Самтҳои афзалиятноки инкишофи соҳаи хидматрасонӣ муайян гардиданд

  • Самтҳои афзалиятноки инкишофи соҳаи хидматрасонӣ муайян гардиданд
  • Самтҳои афзалиятноки инкишофи соҳаи хидматрасонӣ муайян гардиданд
  • Самтҳои афзалиятноки инкишофи соҳаи хидматрасонӣ муайян гардиданд
  • Самтҳои афзалиятноки инкишофи соҳаи хидматрасонӣ муайян гардиданд
  • Самтҳои афзалиятноки инкишофи соҳаи хидматрасонӣ муайян гардиданд
  • Самтҳои афзалиятноки инкишофи соҳаи хидматрасонӣ муайян гардиданд

Зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 14 декабр ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба натиҷабахшии корҳо доир ба инкишофи соҳаи хидматрасонӣ ва вазифаҳои афзалиятноки оянда баррасӣ гардиданд.

Зери раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 14 декабр ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба натиҷабахшии корҳо доир ба инкишофи соҳаи хидматрасонӣ ва вазифаҳои афзалиятноки оянда баррасӣ гардиданд.

11 майи соли ҷорӣ роҳбари давлат ба қарор «Дар бораи чорабиниҳо оид ба рушди босуръати соҳаи хидматрасонӣ» имзо намуда буд. Ҳуҷҷат ба табдил додани сектори мазкур ба яке аз таҳрикбахшандагони иқтисодиёт ва ба ду маротиба афзудани ҳаҷми хидматрасонӣ то соли 2023 пешбинӣ гардидааст.

30 сентябр боз як ҳуҷҷати муҳим – Фармони Президент «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ доир ба дастгирии соҳаи хидматрасонӣ» қабул гардида буд, ки ба василаи он муҳлати имтиёзот барои хӯроквории умумӣ, савдо, сайёҳӣ ва нақлиёт, ки ба туфайли пандемия ҷорӣ гардида буд, дароз карда шуд. Инчунин мушкилоте низ ҳал гардиданд, ки ҳангоми мулоқот бо соҳибкорон ба миён гузошта шуда буданд.

Соли ҷорӣ 29 ҳазор лоиҳа ба миқдори 18 триллион сӯм ба амал татбиқ гардида, инкишоф дар соҳаи хидматрасонӣ 20 фоизро ташкил намуд. Аммо суръати инкишоф дар панҷ ноҳия ва шаҳр хеле суст гардид. Умуман ҳаҷми хидматрасонӣ дар маҳалҳо чандон зиёд нест.

Бинобар ин дар ҷамъомад масъалаҳои рушди доманфарохи соҳаи хидматрасонӣ, истифодаи имконоти корбурднашуда муҳокима гардиданд.

Роҳбари давлат ногузирии бархурди махсусро ба ҳар як минтақа таъкид намуд, барои ин мисолҳои дақиқ овард. Бинобар миқдори аҳолӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва потенсиали иқтисодии ноҳияву шаҳрҳо 3 самти рушди соҳа махсус таъкид гардид.

Якум – рушди хидматрасонӣ дар 158 ноҳия. Аз он ҷумла, эътибори бартаринок ба соҳаи сайёҳӣ дар 45 ноҳияе, ки маҳалҳои ҷолиби сайёҳӣ доранд ва 40 ноҳияи кӯҳӣ нигаронда мешавад.

Барои мисол аз деҳаҳои Наврӯз, Миракӣ, Оқдарё ва Ҳисори ноҳияи Шаҳрисабз соле қариб 500 ҳазор сайёҳ боздид менамояд. Агар 65 километр роҳ таъмир гардад, дастрасӣ ба интернет ва алоқаи мобилӣ беҳтар карда шавад, ҳаҷми хидматрасониро дар ин ҷо ба 3-4 баробар зиёд намудан мумкин аст. Дар натиҷа хонаҳои меҳмонпазирӣ, нуқтаҳои савдои чакана ва хӯроквории умумӣ ба вуҷуд омада, ҷойҳои нави кории иловагӣ ташкил мегарданд.

Роҳбари давлат ногузирии таъмини чунин ноҳияҳоро бо инфрасохтори зарурӣ ва ба савдо гузоштани қитъаҳои заминро барои татбиқи лоиҳаҳо бо тайёрии тамом таъкид кард.

Инчунин дар бобати ҷорӣ намудани режими махсуси андоз барои соҳаи сайёҳӣ, ҷудо намудани кредитҳои имтиёзнок барои ташкил кардани хонаҳои меҳмонпазирӣ супоришҳо дода шуд.

Таъкид шуд, ки дар 27 ноҳияи саноаташ рушднамуда ба хидматрасонии савдо, хӯроквории умумӣ, логистика, меҳмонхона ва муассисаҳои фароғатӣ бартарият дода мешавад.

Дар ноҳияҳое, ки аз хоҷагии қишлоқ даромади зиёд мегиранд, ба рушди агросервиси замонавӣ такя карда мешавад.

Ҳамин тариқ дар ноҳияи Қамашӣ Маркази хидматрасонии аграрӣ ва клиникаҳои хусусии ветеринарӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Дар маркази ноҳия сохтмони бозори экологӣ бо нигоҳдошти яхдон барои 200 тонна ва ба вуҷуд овардани ҳазорон ҷойи кор ба нақша гирифта мешавад.

Ба ҳокимони ноҳияҳо таҳияи барномаҳои ба ин монанд дар мисоли ноҳияи Қамашӣ супориш дода шуд.

Тавре ки маълум аст, соли оянда дар 21 ноҳия сохтмони мавзеъҳои Ӯзбекистони Нав барои 10 ҳазор хонавода бо мактаб, кӯдакистон ва муассисаҳои табобатӣ дар назар дошта шудааст. Таъкид шуд, ки ин имконоти хеле хуб барои рушди хидматрасонӣ ва савдо мебошад.

Ба хидматрасонии савдо ва логистика 25 ноҳияи наздисарҳадӣ ва 100 ноҳияе, ки аз ҳудуди онҳо шоҳроҳҳои байналхалқӣ ва роҳҳои оҳан мегузарад, ихтисос хоҳанд ёфт. Ба шахсони масъул таҳия намудани барномаи рушди хидматрасонии шафати роҳ, куллан беҳтар намудани инфрасохтори гузаргоҳҳо бо мамлакатҳои ҳамсоя ва роҳҳои самти онҳо супориш дода шуд.

Умуман дар 158 ноҳияи мазкур барои ба вуҷуд овардани 300 ҳазор ҷойи кор дар соҳаи хидматрасонӣ шароит мавҷуд аст.

Самти дуюм – рушди хидмати бозори замонавӣ дар 29 шаҳри миёна ва бузург, инчунин дар шаш ноҳияи аҳолиаш беш аз 300 ҳазор нафар.

Бинобар ин доир ба босамар истифода намудани ошёнаҳои якуми  иморатҳои бисёрошёна, ба ауксион гузоштани қитъаҳои замин барои сохтмон аз василаҳои сабук супоришҳо дода шуд.

Пӯшида нест, ки дар бисёр мактаб ва муассисаҳои томактабии шаҳрҳо ҷой кифоят намекунад. Бинобар ин доир ба васеъ намудани фарогирии хидматрасонии муассисаҳои таълимии хусусӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои сохтмони мактаб ва кӯдакистонҳо вазифаҳо гузошта шуд.

Таъкид гардид, ки бинобар таҷрибаи вилояти Тошканд дар ҳар як минтақа кушодани IT - академия барои таълими ҷавонон  ба хидматрасонии замонавӣ зарур мебошад.

Умуман дар 35 шаҳр ва ноҳияи мазкур ба вуҷуд овардани 200 ҳазор ҷойи кор дар соҳаи хидматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Аз рӯи самти сеюм барномаи махсуси рушди хидматрасонии сердаромад дар Тошканд, Самарқанд ва Намангон қабул хоҳад гардид.

Барои мисол дар ноҳияи Сергелии пойтахт имконоти ба вуҷуд овардани 5 ҳазор ҷойи кор дар соҳаи савдо ва хидматрасонӣ аз ҳисоби ба вуҷуд овардани инфрасохтор дар шафати хати метрои рӯизаминӣ вуҷуд дорад. Ў худ кҲчаҳои бадеиро бо фурӯшгоҳҳои асарҳои тасвирӣ, меъморӣ, маҳсулоти ҳунармандӣ оро додан мумкин аст.

Ба шахсони масъул беҳсозии кори музейҳо, васеъ намудани номгӯйи экспозитсияи онҳо, кушодани хатсайрҳои нав барои сайёҳон супурда шуд.

Ба афзудани савдои чакана дар чунин шаҳрҳои бузург, мисли Тошканд, Самарқанд, Бухоро ҷорӣ намудани низоми «tax free» барои минбаъд афзудани савдои чакана аз ҳисоби дар шаҳр кушодани «duty free» мусоидат хоҳад намуд. Барои таҳияи масъалаи ташкили низоми баргардондани ААИ барои харид ба сайёҳони хориҷӣ дар тамоми шаҳрҳои таърихӣ супориш дода шуд.

Умуман дар Тошканд, Намангон ва Самарқанд ба вуҷуд овардани 750 ҳазор ҷойи кор дар соҳаи хидматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Соли оянда барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи мазкур 500 миллион доллар равон карда мешавад.

Аз рӯи масъалаҳои баррасинамудаи ҷамъомад маълумоти шахсони масъул шунида шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: