САМТҲОИ МУҲИМИ ТАЪМИНИ СУБОТНОКИИ ИҚТИСОДИЁТ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 июн бахшида ба муҳокимаи масъалаҳои муҳими таъмини суботнокии иқтисодиёти миллӣ ҷамъомад баргузор намуд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 9 июн бахшида ба муҳокимаи масъалаҳои муҳими таъмини суботнокии иқтисодиёти миллӣ ҷамъомад баргузор намуд.
Пандемияи коронавирус барои тамоми аҳли ҷаҳон имтиҳони бузург мегардад. Буҳрони ҷаҳонии бавуҷудомада ба иқтисодиёти тамоми мамлакатҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад. Бинобар пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, соли 2020 поён омадани ММД ҷаҳон ба 5,2 фоиз, ИМА – 6,1, Русия – 6 фоиз, Иттиҳоди Аврупо – 9,1 фоиз гуфта мешавад. Ҳамзамон тараққиёти иқтисодӣ дар дараҷаи 1 фоиз дар Чин ва 1,5 фоиз дар Ӯзбекистон пешбинӣ мегардад.
Дар се моҳи охир ба соҳаҳои иқтисодиёт 2,3 триллион сӯм имтиёзи андоз пешниҳод гардида, аз Фонди зиддибуҳронӣ 3,6 триллион сӯм ҷудо карда шуд.
Дар ҷамъомад роҳбари давлат вуҷуд доштани тамоми имконотро барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёт дар соли ҷорӣ аз ҳисоби истифода намудани бархӯрд ва воситаҳои нав таъкид намуд ва 8 самти муҳимро дар ин роҳ муайян кард.
Ҳамин тариқ инҳо самтҳои бартаринок муайян гардиданд:
якум – таъмини суботнокии иқтисодӣ ва молиявӣ;
дуюм – коҳиши қашшоқӣ ва афзудани бошуғлфарогирӣ;
сеюм – тезондани ислоҳот дар низоми бонк;
чорум – афзудани сармояи бевоситаи хориҷӣ;
панҷум – баланд бардоштани потенсиали содирот ва таъмини воридоти асъор;
шашум – мустаҳкам намудани рақобатбардорӣ дар саноат;
ҳафтум – рушди тиҷорати хурд;
ҳаштум – татбиқи васеи технологияи рақамӣ дар тамоми соҳаҳо.
Зимни муҳокимаи самти якуми ҳаракат оптимизатсияи даромад ва харҷи буҷет супурда шуд. Таъмини иловагии даромад аз ҳисоби аз нав ба кор андохтани фаъолияти корхонаҳо ва такомули маъмурияти андоз ва ҳамчунин зимни ба имзо расондани қарзи хориҷӣ роҳ надодан ба баланд гардидани лимити муқарраргардида супурда шуд.
Дар доираи самти дуюм дар соли ҷорӣ барқарор намудани 810 ҳазор ҷойи кори доимӣ, ба вуҷуд овардани 310 ҳазор ҷойи кори доимӣ ва 633 ҳазор ҷойи кори мавсимӣ ногузир мебошад.
Бинобар қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо доир ба содда намудани танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва худкорӣ», ки 8 июни соли ҷорӣ қабул гардид, номгӯйи хелҳои фаъолият, ки бо онҳо шахсони худкор машғул буда метавонанд, аз 24 то 67 намуд васеъ карда шуд.
Роҳбари давлат бо назардошти таҷрибаи Чин супурд, ки вазорат ва идораҳо ба қишлоқҳое вобаста карда шаванд, ки дараҷаи қашшоқӣ баланд аст, низоми кӯмакро ба эҳтиёҷмандон ба вуҷуд оваранд, тиҷорати оилавӣ ва хоҷагии наздиҳавлиро инкишоф диҳанд. Ба чунин ноҳияҳо фиристодани донишҷӯёне, ки аз ҳисоби гранти давлат таҳсил намудаанд, барои роҳандозии фаъолияти меҳнатӣ ба муҳлати то се сол пешниҳод гардид.
Дар низоми бонк ислоҳоти ҷиддӣ оғоз ёфтааст. Дар ҷамъомад аҳамияти тезондани чорабиниҳои муқарраргардида, татбиқи саривақтии ҷараёни трансформатсия дар 10 бонки молики саҳми давлатӣ, индексатсияи ставкаҳои фоизӣ бинобар сиёсати зиддибуҳронӣ таъкид ёфт.
Ба муовинони Сарвазир дар заминаи ҷалб намудан ва азхуд намудани сармояҳои бевоситаи хориҷӣ дар соли ҷорӣ супоришҳо дода шуд.
Дар шароити пандемия афзоиши содирот ва таъмини воридоти асъори хориҷӣ аҳамияти фавқулодда муҳим дорад. Зуд паст рафтани эҳтиёҷ дар бозорҳои хориҷӣ ба корхонаҳои содиротгари ватанӣ таъсири ҷиддӣ дорад.
Бинобар ин, дар доираи самти бартариноки панҷум, дар назди Вазорати сармоя ва савдои берунӣ вазифаи таъмин намудани нишондодҳои содирот на камтар аз соли 2019 гузошта шуд.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои инкишофи саноат эътибори алоҳида дода шуд. Ба дар баъзе соҳаҳо вуҷуд надоштани пуррагии занҷирҳо дар заминаи азнавкоркарди амиқи ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулот бо арзиши изофа ишора гардид.
Барои мисол, азнавкоркарди мис камтар аз 25 фоиз, шоҳӣ – камтар аз 20 фоизро ташкил менамояд. Кооператсияи байнисоҳавӣ ба таври комил роҳандозӣ нагаштааст. Аз он ҷумла, кооператсия дар саноати электротехникӣ ва кишоварзӣ имкон медиҳад, ки ба миқдори на камтар аз 80 миллион доллар маҳсулот истеҳсол гардад. Саноати кимё метавонад нахи синтетикӣ ва полиэстерро барои соҳаи бофандагӣ, риштаи пахтагӣ ва рангҳои гуногунро барои саноати автомобилсозӣ ва индустрияи масолеҳи бинокорӣ ва ҳамчунин ароматизаторҳоро барои саноати хӯрокворӣ гузорад.
Бинобар ин бояд Стратегияи сиёсати саноат, ки трансфери технологияи замонавӣ, баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва рақобатбардории соҳаҳоро пешбинӣ менамояд, таҳия гардад.
Барои ба соҳаҳои саноати кимиё, бофандагӣ, сохтмон, автомобилсозӣ, электротехникӣ ва хӯрокворӣ эътибори алоҳида додан, тезондани ҷараёни ислоҳоти корхонаҳои давлатӣ супурда шуд.
Дар мамлакатамон тиҷорати хурд чун яке аз нуқтаҳои муҳими рушди иқтисодӣ баррасӣ мегардад. Дар ҷамъомад ногузирии ислоҳоти низоми суду ҳуқуқ доир ба ҳимояи  мулки хусусии соҳибкорон барои ташаккул ёфтани рақобати озод таъкид гардид.
Саҳми ками тиҷорати хурд дар соҳаҳои баландтехнологӣ таъкид ёфта, вазифаи таҳияи механизми рағбатноксозии давлатии чунин воҳидҳо гузошта шуд. Дар бобати ба вуҷуд овардани минтақаҳои хурди саноатӣ дар ҳудудҳо супоришҳо дода шуд.
Тавре ки маълум аст, дар тақдимоте, ки 8 июн дар назди роҳбари давлат ба вуқӯъ пайваст, вазифаҳо доир ба рушди босуръати технологияи рақамӣ, дар тамоми соҳаҳо васеъ татбиқ намудани онҳо муайян гардида буданд. Ба ногузирии ташкили ин кор дар доираи самти бартариноки ҳаштум ишора гардид.
Дар ҷамъомад роҳбарони масъул пешниҳодоти худро дар бобати кори оянда дар заминаи инкишофи иқтисодиёт дар истиқболи кӯтоҳмуддат ва миёнамуддат баён намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: