САМАРҚАНД ИНТИЗОРИ СИТОРАҲОИ ШАТРАНҶ

Маълум, ки дар шоҳмот ду ҳариф бо 32 сипоҳ (сиёҳу сафед) дар рӯйи тахтаи 64 катакдор мебозанд.

 Ҳоло шатранҷ дар тамоми дунё мухлисони бешумор дорад. Дар Осиёи Миёна дар осори асрҳои VII-VIII низ оид ба ин бозии ақлу хирад маълумоти шавқангез мавҷуданд. Аз ҷумла дар шоҳасари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» байтҳои аҷибе доир ба шоҳмат ҳастанд. Алломаи  Шарқ Абурайҳон Берунӣ баъди сафараш ба Ҳиндустон доир ба шатранҷ китобе навиштааст, ки боиси зикру ифтихор мебошад. 
Аз Далварзини водии Сурхон ва пойтахти қадимаи суғдҳо Афросиёб  муҳраҳои шоҳмот пайдо шудаанд, ки дар осорхонаи  Самарқанду  Тошканд  нигоҳдорӣ мешаванд. 
Бо дастгирӣ ва ҷонибдории сарвари давлат солҳои охир дар Ӯзбекистони Нав ба варзиш, хосатан шоҳмот диққати махсус дода мешавад. 
Далели раднопазири ин гуфта дар  моҳи августи соли 2022 интишор ёфтани қарори Президент дар бораи боз ҳам оммавӣ ва  ривоҷу равнақ додани шоҳмот ва дар моҳи майи соли 2023 қабул гардидани қарор доир ба тайёрӣ ва гузаронидани олимпиадаи ҷаҳонии соли 2026-уми шоҳмот дар Самарқанд  мебошад. Алҳол дастаи яккачини Ӯзбекистон тайёрии пухта мебинад. 
Тавре ки рӯзнома иттилоъ дода буд, аз 26-уми декабр то арафаи соли нави 2024 дар Самарқанд чемпионати ҷаҳонии шоҳмот оид ба рапид ва блитс баргузор гардид. Дар он аз 52 кишвари дунё 338 нафар варзишгарон иштирок ва барои пирӯзӣ сабқат карданд. 
Бояд таъкид намуд, ки дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар чемпионати ҷаҳон, ки дар ватани шоҳмот – Ҳиндустон баргузор гардида буд, соҳибони майдони бозиро ба доғ гузошта, ба шоҳсуфаи баланд баромад ва медалҳои тиллоро ба даст овард. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сардори дастаи  мунтахаб, гроссмейстер Ҷаҳонгир Воҳидов занг зада, табрик кард ва комёбиҳои нав ба нав таманно намуд. 
Мо дар арафаи Рӯзи байналхалқии шатранҷ бо раиси федератсияи шоҳмоти  Ӯзбекистон Алишер Саъдуллоев суҳбат карда, ба ӯ доир ба тайёрӣ ба олимпиадаи навбатии шоҳмот бо чанд суол муроҷиат намудем. 
– Самарқанд аз қадим  маркази тамаддуни Шарқ буд, – гуфт Алишер Саъдуллоев. Дар адабиёти форсию тоҷикӣ доир ба шоҳмот байтҳои фаровон мавҷуданд. Имрӯзҳо на танҳо дар байни  эҷодкорон, инчунин дар гузару маҳаллаҳо, мактабу муассисаҳои гуногун мусобиқаҳои шоҳмот гузаронида мешаванд. 
Чанде пеш дар Булғория мусобиқаи бонуфузи байналхалқӣ диққати мухлисони бешуморро ба худ кашид, дар он намояндаи Ӯзбекистон Нодирбек Абдусатторов пирӯз шуд.
Воқеъан, дар олимпиадаи 46-уми ҷаҳонӣ ду дастаи мунтахаби Ӯзбекистон шарафи кишвари моро ҳимоят хоҳанд кард, ки яке аз онҳо соф самарқандиҳо мебошанд. 
– Алишерҷон, дар шаҳри Тошканд  академияи шоҳмот, қасри шоҳмот ҳаст, вале дар ҳокимияти вилоят ба ин масъала аз паси панҷа менигаранд, магар ҳамин хел нест? 
– Замоне ба шаҳри Самарқанд президенти Федератсияи шоҳмоти ҷаҳон Кирсан Илимҷонов ташриф оварда буд  ва ман ин муамморо гуфта будам. Аҷибаш он аст, ки раиси федератсияи шоҳмоти вилоят Эркин Турдимов, ки ҳокими вилоят ҳам ҳаст, ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ намедиҳад...
– Боз як муаммо. Дар асоси қарори Президент бояд дар  мактабҳои миёна  дарсҳои шоҳмот баргузор гардида, насли наврас чун дар Гурҷистон ва ҷумҳуриҳои Прибалтика аз айёми бачагӣ ин бозиро ёд гиранд. Вале, афсӯс, ки ин дарсҳо дар  коғаз ҳасту дар амал нест. 
– Чунин шикоятҳоро бисёр шунидаам. Барои ислоҳи ин вазъ чораҳои заруриро меандешем. 
Дар омади гап бояд таъкид намуд, ки шоҳмот на танҳо варзиш, инчунин гиманастикаи ақлу идроки инсон, омӯзиши сабру тоқат, лаззат аз  комбинатсияи аҷоибу ғароиб ҳам ҳаст. 

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
котиби матбуоти Федератсияи 
шоҳмоти вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: