Дар ин рӯзҳо шаҳри Самарқанд шукӯҳи наву тоза касб намудааст.
Тамоми кӯчаву хиёбон ва майдонҳои он ба истиқболи меҳмонони олирутба омода мебошад. Парчами кишварҳои иштирокчиёни нишасти навбатии СҲШ парфишонӣ мекунад. Дар давоми се соли охир ин шаҳр барои истиқболи меҳмонон омодагӣ гирифтааст.
Яке аз иншооти ҷолиб бо тарҳи наву замонавӣ бунёд гардидани шаҳри этнографӣ дар ин шаҳр мебошад, ки он “Шаҳри абадӣ” унвон гирифтааст. Ин шаҳраки хурд ноҳияи Самарқандро бо шаҳри Самарқанд васл намудааст. Дар масоҳати умумии 212 гектар иншооти хеле бузург арзи вуҷуд кардааст. Ҷамъи нусхаҳои ёдгориҳои қадимии таърихиву меъмории Самарқанд, Бухоро, Хива ва Шаҳрисабз дар ин ҷо пеши назар ҷилва мекунанд, ки бо дастони мӯъҷизакори бештар аз 500 устои чирадаст ва тарҳи нав эъмор шудаанд.
Аз ҷумла, иншооти таърихиву ёдгории шаҳри Бухоро аз Манораи калон, Чорманор, Арки амир, мадрасаи Мири араб ва амсоли он иборат аст. Дар қисмати дигари “Шаҳри абадӣ” ёдгориҳои таърихиву меъмории Шаҳрисабзи қадим қомат афрохтаанд. Ин ёдгориҳои таърихӣ ва меъморӣ на характери фароғатӣ, балки характери намоиширо касб мекунанд. Ҳар кӣ ба ин ҷо ояд, албатта мебинад, ки дар шаҳрҳои бостонии Самарқанд, Бухоро, Хива ва Шаҳрисабз кадом ёдгориҳои таърихиву меъморӣ мавҷуданд ва он чӣ гуна дар тарҳу намои нав ин ҷо дубора зинда шудаву шукӯҳи тоза касб намудааст.
Дар як тараф чаҳор меҳмонхонаи бошукӯҳу замонавӣ бунёд ёфтааст. Ин меҳмонхонаҳо макони меҳмонони нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ қарор мегиранд. Баландии ҳар кадоми он аз 11 то 22 ошёнаро ташкил мекунад. Арзи вуҷуд намудани Конгресс-холл ҳусни ин шаҳраки тозабунёдро беш аз пеш афзудааст. Амфитеатр ҷойи асосии баргузории чорабиниҳои гуногун дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ хоҳад шуд.
Оре, 15-16 сентябр дар ин шаҳри куҳанбунёд, аммо хеле ҷавону дилпазир нишасти 22-юми сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай – Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор мегардад.
Дар нишасти мазкур роҳбарони се давлати нозир – Белорус, Эрон ва Муғулистон, инчунин президентони Туркия, Озарбойҷон, Туркманистон ва Арманистон ба ҳайси меҳмонони ифтихорӣ ширкат мекунанд. Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ ба як платформаи муҳиме табдил хоҳад ёфт, ки ба ҳар гуна чолишҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ посухи ҷиддӣ дода метавонад.
Дарвоқеъ, Президент Шавкат Мирзиёев СҲШ-ро як сохтори ягонаи байнидавлатӣ номид, ки кишварҳои дорои дидгоҳҳои мухталифи фарҳангиву тамаддунӣ, самтҳои сиёсати хориҷии худ ва моделҳои рушди миллиро дар худ муттаҳид месозад. Аз ин рӯ, теъдоди кишварҳое, ки хоҳиши пайвастан ба ин созмонро доранд, меафзояд. Гузашта аз ин, ба эътимоди қавии сарвари давлатамон роҳи ягонаи раҳоӣ аз бӯҳрони шадид муколамаи созанда мебошад.
Шавкат Мирзиёев тарафдори ҳамкории байналмилалие мебошад, ки ба манфиатҳои ҳар як тараф мувофиқ аст, ки онро ниҳодҳои бисёртарафа амалӣ мегардонад. Ба ақидаи ӯ, ин ниҳодҳо, ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар миқёси минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хизмат мекунанд. Онҳо дар рафъи ихтилофоти мухталифи байни кишварҳо, таҳкими ҳусни тафоҳум, рушди ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ, тавсеаи тиҷорат ва ҳавасмандгардонии табодули фарҳангӣ ва башардӯстона мусоидат хоҳанд кард.
Раёсати Ӯзбекистон дар СҲШ идомаи мантиқии сиёсати фаъол ва ошкорои хориҷии кишвари моро ифода мекунад, ки дар шаш соли охир пеш гирифтааст. Ин сиёсат, пеш аз ҳама, дар Осиёи Марказӣ, меҳвари ҷуғрофии СҲШ таҷассум ёфтааст, ки имрӯз равандҳои мусбат ва бебозгашти таҳкими ҳамсоягӣ ва ҳамкории нек дар он ба таври босубот ҷараён доранд.
Масъалаи ҳалли бӯҳрони Афғонистон барои соири кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон хеле муҳим мебошад. Барои ҳамин Президент Шавкат Мирзиёев ҳамеша қайд мекунад, ки Афғонистон як ҷузъи ҷудонашавандаи фазои бузурги СҲШ-ро ташкил менамояд. Мардуми он ба ҳамсояҳои нек ва дастгирии онҳо хеле ниёзманд мебошанд. Барои ҳамин Ӯзбекистон ба Афғонистон ҳамеша дасти кумак дароз мекунад ва бо ҳавсалаи том роҳҳои раҳоӣ аз бӯҳрони дарозмуддат барои ин кишварро пешниҳод менамояд.
Инчунин шаҳри Самарқанд дар ин рӯзҳо ба майдони анҷоми дидору гуфтугӯ ва мулоқотҳои расмии сарони кишварҳо низ табдил хоҳад ёфт.
Ба ибораи Шавкат Мирзиёев Самарқанд минбаре шуда метавонад, ки давлатҳои дорои афзалиятҳои гуногуни сиёсати хориҷиро муттаҳид созад. Маҳз ҳамин моҳияти падидаи нодир – «Рӯҳи Самарқанд» мебошад, ки дар заминаи он метавонад формати комилан нави ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай бунёд ёбад.
Котиби матбуоти Президент Шерзод Асадов зимни роҳандозии як брифинг изҳор намуд, ки тибқи барнома чорабиниҳои дуҷониба дар сатҳи олӣ низ баргузор мешаванд.
Шерзод Асадов боз гуфт, ки роҳбарони Ӯзбекистону Эрон Шавкат Мирзиёев ва Иброҳим Раисӣ масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишварро дар соҳаҳои тиҷорат, инноватсия, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ мекунанд. Дар натиҷаи мулоқот имзои як қатор санадҳои муштарак дар назар аст.
Ба гуфтаи котиби матбуоти Президент мулоқоти Президенти Руссия Владимир Путин ва роҳбари Ӯзбекистон масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ, густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитариро дар бар мегирад.
– Рӯзҳои охир дар расонаҳои мухталиф маводе ба нашр расидаанд, ки гӯё Созмони ҳамкориҳои Шанхай як навъ посухи Чину Русия ба Созмони паймони Атлантики шимолӣ ё НАТО мебошад. Аммо ин мавод куллан беасосанд, зеро дар рӯзномаи нишаст сарони давлатҳои узви СҲШ ягон масъалаи марбут ба бӯҳрони ҷаҳонии геополитикӣ матраҳ намешавад, инчунин дар бораи кишварҳое, ки ба ин созмон шомил нестанд, ягон изҳорот пахш нахоҳад шуд, – гуфт ҳамоҳангсози миллии Ӯзбекистон дар СҲШ Раҳматулло Нуримбетов.
Ба гуфтаи ӯ дар ин созмон ҳар як масъала ва рӯзномаи он бар асоси ризоияти тарафҳо ташаккул меёбад. Нуримбетов таъкид варзид, ки дар навбати аввал ҳамоҳангсозони миллӣ дар бораи ҳар як масъалаи рӯзномаи нишаст ба тавофуқ мерасанд.
– Албатта, роҳбарони кишварҳо метавонанд дар бораи масоили ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор кунанд. Аммо дар тарҳи Қатънома, асноди муштарак ва муҳимтар аз ҳама, дар Эъломияи Самарқанд ҳеҷ изҳорот ва муроҷиатнома оид ба масъалаҳое вуҷуд надорад ва вуҷуд нахоҳад дошт, ки ягон ҳадафи геополитикиро дунбол мекарда бошанд, – зикр намуд ҳамоҳангсози миллии Ӯзбекистон дар СҲШ.
Мирасрор АҲРОРОВ,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбирони “Овози тоҷик”.
САМАРҚАНД.