9 ноябр зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷамъомади видеоселектор дар бораи таҳлили натиҷаҳои ислоҳот ва муайян намудани вазифаҳои устувори оянда бахшида ба рушди соҳаи тандурустӣ, бо хидмати босифати тиббӣ фаро гирифтани аҳолии ҳудудҳо, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ баргузор гардид.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки мақсади асосии ҳама гуна ислоҳот беҳтар намудани ҳаёти одамон ба шумор рафта, дар ин бобат хидмати тиббии босифат ҷойгоҳи муҳимро молик аст.
Дар давоми ду соли охир вобаста ба соҳа 50 фармон, қарор ва фармоишҳои Президент, беш аз 70 қарор ва фармоиши Девони Вазирон қабул гардид. 6 маркази нави илмиву амалии тиббӣ ташкил гардида, миқдори онҳо ба 16-то расид. Барои боз ҳам шароити мусоид фароҳам овардан барои аҳолӣ дар ҳудудҳо 10 филиали онҳо ба кор шурӯъ карданд. Дар бемористонҳои ноҳия ва шаҳрҳо 306 шуъбаи нави махсус, 1200 шохобчаи ёрии тиббӣ кушода шуд.
Умуман дар соли ҷорӣ аз Буҷаи давлат ба соҳаи тиббиёт нисбат ба соли 2017 бештар аз 40 фоиз маблағ ҷудо карда шуд. Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки соли оянда барои соҳа нисбат ба соли ҷорӣ ҷудо намудани 30 фоиз бештар маблағ ба нақша гирифта шудааст.
Қарори ба қарибӣ қабулгардидаи Президент «Дар бораи чораҳои беҳтар кардани ҳавасмандгардонии моддии ходимони муассисаҳои давлатии тиббӣ ва мақомоти идораи нигаҳдории тандурустӣ» қадами навбатии муҳим дар ин самт гардид. Бинобар он ҳаҷми музди меҳнати кормандони тиб аз 1 декабри соли ҷорӣ 20 фоиз зиёд гардида, аз 1 апрели соли 2019 боз 15 фоиз зиёд хоҳад гардид.
Бисёр фармон ва қарорҳо қабул гардиданд, имконоти васеъ барои соҳа ба вуҷуд оварда шуда, масъалаҳои муҳим ҳаллу фасл гардиданд. Аммо натиҷаҳое, ки аз соҳаи тандурустӣ интизорӣ мерафт, ҳанӯз ба чашм намерасанд. Хусусан, дар ноҳияҳо, маҳалҳои дурдасти аҳолинишин одамон самараи бозсозиҳои ҷиддӣ ва куллии хидматрасонии тиббиро эҳсос намекунанд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Таъкид гардид, ки дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ ба Қабулхонаи виртуалии Президент расидани 45 ҳазор муроҷиати дахлдор ба соҳаи тандурустӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар соҳа ҳанӯз муаммоҳои зиёд мавҷуд аст.
Ҳамин тариқ пойгоҳи моддиву техникӣ ва таъминоти соҳа бо кадрҳои соҳибмалакаи кӯмаки ибтидоии тиббиву санитарӣ, беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ба дараҷаи талабот ҷавоб намедиҳад. Дар натиҷаи он беморҳо маҷбуранд, ки ба шаҳри Тошканд омада ва ё ба хориҷ аз кишвар рафта, пули зиёд харҷ намоянд.
Бинобар ин дар ҷамъомад ногузирии сари вақт ошкор намудан ва ҳалли муаммоҳои низоми тандурустӣ, пурра азнав омӯхтани вазъият дар минтақаҳо, ҳамзамон бо фарогирии бунгоҳҳои тиббии деҳот ва поликлиникаҳои оилавӣ ва ҳамчунин муассисаҳои марказии тиббӣ таъкид гардид.
Ногузирии пурзӯр намудани ҳамкории байни зинаҳои хидмати тиббии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ ва деҳот таъкид ёфт. Ҳамзамон, пеш аз ҳама, кори профилактика ва муоинаҳои тиббӣ дар маҳаллаҳо сифатнок ташкил карда мешаванд. Беморон зимни зарурат ба марказҳои ноҳия ва вилоят фиристода мешаванд. Иттиҳодияҳои тиббии ноҳияҳо бо қувваи худ табобат намуда, беморони вазнинро ба муассисаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ мефиристанд. Дар навбати худ марказҳои махсуси тиббии илмиву амалии ҷумҳуриявӣ сиёсати ягонаи услубӣ, технологӣ, табобатӣ ва профилактикиро аз рӯи соҳаи худ ба амал татбиқ менамоянд ва ба мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ мусоидат мекунанд.
Дар ҷамъомад ба масъалаҳои ҳифзи модар ва кӯдак эътибори алоҳида дода шуд. Амиқ таҳлил намудани омилҳои муриши модар ва кӯдак, таҳияи чорабиниҳои дақиқ доир ба бартараф намудани онҳо супориш дода шуд.
Таъкид ёфт, ки кор дар заминаи профилактикаи бемориҳои ғайрисирояткунанда дар дараҷаи бояду шояд роҳандозӣ нагаштааст. Фаъолияти чандин маркази махсуси марбут зери танқид гирифта шуд.
Дар баъзе минтақаҳо кор дар бобати профилактика ва табобати бемориҳои сирояткунанда ғайриқаноатбахш аст. Аз ҷумла, сарфи назар аз то 20 фоиз кам гардидани нишондодҳои бемориҳои гепатит, сил дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ, дар баъзе ноҳияҳои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Бухоро, Навоӣ, Қашқадарё, Намангон, Сирдарё ва Ҷиззах вазъияти ногувор боқӣ мондааст.
Бино бар ин чорабиниҳои ҳалли камбудиҳои мавҷуда муҳокима гардида, вазъияти пойгоҳи моддиву техникӣ ва табобат дар марказҳои тиббии махсуси илмиву амалии ҷумҳуриявӣ, профилактикаи СПИД омӯхта шуда, масъалаи таҳия ва татбиқи механизмҳои ҳуқуқии муоинаи маҷбурии шахсоне, ки пас аз кор дар хориҷа баргаштаанд, баррасӣ гардид.
Дар ҷамъомад ба минбаъд васеъ намудани шабакаи муассисаҳои хусусии тиббӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд. Таъкид гардид, ки дар мамлакатамон имконоти зиёд барои рушди тамоми самтҳои тиббиёти хусусӣ, хидматрасонии тиббӣ нафақат ба ҳамватанон, инчунин ба шаҳрвандони мамлакатҳои ҳамсоя вуҷуд дорад.
Аз ин рӯ дар назди шахсони масъул вазифаҳои васеъ намудани шабакаи муассисаҳои хусусии тиббӣ, ба вуҷуд овардани хабҳои тиббӣ дар чунин шаҳрҳои бузург мисли Тошканд, Самарқанд, Андиҷон ва ғайра гузошта шуданд.
Роҳи аз ҳама арзон ва босамари огоҳии беморӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим ва истеъмоли дуруст мебошад. Мутаассифона, ба туфайли тарзи ҳаёти камҳаракат ва таомхӯрии нодуруст нисфи аҳолии Ӯзбекистон вазни зиёдатӣ дошта, 46 фоизи он дар хун дараҷаи зиёди холестерин доранд, 31 фоизи аҳолӣ бошад, фишори баланди хун доранд. Бино бар ин ба ногузирии пурзӯрсозии профилактикаи бемориҳо аз тариқи тарғиби тарзи солими ҳаёт ва маданияти дурусти таомхӯрӣ дар байни аҳолӣ ишора гардид.
Дар ҷамъомади видеоселектор инчунин самтҳои рушди тиббиёт дар ояндаи миёна ва дур муҳокима гардиданд. Президент дар заминаи таҳияи лоиҳаи консепсияи рушди низоми тандурустӣ дар Ӯзбекистон то соли 2025 супориш дод.
Зикр гардид, ки услуби сметаи ҷории таъмини молиявии соҳа кӯҳна гардид, муассисаҳои тиббӣ на бино бар теъдоди бемориҳои табобатгирифта, балки вобаста ба миқдори катҳо аз ҷиҳати молиявӣ таъмин карда мешаванд. Аз ин рӯ бо назардошти талаботи замонавӣ ва таҷрибаи хориҷӣ супориш дода шуд, ки ба тариқи озмоиш дар як иттиҳодияи тиббии ҳар як минтақаи мамлакат таъмини молиявӣ бино бар миқдори табобатгирифта дар шароити статсионарӣ ба амал татбиқ карда шавад.
Имрӯз дар тамоми мамлакатҳои тараққиёфта низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ ба амал татбиқ гаштааст, ки ин имконият медиҳад харҷи буҷа кам гардида, сифати хидматрасонии тиббӣ баланд бардошта шавад.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки дар мамлакат аз соли 2021 сар карда қадам ба қадам низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ татбиқ гардида, қонунҳои марбут ба ҳуҷҷатҳои зерқонун бо ҷалб намудани мушовирон аз Куриёи Ҷанубӣ, Сингапур, Олмон ва мамлакатҳои дигар таҳия карда шаванд.
Чорабиниҳо дар заминаи рушди шарикии давлативу хусусӣ дар тиббиёт, муҷаҳҳазсозии баъзе муассисаҳои табобатӣ бо таҷҳизоти баландтехнологӣ дар асоси ин механизм, ба онҳо пурра пешниҳод намудани мустақилияти молиявӣ муайян карда шуданд.
Ба масъалаҳои ислоҳоти таълими тиббӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд. Дар бобати кушодани филиалҳои муассисаҳои таълимии маъруфи хориҷӣ, пурзӯрсозии ҳамгароии байни институтҳои илмиву тадқиқотӣ ва марказҳои махсуси тиббӣ супоришҳо дода шуд. Аз рӯи масъалаҳои дар ҷамъомад муҳокимагардида маълумоти роҳбарони масъул шунида шуд.
ӮзА.