САМАРҚАНД – ГАҲВОРАИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Маълум аст, ки ҳайати вакилони Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон – роҳбарони шабакаҳои телевизиону радио, сармуҳаррирони нашрияҳои марказӣ, намояндагони хидмати ахбор ба Ӯзбекистон ташриф оварда буданд.

 Онҳо бо поезди тезгарди «Афросиёб» чоштгоҳи 25 ноябр ба Бухоро омаданд. 
Меҳмонон сафари худро аз зиёрати мақбараи Исмоили Сомонӣ, тамошои Арк, Манори Калон ва дигар ёдгориҳои таърихӣ, инчунин, дигар ҷойҳои ҷолиби диққати шаҳри куҳан сар карданд. Сипас онҳо ба ширкати телевизион ва радиои нодавлатии «Истиқлол» ташриф оварданд. Меҳмононро мизбонон бо карнаю сурнай пешвоз гирифтанд. Журналистони мамлакати ҳамсоя дар доираи лоиҳаи «Макони сабз», ки бо ташаббуси сарвари давлат дар мамлакатамон амалӣ мегардад, дар «Боғи дӯстӣ»-и ҳудуди ширкати номбурда ниҳол шинонданд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки байни Телевизиони мустақили Тоҷикистон ва Ширкати телевизиону радиои «Истиқлол» имзо гардидани Меморандуми ҳамкорӣ самараи муҳими ин ташриф гардид. Меҳмонон дар давоми ташриф бо фаъолияти Ширкати садо ва симои «Истиқлол», шароити кормандони он, лоиҳаҳои дар ин ҷо амалигардидаистода аз наздик шинос шуданд.
Журналистони тоҷикистонӣ пагоҳии рӯзи дигар сӯйи Самарқанди бостонӣ раҳсипор гардиданд.
Дӯстони ҳамқалами мо таҳти сарварии раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, баъди  сафари Тошканд ва зиёрати Бухорои Шариф, ба Самарқанд омаданд. 
Меҳмонони олиқадрро намояндагони  ҷамоатҳои гуногун, аҳли қалам ва эҷодкорон дар назди ҳайкали Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бо гулдастаҳои тару тоза пешвоз гирифтанд. Ҳамқаламони мо ба пояи муҷассамаи бузургони ду халқи бародар гулдастаҳои тару тоза гузоштанд.
Сипас аз рӯзномаҳои “Овози Самарқанд” ва “Зарафшон” дидан карда, бо музеи матбуоти даврии Самарқанд шинос шуданд.
Дар Хонаи матбуоти вилоят суҳбати самимӣ ба вуқуъ пайваст.
– Дар асоси созишномаи ҳамкорӣ мо чанд нафар дар  меҳмонии тоҷикистониен будем, – гуфт раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров, – ана имрӯзҳо ҳамқаламу ҳамдилу ҳамфикрони мо дар Ӯзбекистон ҳастанд.
– Ба Самарқанд наметавон беҳаяҷону ифтихор омад, – иброз дошт раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, – зеро: 
Самарқанд сайқали 
рӯйи замин аст,
Биҳишту ҷаннату 
ризвон ҳамин аст.
Мо – вакилони расонаҳои ахбори оммавӣ ҳамчунин ифтихор дорем аз он, ки нахустин  матбуоти тоҷик маҳз дар ҳамин ҷо бунёд ёфтааст. Рӯзнома ва маҷаллаҳои «Оина» «Самарқанд»»,»Шӯълаи инқилоб «,»Овози тоҷик « ва ғайра дар Самарқанд бо ташаббус ва дастгирии равшанфикрон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Саидризо Ализода, Садриддин Айнӣ, Ҳасан Ирфон, Хоҷа Муин, Қурбӣ ва дигарон рӯйи чопро дидаанд.
Умед аст, ки риштаҳои дӯстӣ мустаҳкам мегарданд ва таҷрибаомӯзии тарафайн густариш меёбад.
Дар чорабинӣ ҳар ду тараф ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ ва китобҳои нав тақдим намуданд. Муҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов баъди нақли мухтасар аз сафари эҷодӣ ба Тоҷикистон  ба меҳмонон асарҳои тозанашрро аз  китобхонаи «Овози Самарқанд» ба сифати туҳфа супурд.
Журналистони Тоҷикистон дар Хона-музейи Устод Айнӣ бо фаъолияти осорхона шинос шуданд.
Албатта, барои онҳо шабона дар «Шаҳри абадӣ» шудан як олам таассурот бахшид.
– Мо бо як олам таассурот ба ватан бармегардем, – гуфт муҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода. — Фикр мекунам, на танҳо ман, балки дигар ҳамқаламон низ доир ба сафари эҷодӣ ба Ӯзбекистон гузориш омода мекунанд. Ҳоло тавассути рӯзномаи “Овози тоҷик” ба мардуми ҳамдилу ҳамзабон миннатдории самимона изҳор мекунем.

Амрулло АВЕЗОВ,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигорони 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: