба андешаи он ҷонибу ин ҷониб Парвардигор дар оғози офариниш дӯстиро муқаддамтару фаротар аз тамоми арзишҳои дигар пиндоштаву нахуст ба хок ҳавои дӯстӣ ва баъд ҷонро бахшидааст. Бармеояд, ки омили аввал ва шарти нахустини зиндагӣ дӯстист.
Ба дӯстон гуфтем, ки одатан вақте ба сайёҳон кишваре мақбул мешавад, баъди гузашти муддате ба ҳамон кишвар орзуи дубора сафар кардан мекунанд, аммо ин ҷониб аз ин кишвар берун нашуда, яъне дар Фарғона пазмони Фарғона шудам.
Умедворем, ки дари дилҳову дидаҳои мо ҳамеша ба рӯи ҳамдигар боз ва ин ҳамдиливу ҳамсадоиву ҳамгароӣ то ҳамеша поянда бошад:
Ҷони ҳама сулҳ
мепазирад,
Бигзор, ки зиндагӣ
намирад.
Гулноз ТОҲИРИЁН,
шоира, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.