Ман аз хурдсолиям китобро дӯст медорам.
Китобчаҳои суратдорро тамошо мекардаму ҳарфҳояшро якта-якта мехондам. Вақте ки мактабрав шудам, омӯзгоронам меҳри маро нисбат ба китоб боз ҳам афзунтар гардонданд.
Ҳангоми таътили мактабӣ ба падару модарам дар корҳои хона ёрдам дода, фориғ аз онҳо бештар китоб мехондам. Ҳоло, ки омӯзгор ҳастам, шогирдонамро ба китобхонӣ даъват менамоям. Зеро китоб хазинаи бебаҳост.
Ман ҳар боре, ки манзараҳои дилфиреб, биноҳои сернақшу ҷилодори Самарқандро аз телевизор тамошо карда, дар бораи ин шаҳр аз китобу рӯзномаҳо ҳикояву лавҳаҳоро мехондам, орзуи дидани ин шаҳр дар дилам дуболо мешуд.
Бори аввал панҷ сол пеш аз ин ба Самарқанд рафта, аз тамошои ҳусни ин шаҳри зебоманзар сер нашуда будам. Имсол бори дигар тамошои
ин шаҳр насибам шуд.
Ба қарибӣ мо боз ба Самарқанд рафтем. Дар ибтидо дар як тадбир иштирок кардем. Дар ин ҷо инчунин доир ба барқарор намудани филиали Академияи Маъмун, ки замоне бо сарварии аллома Махдуми Хоразмӣ дар назди биноҳои осмонбӯси мадрасаҳои Регистони Самарқанд вуҷуд доштааст, мубодилаи афкор намуданд. Дар ин хусус мулоҳизаҳои яке аз пайвандони имрӯзаи хонадони Махдуми Хоразмӣ Моҳтӯра Турсунова низ ҷолиби диққат буд. Вай иброз дошт, ки дар бинои собиқ масҷиди ин ҷо осорхонаи Махдуми Хоразмӣ, ки дар рӯйхати фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО мебошад, фаъолият дорад. Акнун навбат ба бунёди китобхонаи дастнависҳои Шарқ ва китобҳои нодир. Зеро дар китобхонаҳои шахсӣ, сандуқу ҷевонҳои мардум китобҳои зиёде маҳфузанд, ки онҳо бинобар сиёсати давру замон аз назарҳо дур мондаанд. Мақсади мо на танҳо ҷамъоварӣ кардани ин китобҳо, балки тадқиқу таҳлил ва зарурашонро нашр намуда, ба аҳли илму фарҳанг ва оммаи васеъ расонида додан аст.
Баъд мо ба тамошои шаҳр баромадем. Нахуст ба зиёрати қабристони Шоҳи Зинда ва мазороти атрофи он рафтем, сипас расадхонаи Улуғбек, мақбараҳои Руҳобод ва Амир Темур, майдони Регистон ва масҷиду мадрасаи Бибихонумро тамошо кардем.
Рости гап, тӯли солҳои охир зеботар шудани кӯчаю майдонҳои шаҳр моро ба ҳайрат овард. Дар шаҳр ҳаракати трамвай ба роҳ монда шудааст.
Ман кӯчаву гулгаштҳои Самарқандро дида, меҳру муҳаббатам ба ин шаҳри зебо, ки Сайқали рӯйи замин мегӯяндаш, хеле зиёд шуд.
Мо дар кӯчаҳои шаҳр бисёр ҷавонону духтаронро дидем, ки дар мактабҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳои ин ҷо таҳсил мекардаанд. Дар дасти ҳама китобу дафтар.
Дукони “Олами китоб”-ро тамошо кардем. Дар он китобҳои тоҷикӣ, аз ҷумла “Таронаҳои Самарқанд”, ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ, “Қоидаи имлои забони тоҷикӣ” ва боз чанд номгӯй китобҳои адибони имрӯзаи Самарқанд мавҷуд буданд. Аксари онҳо дар нашриётҳои Тошканд чоп шудаанд.
Ҳамин тавр, мо аз Самарқанд бо як ҷаҳон таассурот баргаштем.
Дилором ЭРГАШЕВА,
омӯзгори мактаби рақами 46,
шаҳри Ангрен.
Вилояти ТОШКАНД.