САМИМИЯТ – РАҲКУШОИ ДИЛҲО

Адибоне, ки бори ду шохаи адабӣ – назм ва насрро баробар бардошта, самаранок эҷод кардаанд, дар адабиёти муосири тоҷик ва ӯзбек хеле зиёд: Айнӣ, Ойбек, Ғафур Ғу-лом, Ҳамид Ғулом, Шукӯҳӣ, Боқӣ Раҳимзода, Абдумалик Баҳорӣ, Баҳром Фирӯз ва ғайраҳо.

Яке аз эҷодкороне, ки дар ҳарду ришта табъ озмуда, дар адабиёти ӯзбек ҳамчун шоир ва нависанда шинохта шудаанд, Абдусаид Кӯчимов мебошад. Чанд даҳсола пеш шодравон Ҷонибек Қувноқ аз насри ӯ намунаҳо ба тоҷикӣ гардонда ва дар «Ҳақиқати Ӯзбекистон» («Овози тоҷик») онҳоро ба чоп расонда бошад, баъдтар муштариёни рӯзнома бо шеърҳои ба тоҷикӣ тарҷумашудааш низ шинос шуданд.
Як вақтҳо идораи рӯзномаи мо ва «Ленин учқуни» («Тонг юлдузи»), ки А. Кӯчимов дар он фаъолият дошт, дар як бино, дар як ошёна ҷой гирифта буд. Чанде ходимони рӯзномаамон бо ӯ дар як бино, як ошёна чун ҳамсоя зиндагӣ низ кардаанд. Ҳамсоягариву ҳамсоядариҳо шояд ба пайдо шудани риштаҳои оқибат байни рӯзномаи мову А. Кӯчимов сабаб шудаанд. Муносибатҳо ҳанӯз давом доранд. 
Абдусаидака нафақат ба сифати адиб, ба сифати як инсони хоксор ва самимӣ низ ба дилу дидаи мо ошност. Зимнан, солҳои дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор карданаш ҳам вай ба хурду калон як хел муомила мекард. Тавозӯъ ҳамон зиннати фазилатҳои ӯст. 
Кӯчимов зодаи ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд мебошад. Шеъру ҳикояҳои аввалинаш асосан солҳои донишҷӯии ӯ (1968-1972) дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд рӯйи чоп дидаанд, вале то омадан ба пойтахт дар муҳити адабии зодгоҳ таҳти ғамхории маҳфилороёне, ки дилбохтаи адабиёти ӯзбек ва тоҷик буданд, то андозае истеъдод обутоб дода буд. 
Ба маҳфили адабии «Чашма»-и донишкадаи педагогӣ (ҳоло Донишгоҳи ба номи Низомӣ) адабиётшиноси номвар Пирмат Шермуҳамедов сарпарастӣ мекард. Машқҳои ин навниҳоли адабиёт эътибори ӯро кашиданд. Дар муҳокима ва суҳбатҳои ҷиддии адабӣ истеъдоди Абдусаид кашф гардид, қайд кардааст баъдтар профессор П. Шермуҳамедов ва илова намудааст вай бо сермулоҳизагӣ аз ҳамқаламонаш фарқ мекард, ӯву рафиқонаш ба ҷӯшу хурӯши тозаи «Чашма» сабаб шуданд.
Баъди хатми мактаби олӣ А. Кӯчимов дар нашриёти «Ӯқитувчи» ҳамчун мусаҳҳеҳ ба фаъолияти мустақилона оғоз кард. Баъди шаш моҳ мухбири рӯзномаи «Ленин учқуни» таъин гашт. Дар ин идора ба сифати мудири шуъба ва котиби масъул чанд сол кор кард. Баъд ҳамчун котиби масъул дар маҷаллаи адабии «Шарқ юлдузи» ифои вазифа намуд. Солҳои 1987-1991 дар «Ленин учқуни» ба сифати сармуҳаррир, баъд дар Иттиҳоди нависандагон ҳамчун ҷонишини раис фаъолият бурд. Баъдтар ба сифати мудири шуъбаи маданият, ахбор ва сайёҳии Девони Вазирон, ҷонишини раиси Ширкати само ва симои ҷумҳурӣ, масъули маркази иттилооти Девони Президент, раиси телерадиокомпанияи ҷумҳурӣ, директори телерадиошабакаи «Тошканд», сармуҳаррири рӯзномаи «Хабар» фаъолияташро идома бахшид. Алъон директори генералии Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон мебошад. 
Ҳанӯз дар давраи иттиҳод А. Кӯчимов бо «Бачаҳои кашшоф», «Ӯзбекистони ман», «Сангбургут», «Ситораи ман», «Чаноқ», «Ҳалқа», «Ду баҳор», «Дарахти умед» барин асарҳояш, ки дар шакли китоб аз тариқи нашриётҳои гуногун ба табъ расиданд, дасту дили хонандагони сершуморро гарм намуд. Дар давраи истиқлолият, бо вуҷуди он ки дар вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ кор кард, аз адабиёт ва эҷод дур нагашт, барои эҷоди осори назмию насрӣ дар навъҳои гуногун фурсат пайдо намуд. Ба дӯстдорони  адабиёти бадеъ бо унвонҳои «Сабзаҳои умед», «Қиёфа», ««Ёсуман», «Кӯҳҳои баланд», «Дар мардумаки чашми маънӣ», «Боғҳои муҳаббат», «Дарёҳое, ки ташнагии халқ шикастаанд» китобҳо армуғон намуд.
Дар асоси қиссаи «Кӯҳҳои баланд» ва ҳикояи «Бойчечак» филмҳои бисёрқисмата офарида шуданд.
Баробари калонсолон А. Кӯчимов барои бачаҳо низ асарҳои ҷолиб менависад. Қиссаҳои ӯ «Ҷазираи кабӯтарони сафед» ва «Бачаи аз нав таваллудшуда», ҳамчунин як қатор ҳикоёташ барои кӯдакон ба забонҳои русӣ, украинӣ, молдованӣ, уйғурӣ, чиноӣ, туркӣ, қазоқӣ, туркманӣ, қароқалпоқӣ ва тоҷикӣ тарҷумаю чоп шудаанд.
Назм ва насри солҳои гуногун эҷодкардаи ин адиби сермаҳсул дар китоби «Барф», айни замон мунтахаботи бисёрҷилдааш ҷой гирифтаанд.
А. Кӯчимов барои китоби «Ҳалқа» ба мукофоти солонаи Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ба номи Ғафур Ғулом, айни замон барои силсилаи мақолаҳои публитсистиаш дар мавзӯи муҳофизати табиат ба мукофоти ЮНЕСКО сазовор шудааст. Вай ҳамчунин барои фаъолияти самараноки ҷомеавӣ ва нишон додани меҳнати фидокорона бо медали «Шуҳрат», ордени «Меҳнат шуҳрати» ва унвони фахрии «Журналисти хидматнишондодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» тақдиронида ва соҳиби чандин ифтихорномаҳо гардидааст. 
Кӯчимов чун ходими ҷамъиятӣ низ дар корҳои идоракунию ташкилӣ қобилият ва маҳорат нишон дода, борҳо депутати Олий Маҷлис интихоб шудааст.
Ба таъкиди профессор П. Шермуҳамедов, роҳи тайкардаи Кӯчимов ҳамчун як эҷодкори хуб ва арбоби ҷамоатӣ барои ҳама намунаи ибрат ва таваҷҷуҳангез мебошад. 
Баробари асарҳои назмию насрӣ А. Кӯчимов доири ҳаёт ва фаъолияти як қатор адибон, олимон, арбобони маданият, ки дар равнақи илму фарҳанги миллӣ саҳм гузоштаанд, мақола-эссе, очерк, хотира, мушоҳидаҳои публитсистӣ навишт, ки ҳар якеро кас бо як иштиёқ мутолиа мекунад, бузургонро ёд оварда ва бо як ҳисси пазмонӣ назди хотираи бузургмардоне, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, сари эҳтиром фуруд меоварад. Ба «Дарёҳое, ки ташнагии  халқ шикастаанд», ки бадеа-эссеҳои адиби хушқаламро фаро гирифтааст, яке аз нависандагони забардасти давр Тӯлепберган Қаипбергенов баҳои баланд дод ва гуфт ин китоб «барои даргоҳҳои адабиёт ва маънавият китоби дарсии тайёр аст». Пиримқул Қодиров, Одил Ёқубов, Шукрулло, Саид Аҳмад, Ӯткир Ҳошимов, Пирмат Шермуҳамедов, Маҳмуд Саъдӣ, Азим Суюн барин чеҳраҳои намоёни адабиёт ва илм қаҳрамонҳои марказии китоби А. Кӯчимов буда, муаллиф саргузашт ва хотираҳои ҷолибашро нисбати ин ашхоси шодравон муассиру дилчасп қаламдод кардааст. Нависандаи мардумии Ӯзбекистон Пиримқул Қодиров шахсият ва фаъолияти эҷодии А. Кӯчимовро ҳурмат мекард, мегуфт вай дар давоми нӯҳ сол телерадио барин идораи хеле нозук ва мураккабро бомуваффақият идора кард, ки ин аз дасти ҳама ҳам наояд даркор, ман аз хислатҳои наҷиби ин ҳамкасби эҷодкорам мамнунам, раҳматӣ Ӯлмас Умарбеков молик буд ба ин гуна хоксорӣ, маданият, муомила, самимият, салоҳият...
Асарҳои дар шакл ва навъҳои гуногун навишташудаи устод Абдусаид Кӯчимов, айни замон, бӯйи меҳру оқибат мекунанд, самимӣ, ки иншо шудаанд, ба қалби китобхонҳои сершумор нишастаанд. 

Ш. МУҲАММАД. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: