САМТҲОИ НАВИ ҚАБУЛ БА ДОНИШГОҲ

Дар Маркази матбуоти миллии пойтахт аз ҷониби Вазорати адлия ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд доир ба масъалаҳои қабул ба донишгоҳе, ки зикр гашт, нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Таъкид гардид, ки ҷараёни супурдани ҳуҷҷат ба донишгоҳ идома дорад. Дар ин маскани таълимӣ барои ҷавононамон, ки ҳуқуқшиносиро интихоб намудаанд, ҳамаи имкониятҳо фароҳам аст, дар бакалавриат дар шакли таълими рӯзона, ғоибона ва масофавӣ метавонанд тавассути сайти Маркази тести давлатӣ (my.dtm.uz) ва портали ягонаи хидматҳои давлатӣ (my.gov.uz) дар шакли онлайн ҳуҷҷат супоранд. Ҳуҷҷатҳо то 20 июл қабул карда мешаванд.  Абитуриентҳо аз 5 фан тест месупоранд. Барои онҳо фанҳои маҷбурӣ: забони модарӣ (ӯзбек, рус, қароқалпоқ ва дигар забонҳо), математика, таърихи Ӯзбекистон. Ба самти таълими бакалавриат хос аз ду фан: таърих, забони хориҷӣ.
– Дар соли ҷорӣ ба таълими рӯзона 650 ҷой ҷудо карда шудааст. Аз он гранти давлатӣ 25, шартномавӣ 625-торо ташкил медиҳад. Параметри қабул доир ба самти таълими ғоибона 300 ҷойро ташкил медиҳад, ки ҳамаи он дар асоси контракт ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ маротибаи аввал дар шакли таълими масофавӣ низ қабул ба амал ҷорӣ карда шудааст, ки 300 ҷойро ташкил медиҳад ва ин намуди таълим низ дар асоси контракт ба амал ҷорӣ мегардад, – гуфт дар баромади худ проректори донишгоҳ Дилшод Умаров. – Барои шаҳрвандони хориҷӣ таълим дар бакалавриат дар асоси суҳбат қабул карда шуда, онҳо низ ба 5 самт ҳуҷҷат супориданашон мумкин ва супурдани ҳуҷҷатҳо то 25 август давом мекунад.
Инчунин таъкид гардид, ки дар донишгоҳ барномаҳои таълимии нав аз ҷониби ҳамкорони хориҷӣ, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии юридикии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии юридикии Урал ва Донишгоҳи давлатии тадқиқотии миллии Нижний Новгород (Русия), Донишгоҳи давлатии Гродно (Беларус) ташкил карда шудааст. Таълим дар ин барномаҳо 4 сол буда, 2 сол дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ва ду сол дар донишгоҳи ҳамкор таҳсил мегирад ва дар натиҷа соҳиби ду диплом мегардад. Қабул ба ин барномаҳо дар ду шакл ба амал бароварда мешавад. Якум, дар асоси санҷиши донишгоҳи ҳамкори хориҷӣ (суҳбат, тест, хаттӣ), дуввум дар асоси санҷишҳои тести Маркази тести давлатӣ гузаронда мешавад. 
Дар самти магистратура дар таълими рӯзона 245 нафар: 11-то дар асоси гранти давлатӣ, 234-то шартномавӣ ташкил карда шудааст. Қабули ҳуҷҷатҳо ба самти магистратура то 30 июл давом мекунад. 
Барои муроҷиати шаҳрвандон “Call center” ташкил карда шудааст. 

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.      
   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: