САМИМӢ БОШЕМ

Алҳол ҷамъияти мо дигаргуниҳои куллиро аз сар гузаронида, босуръат пеш меравад.

Ин пешравию мардумпарвариро ҳамватанонамон бо хушнудӣ қабул карда, дастгирӣ менамоянд. Дар ду соли охир тафаккур ва муносибати одамон тағйир ёфт, ташаббускорӣ, навоварӣ, тадбиркорӣ, хулоса боварӣ ба фардо афзуд.
Вале ҳанӯз баъзе камбудиҳои пештара дар тафаккури як қисм одамон боқӣ мондаанд, ки иллатҳои гуногунро ба вуҷуд оварда, ҷамъиятмонро доғдор мекунанд.
Бисёр вақт гувоҳи он мешавем, ки баъзе одамон мекӯшанд муаммоҳои худро бо роҳҳои нодуруст, ришвадиҳӣ, маҳалбозиву ошнобозӣ ҳал кунанд, парвои дигарон надоранд. Дар натиҷа адолат халалдор мешавад, дигарон зарар мебинанд, дар одамон нисбат ба адолатнокӣ шубҳа пайдо мешавад. Аҷдоди мо ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки ҳар як муаммо одилона ҳал шавад. Қонунҳои давлатамон ҳам ҳаминро тақозо мекунанд. Тамоили «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад» ба одамони нопоку қабеҳ ва ғаразнок хос аст.
Иллати дигаре, ки моро ба ташвиш меандозад, ин дурӯягӣ, худнамоӣ, дабдабабозӣ, расмиятчигӣ мебошад. Дар гузаронидани тадбирҳо дар баъзе ҷойҳо ба расмиятчигӣ, маъракабозӣ роҳ медиҳанд. Дар натиҷа тадбирҳо самараи хуб намедиҳанд. Ба ин ба тартиб андохтани тӯйҳо ва маъракаҳо, ҳар ҳафта гузаронидани вохӯрӣ ба аҳолӣ доир ба пешгирӣ кардани ҷиноятҳо мисол шуда метавонанд. Ин иқдомҳои неки ҳукумат дар баъзе ҷойҳо ба намоишкориву расмиятбозӣ табдил ёфтаанд ё худ фаромӯш шудаанд.
Бояд гуфт, агар расмиятбозӣ, худнамоӣ, маъракабозӣ, дурӯягӣ барин иллатҳоро решакан накунем, ҳаёти мо шукуфон, бобаракату пурфайз намегардад ва мо ба мақсадҳои наҷиби худ намерасем.
Аз ин рӯ бояд дар ҳар кор қатъӣ, ҳалолу бовиҷдон ва масъулиятнок бошем.

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: