САМАРҚАНД – ШАҲРИ ИЛҲОМБАХШ

Дар нигористони шуъбаи вилоятии Иттифоқи рассомони Ӯзбекистон намоиши асарҳои мусаввирони собиқ ҳамватанони мо, ки ҳоло дар кишварҳои хориҷӣ умр ба сар мебаранд, баргузор гардид.

Дар он  аз  эҷодиёти 10 нафар устодони  санъати тасвирӣ  намунаҳо гузошта шуд.

– Ман дар Шаҳрисабз таваллуд ёфта, ҳоло дар пойтахти Русия умр ба сар мебарам, – барафзуд рассом Ирина Коваленко. – Дар мағзи кӯҳсор – деҳаи Ғелон – табиатан ниҳоят зебо, дилнишин ва пурҷозиба аст. Чанд асари ман ба ин гӯшаи нотакрору мафтункор бахшида шудааст, ки чанде аз онҳо ба  ҳукми мухлисони самарқандӣ ҳавола гардид. Бинобар ин дил боз сӯйи Ватан майл  дорад. 
Инчунин, мусаввирони шаҳру вилоятҳои Русия таъкид намуданд, ки Самарқанд  шаҳри илҳомбахш аст ва ёдгориҳои таърихии он чун Регистон, мақбараи Амир Темур, маҷмӯаи асроромези Шоҳизинда, Бибихонум, осорхонаи Мирзо Улуғбек ва ғайра ба кас илҳом мебахшад, ки бо расмкашӣ машғул шавад.
Сипас мусаввирон бо амалҳои рассомони ҷавон шинос шуда, барои сайқал ёфтани истеъдоди насли наврас дарси маҳорат гузаштанд.  

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.
Аксбардор: Б. ЗОҲИР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: