Самтҳои афзалиятноки таъмин кардани шуғли аҳолӣ муайян шуданд

  • Самтҳои афзалиятноки таъмин кардани шуғли аҳолӣ муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятноки таъмин кардани шуғли аҳолӣ муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятноки таъмин кардани шуғли аҳолӣ муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятноки таъмин кардани шуғли аҳолӣ муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятноки таъмин кардани шуғли аҳолӣ муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятноки таъмин кардани шуғли аҳолӣ муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятноки таъмин кардани шуғли аҳолӣ муайян шуданд
  • Самтҳои афзалиятноки таъмин кардани шуғли аҳолӣ муайян шуданд

Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 15 декабр оид ба масъалаҳои беҳтар гардондани таъминоти энергияи минтақаҳо ва баланд бардоштани шуғли аҳолӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

 

Сарвари давлат нахуст ба мушкилоти таъмини нерӯи барқ, ки рӯзҳои охир мушоҳида мешавад, таваҷҷуҳ кард. Гуфта шуд, ки дар шаш соли охир беш аз 5 ҳазор мегаватт иқтидори нави тавлиди неруи барқ ​​ба кор андохта шуданд. Барои муқоиса: тайи 25 соли пеш иқтидори 3,5 ҳазор мегаватт ба кор андохта шуданд.

Инчунин, дар шаш соли охир 45 ҳазор километр шабакаи электр ва зиёда аз 13 ҳазор трансформатор нав карда шуд, ки ин назар ба солҳои гузашта 3-4 баробар зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли гази моеъ ва ангишт 1,5 баробар афзуд.

Аммо дар як ҳафтаи сарди ҳаво маълум шуд, ки масъулини соҳаи энергетика, ҳокимон ва роҳбарони секторҳо корро дар сатҳи поён ташкил накардаанд. Дар маҷлис он чиз сахт танқид карда шуд, ки ҳатто дар вазъияти душвори ҳозира ҳодисаҳои дуздидани қувваи барқ ва газ давом дорад.

Дар маҷлис нисбат ба шахсони мансабдоре, ки ба ин аҳвол роҳ додаанд, чораҳои интизомӣ дида шуданд.

– Вазъияти ҳозираи таъминоти энергия барои роҳбарони соҳа ва вилоятҳо бояд сабақи хубе бошад. Корхонаҳои соҳа бояд на дар режими дастӣ, балки мунтазам кор кунанд. Дар ҳама маҳаллаҳо бояд мардум аз кори худ қаноатманд бошанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Ба муовини аввали Сарвазир ва раҳбарони энергетика супориш дода шуд, ки дар давоми ду моҳ ба ҳолати фавқулоддаи кор гузаранд. Дар назди ҳокимони минтақаҳо вазифаи ба корхонаҳои таъминоти гармӣ рафтан ва беҳтар гардондани сифати хидматрасонии аҳолӣ, коҳиш додани хароҷот ва талафоти захираҳои энергия  гузошта шуд.

Дар ҷамъомад масъалаҳои таъмини шуғли аҳолӣ ва фароҳам овардани манбаи даромад баррасӣ шуданд.

Зимнан зикр гардид, ки аз аввали сол 2 миллион нафар дар бахшҳои соҳибкорӣ, саноат, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Инчунин зиёда аз 4 миллион нафар одамон аз кори мавсимӣ даромад гирифтанд.

Дар минтақаҳо миқдори корхонаҳо ба 85 фоиз афзуда, шумораи умумӣ ба 550 ҳазор расид. Аз ҳисоби ин дар соли 2022 миқдори онҳое, ки расман бо кор таъмин шуда, андози даромад пардохтаанд, аз 400 ҳазор то 5 миллиону 100 ҳазор нафар расид.

Дар саноат 3,5 ҳазор лоиҳа амалӣ гардида, 160 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд. Дар доираи 35 ҳазор лоиҳаи хурд дар маҳалла 175 ҳазор нафар, дар соҳаи сохтмон 135 ҳазор нафар манбаи даромад ба даст оварданд.

Дар соли ҷорӣ дар натиҷаи фароҳам овардани имконият барои шуғли худкорӣ аз рӯи 79 намуди фаъолият 914 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ин мақом сабти ном шудаанд. Шумораи умумии худкорҳо ба 2 миллион нафар расид.

Дар ҷамъомад камбудиҳои соҳаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ низ таҳлил карда шуданд. Хусусан, имсол дар ноҳияҳои Китоб, Косон, Мирзообод, Нарпай, Нишон ва Фурқат шумораи ҷойҳои кории доимӣ коҳиш ёфтааст. Шумораи кормандон дар 232 ҳазор корхонае, ки дар бахши хусусӣ фаъолият мекунанд, 1 нафар нишон дода шудааст. Дар 15 ноҳия ҳаҷми маҳсулоти саноат кам шуд. Аз 100 ҳазор гектар замине, ки бояд барои ба аҳолӣ тақсим карда шавад, дар 4 ҳазор гектараш чизе рӯёнда намешавад.

Бо назардошти ин, дар назди ҳокимон як қатор вазифаҳои дахлдор гузошта шуданд.

Сарвари давлатамон вазифаҳои соли ояндаро баррасӣ намуда, чор самти асосиро муайян намуд.

Самти якум ба аҳолӣ тақсим карда додани 100 ҳазор гектар замини аз пахта ва ғалла озодшуда аст. Ба туфайли ин 600 ҳазор кас бо кори доимӣ ва 900 ҳазор кас бо кори мавсимӣ таъмин карда мешавад.

Зиёда аз 600 лоиҳа оид ба нигоҳдорӣ, ба навъҳо ҷудокунӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ амалӣ мегардад. 400 миллион доллари аз созмонҳои молии байналмилалӣ ҷалбшуда барои он лоиҳаҳое, ки ҷойҳои нави корӣ эҷод мекунанд, бо авлавият равона карда мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси пиллапарварон ин соҳа ҳам озод карда мешавад. Минбаъд пилла аз аҳолӣ бо нархи на камтар аз арзиши биржаи ҷаҳонӣ харида мешавад. Ин имкон медиҳад, ки камаш 500 ҳазор кас бо кор таъмин карда, даромади онҳо 2-3 баробар зиёд карда шавад.

Самти дуюм рушди соҳибкорӣ мебошад. Барои ин дар ҳазор маҳаллаи сатҳи бекорӣ баланд микромарказҳо ташкил карда мешаванд. 255 кӯчаи марказӣ ва 274 кӯчаи дохили маҳалла ба кӯчаҳои савдо ва хидматрасонӣ табдил дода мешавад. Ба музояда гузоштани беш аз 3000 қитъаи замин дар канори шоҳроҳҳо низ имкони хубе барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар бахши хидматрасонӣ хоҳад буд.

Вобаста ба ин вазифа гузошта шуд, ки қитъаҳои замин ва иншооти холӣ барои пешбурди тиҷорат фурухта шаванд.

Дар доираи самти сеюм имкониятҳои саноат ба кор дароварда мешаванд. Аз ҷумла, фуруши 300 лоиҳаҳои бузург ба 8 миллиард доллар ва 1300 лоиҳаҳо ба 16 триллион сӯм дар минтақаҳои саноатӣ имкон медиҳад, ки ҷойҳо кории баландмузд ба вуҷуд оварда шаванд. 536 кони ғайримаъданӣ ба савдои  музояда гузошта, корхонаҳои нави саноати масолеҳи бинокорӣ ба кор андохта мешаванд.

Умуман, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва саноати маҳаллӣ метавонанд дар маҷмӯъ 320 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис диҳанд.

Самти чорум – соҳаи сохтмон. Дар доираи ҳамаи лоиҳаҳо соли оянда сохтани 90 ҳазор хонаи истиқоматӣ пешбинӣ шудааст. Президент ба зарурати содда кардани шартномаҳои меҳнатӣ ҳангоми ба кор қабул кардани коргарон дар соҳаи сохтмон таъкид кард. Ин имкон медиҳад, коргарон дар бахши ғайрирасмӣ ба фаъолияти қонунӣ ҷалб карда шаванд.

Дар хотимаи ҷамъомад муовини Сарвазир, вазир ва ҳокимон дар бораи корҳое, ки баҳри иҷрои вазифаҳои гузошта шудаанд, маълумот тақдим намуданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: