Ҳайати намояндагони Русия таҳти сарварии губернатори Санкт-Петербург Александр Беглов дар доираи ташрифи худ ба кишварамон аз Самарқанд дидан кард.
Дар рафти вохӯрие, ки дар ҳокимияти вилоят баргузор гардид, вазъи имрӯзаи ҳамкориҳои Самарқанду Санкт-Петербург ва дурнамои робитаҳо муҳокима шуданд.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов дар бораи иқтисодиёти вилоят, имконият ва салоҳиятҳои инвеститсионии он маълумот дод.
А. Беглов низ мавҷудияти имкониятҳои заруриро бобати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гуногун алоҳида таъкид кард.
Дар анҷоми вохӯрӣ роҷеъ ба рушди ҳамкорӣ миёни ҳокимияти вилояти Самарқанд ва ҳукумати Санкт-Петербург дар солҳои 2022-2026, «Харитаи роҳ» миёни Маркази ахбору китобхонаи ба номи А. Пушкини Самарқанд ва Китобхонаи марказии ба номи В. Маяковскии Санкт-Петербург, инчунин, дар байни Агентии муҳоҷирати меҳнати хориҷии тобеи Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнати Ӯзбекистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатӣ меморандумҳои ҳамкорӣ имзо гардиданд.
Меҳмонон аз маҷмӯи «Шаҳри абадӣ»-и Маркази байналмилалии сайёҳии Самарқанд ва дигар ёдгориҳои меъморӣ-фарҳангӣ дидан карданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.