САМТҲО – МУАЙЯН, МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲО – РАВШАН

Дипломатҳои хориҷӣ дар бораи нақшаҳои стратегии Президенти Ӯзбекистон 29 декабри соли 2018 Қасри симпозиумҳо ҷойи баргузории чорабинии бағоят муҳим гардид, ки натиҷаҳои соли ҷориро ҷамъбаст намуд ва нақшаҳои пешрафти ҷумҳуриро барои соли минбаъда мушаххас кард: Президенти кишвари мо Шавкат Мирзиёев Муроҷиатномаи худро ба Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод сохт.

Бинобар ин воқеа депутатҳо ва сенаторони парлумони  миллӣ, аъзои ҳукумат, арбобони ҷамъиятӣ, журналистони расонаҳои ахбори оммавии маҳаллӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин роҳбарон ва намояндагони ҳайатҳои дипломатие, ки дар Тошканд номнавис шудаанд, ҷамъ омаданд.
Баъд аз чорабинӣ баъзе дипломатҳои хориҷӣ дар гузоришҳояшон ба ОИ «Дунё» вобаста ба муҳтавои Муроҷиатномаи роҳбари давлат барои мамлакат ва халқ, ташаббусҳои навоваронаи Шавкат Мирзиёев, ки дар суханронии ӯ садо доданд, фикру ақидаҳои худро иброз доштанд.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомӣ:
– Имрӯз аз ҷониби роҳбари Ӯзбекистони бародарӣ вазифаҳои дарозмуҳлат дар роҳи пешбурди ислоҳоте, ки алҳол дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, садо доданд. Миқёси онҳо касро ба ҳайрат меоварад. 
Ман муътақидам, ки ин дигаргуниҳо ба ҳаёти ҳар як ӯзбекистонӣ таъсири нек хоҳад гузошт. 
Шоистаи таъкид мебошад, ки 26 декабр Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба халқ ва парлумон муроҷиат намуд ва сеяки муҳтавои паёми мазкур ба муносибатҳои тоҷикистониву ӯзбекистонӣ бахшида шуд. Пешвои миллати мо дигаргуниҳои куллии муносибатҳои байни кишварҳоямонро аз комёбиҳои асосии соли даргузари 2018 номид. 
Ҳамин тариқ, аз ҷониби сарони ҳар ду давлат нақшаҳои хеле баланд андешида шуданд, ки аз мо барои бо мазмуни нав сарпур сохтани ҳамкориҳоямон сафарбар кардани тамоми нирӯҳоямонро тақозо менамоянд. 
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Чин дар Ӯзбекистон Сзян Ян:
– Ба ман Муроҷиатномаи Президенти Ӯзбекистон ба парлумон ва халқ, ки хеле пурмуҳтаво буд, таассуроти азим гузошт. Барои ман, пеш аз ҳама, ду ҷиҳати он ҷолиб буд.
Якум, маро он чиз ба ҳайрат овард, ки сарвари Ӯзбекистон дар маърӯзааш зуд-зуд суханони «халқ», «бо такя бо халқ», «барои халқ», «халқ назорат мекунад»-ро такрор кард. Ин таассуроти амиқи ман буд.
Фикр мекунам, таҳти роҳбарии дурандешонаи Шавкат Мирзиёев алҳол Ӯзбекистон куллан дар роҳи эҳёи миллӣ қарор дорад. Ман ба ин эътимоди комил дорам!
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Куриё дар Ӯзбекистон Квон Ён У:
– Президент Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш рушди мамлакатро дар соли 2018 амиқ таҳлил кард ва афзалиятҳои асосиро барои соли оянда муайян намуд. Вай мақсадҳои дақиқро пеш гузошта, механизмҳои ба онҳо муваффақ шуданро мушаххас кард. Соли сармояҳои фаъол ва рушди иҷтимоӣ эълон гардидани соли 2019-ум аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ чораҳо бобати такмил додани  иқлими корӣ идома меёбанд. Ин имкон медиҳад ҳаҷми ба иқтисодиёти Ӯзбекистон ҷалб намудани сармояҳои миллӣ ва хориҷӣ бештар гардад. Он ҷиҳат низ хушоянд аст, ки давлат минбаъд низ роҳи иҷтимоии худро давом дода, барои баланд бардоштани некуҳолии аҳолӣ шароит фароҳам меоварад.
Алҳол ҷомеаи ҷаҳон бар он ақида ягонаанд, ки Ӯзбекистон бо роҳи дуруст пеш меравад. Ислоҳоте, ки аз ҷониби Шавкат Мирзиёев ба роҳ монда шуданд, дар муҳлати кӯтоҳ натиҷаҳои назаррасро намоиш медиҳанд. Бовар дорам, ки дар соли нав низ ин анъанаҳои мусбат нигоҳ дошта мешаванд. 
Пешрафти муттасили муносибатҳои куриёиву ӯзбекистонӣ сазовори баҳои мусбат мебошад. Мо дар соли 2018 бобати таҳкими минбаъда ва вусъат додани шарикии муфиди тарафайн ба пешрафти азим муваффақ шудем. Дар соли 2019 ният дорем корро бинобар беҳтар кардани алоқаҳои ҳамаҷониба бо дӯстони ӯзбекистонӣ бо назардошти соҳаҳои зиёд, аз ҷумла савдо ва сармояҳо, идораи давлатӣ, нигаҳдории тандурустӣ ва таълим  идома диҳем.
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҳиндустон дар Ӯзбекистон Винод КУМАР:
– Маърӯзаи Президенти Ӯзбекистон масъалаҳои зиёдеро, ки ба ҷиҳатҳои гуногуни ислоҳоти татбиқшудаистода дахл доранд, фаро мегирад. Ба корҳое, ки дар соли 2018-ум иҷро шуданд, низ баҳо дода шуд, корҳо барои оянда пешниҳод гардиданд. Шавкат Мирзиёев масъалаҳои рӯзмарраеро, ки шаҳрвандони ҷумҳуриро ба ташвиш меоваранд, ба миён гузошт. Ин дар самтҳое, ки барои соли оянда мушаххас шудаанд, инъикос ёфт. Ба ҷалби сармояҳо ва таъмин сохтани пешрафти иҷтимоӣ эътибори асосӣ дода мешавад. Ин муносибати куллан дуруст аст, зеро зиёд шудани сармояҳо, бешубҳа, ба пешрафти иқтисодиёт ва фаровонҳолии халқ мусоидат менамоянд. Саъю кӯшиш оид ба инкишоф додани  минтақаҳо ва деҳот дар доираи барномаҳои давлатӣ низ сазовори баҳои баланд мебошад. 
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Озарбойҷон дар Ӯзбекистон Гусейн ГУЛИЕВ:
– Мехостам бигӯям, ки Муроҷиатномаи имрӯза –  барномаи пурмуҳтавои амалиёт бинобар ба ҳаёт татбиқ намудани ислоҳоти муҳими созандагӣ, моҳияти дигаргуниҳоест, ки татбиқ мегарданд ва муайян шуданд. 
Маро рӯҳ ва кайфияти навоваронаи Президент Шавкат Мирзиёев моту мабҳут сохт, фикр мекунам, ин нафақат ақидаи ман аст. Метавон гуфт, ки роҳбари шумо бо тамоми ҳайатҳои дипломатӣ ҳамкорӣ мекунад ва моро ба фаъолияти сермаҳсул рағбатнок менамояд.
Ба ақидаи ман, корҳое, ки ҳоло дар Ӯз»бекистон амалӣ мешаванд, ба тарзи мусбат дар муносибатҳои дуҷонибаи мо низ инъикос меёбанд, ки метавон ба сифати шарикии стратегӣ баҳогузорӣ кард.
Умедворам, ки дар соли оянда муносибатҳои мо ба дараҷаи беш аз пеш баландтар бардошта хоҳанд шуд. Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ мамлакати муҳим мебошад. Ман орзу мекунам, ки дар соли нав давлати шумо ба комёбиҳои бузургтар ноил гардад, зеро халқи Ӯзбекистон ба ин сазовор аст. 
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Словакия дар Ӯзбекистон Ян БОРИ:
– Ман аллакай як сол боз дар Ӯзбекистонам, вале дар чунин чорабинии муҳим бори аввал иштирок мекунам. Мехоҳам бигӯям, ки Муроҷиатномаи Президенти Ӯзбекистонро, ки мазмуни асосиаш фароҳам овардани шароитҳои беҳтар ба ҳар як сокини муқими сарзамини Ӯзбекистон мебошад, бо рағбат ва эътибори зиёд шунидам. Ин ҳам ба ҷавонон, ҳам ба занон, ҳам ба аҳолии деҳот ва  ҳам соҳибкорону олимон дахл дорад.
Ҷиҳатҳои хуби иҷтимоии сиёсати татбиқшаванда, ҳамчунин роҳи инноватсионии он шоистаи эътибор ва эҳтироми баланд мебошад.
Мехостам ҳамчунин муҳимияти дурнамоҳоро вобаста ба ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Афғонистон қайд намоям. Роҳбари Ӯзбекистон ба масъалаҳои рушди ҳамкориҳои тарафайн бо ин мамлакат, танзим додани вазъият ва кӯмакрасонӣ ба истиқрори иқтисодии он эътибори зиёд дод. Дар бораи лоиҳа ва ташаббусҳои мушаххасе, ки бо мақсади муътадилсозии вазъият дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон татбиқ мегарданд, сухан рафт. Роҳбарияти Ӯзбекистон дарк мекунад, ки бидуни маърифат, сармояҳо ва инфрасохтор наметавон мушкилоти ҷиддиро ҳаллу фасл кард ва ба ҷамъияте муваффақ шуд, ки барои ба ҷараёнҳои радикалӣ муқобил истодан қодир бошад.
Дар арафаи Соли нав ба Ӯзбекистон барои муваффақ шудан ба мақсадҳои пешгузошташуда комёбиҳо орзу мекунам! Бигузор халқ ва ҷомеа имрӯз беҳтар аз дирӯз ва бо орзуи беҳтар шудани фардо аз имрӯз зисту зиндагӣ кунанд. 
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ӯзбекистон Муҳаммад ТАРШАХОНӢ:
– Муроҷиатнома ба парлумон ҳуҷҷати махсуси барномавӣ буда, дар зимни он самтҳои стратегие, ки аз ҷониби роҳбри давлат дар ибтидои муҳлати презиндентиаш муайян шуда буданд, аҳамияти бузург дорад.
Дар байни афзалиятҳое, ки садо доданд, ба фикри ман, чунин масъалаҳо, аз ҷумла нигоҳ доштани осудагиву эътидол дар мамлакат, такмил додани низоми идори давлатӣ, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фаъолнокии ҳукумат ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо аҳмияти махсус доранд. Бинобар ҳар кадоми онҳо мақсад ва вазифаҳои дақиқ гузошта, мехнизми татбиқ намудани  онҳо муайян карда шуданд. 
Хурандиовар аст, ки Президент дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ба рушди минбаъдаи муносибатҳо бо олами ислом эътибори асосӣ дод. Мо аз ҷониби худ тайёрем Ӯзбекистонро ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи идораҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории исломӣ ҳамаҷониба дастгирӣ намоем. 

ОИ «Дунё». 
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: