SAMARKAND CITY ДАР ҲАМКОРӢ БО ФОНДИ «РОҲИ АБРЕШИМ» СОХТА МЕШАВАД

Ҳайати вакилон таҳти сарварии ноиб-президенти иҷроияи Фонди «Роҳи абрешим»-и Чин Си Синбо, ки дар мамлакатамон меҳмон мебошанд, 24 июл ба шаҳри Самарқанд ташриф оварданд.

Фонди сармоягузорӣ, ки моҳи декабри соли 2014 дар Чин таъсис ёфтааст, ба татбиқи лоиҳаҳои бузург бо мақсади васеъ гардондани равобити тиҷоративу иқтисодии байни мамлакатҳое, ки дар Роҳи бузурги абрешим воқеъ гардидаанд, мусоидат менамояд. 
6 июни соли ҷорӣ дар Пекин байни Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Фонди «Роҳи абрешим» дар бораи ҳусни тафоҳум оид ба сохтмони минтақаи сайёҳии  «Samarkand city-I» муоҳида ба имзо расид.
Лоиҳаи мазкур, ки дар доираи «Барномаи чорабиниҳо бино бар рушди фаъоли иқтидори сайёҳии шаҳри Самарқанд ва вилояти Самарқанд дар солҳои 2017-2020»-и бо ташаббуси сарвари давлатамон таҳияшуда татбиқ мегардад, ба рушди соҳаи сайёҳии мамлакат мувофиқи талаботи замон нигаронда шудааст. Дар лоиҳа баланд бардоштани иқтидори сайёҳии шаҳри Самарқанд чун маркази машҳури таърихӣ ва маданӣ ва ба «Дурдонаи Роҳи абрешими асри XXI» табдил додани он ба назар гирифта шудааст.
Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов меҳмононро дар шаҳри қадимӣ ва ҳамеша ҷавон хайрамақдам гуфта, дар бораи нерӯи иқтисодӣ ва сайёҳии вилоят нақл кард. Ҳоким рушди равобити байни Самарқанд ва шаҳрҳо, музофоти Чинро таъкид намуда, қайд кард, ки аз созмон додани минтақаи сайёҳии «Samarkand city-I» ҳарду ҷониб як хел манфиатдор мебошанд. Меҳмонон аз Чин бо лоиҳаҳо ва ҳудудҳои пешниҳодшаванда, ки дар онҳо сохтмони минтақаи сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст, шинос гардиданд.
Барои меҳмонон ба ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри Самарқанд саёҳат ташкил карда шуд.

Ғ. ҲАСАНОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: