Самтҳои афзалиятнок дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат муайян шуданд

  • Самтҳои афзалиятнок дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятнок дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятнок дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятнок дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятнок дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятнок дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятнок дар соҳаи сармоягузорӣ ва саноат муайян шуданд

Президент Шавкат Мирзиёев 27 феврал оид ба масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ ва рушди саноат ҷаласа баргузор кард.

Солҳои охир дар доираи барномаи соҳавӣ ба миқдори 31 миллиард доллар сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ҷалб карда шуданд.  

Дар натиҷаи азхудкунии онҳо дар зарфи 5 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноат 1,4 баробар, содирот 1,5 баробар афзуд.

Ба мақсади таъмини рушди муътадили иқтисодӣ дар панҷ соли оянда саноатро боз 1,5 баробар афзоиш дода, содиротро ба 30 миллиард доллар расонидан лозим аст. Барои ин 120 миллиард доллар сармоя, аз ҷумла 70 миллиард доллар сармояи хориҷӣ зарур аст.

Ба ин тавассути ба амал баровардани сиёсати мутаносиби инвеститсионӣ, саноатӣ ва содиротӣ ноил шудан мумкин аст. Аз ин рӯ, мувофиқи Фармони Президент “Дар бораи чораҳо оид ба татбиқи ислоҳоти маъмурии Ӯзбекистони Нав” Вазорати сармояҳо, саноат ва савдо созмон дода шуд.

Дар ҷаласа вазифаҳои муҳиме, ки дар назди вазорат вобаста ба вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ ва бозорҳои молиявӣ истодаанд, муайян карда шуданд.

Вазифаи дар соли ҷорӣ азхуд намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ ба маблаги 11 миллиард доллар, ба роҳ мондани кори мақсаднок бо сармоягузорони бузург гузошта шуд. Аҳамияти таҳкими дипломатияи иқтисодӣ ва нақши намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷа дар ҷалби сармоя зикр гардид.

То охири сол ба истифода додани 304 лоиҳаи калон ва 3000 лоиҳаи минтақавӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои онҳо ба маблағи 10 триллион сӯм истеҳсоли маҳсулот ташкил карда мешавад.

Сарвари давлат оид ба истифодаи захираҳои иловагӣ дар соҳаҳо ва минтақаҳо, арзон кардани арзиши аслии маҳсулот ҷиҳати баланд бардоштани рақобатпазирии он дастурҳо дод.

Зарурати ҷалби мушовирони хориҷӣ ва табдил додани минтақаҳои махсус ва хурди саноатӣ ба “драйверҳои” рушди минтақаҳо, ба онҳо муттаҳид намудани истеҳсолоти аз нав созмон додашаванда  таъкид гардид.

Муҳимияти аз худ намудани истеҳсоли навъҳои нави маҳсулот дар саноати нассоҷӣ, чарм, масолеҳи сохтмон, электротехника, саноати хӯрокворӣ, дорусозӣ ва заргарӣ, ворид шудан ба бозорҳои нав тавассути ҷалби брендҳои ҷаҳонӣ қайд карда шуд.

Супориш дода шуд, ки кори дастаҳои лоиҳавӣ ҷиҳати таҳия ва таблиғи пешниҳодҳои нави лоиҳавӣ дар байни сармоягузорон пурзӯр карда шавад.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҷалби сармоя ба соҳаи иҷтимоӣ баррасӣ шуданд. Дастур дода шуд, ки дар доираи барномаҳои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, таъмини оби нӯшокӣ ва инфрасохтори роҳ лоиҳаҳои афзалиятнок ташаккул дода шаванд.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: