САМТҲОИ ПЕШОМАДНОКИ РУШДИ ҲАМКОРИИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ

Айни замон дар сиёсати хориҷии Ӯзбекистон, пеш аз ҳама, ба мустаҳкам кардани муносибатҳои тарафайн бо мамолики ҳамсоя аҳамияти алоҳида дода мешавад.

Хусусан, робитаи мо бо Тоҷикистон хеле тақвият меёбад, ки онро возеҳ эҳсос кардан мумкин аст.
Маълум аст, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ мамлакатҳои бо якдигар пайванд ба ҳисоб мераванд. Дар давоми се соли охир ба туфайли сиёсати ташаббускорона ва саъю ҳаракати зиёди роҳбари мамлакати мо Шавкат Мирзиёев муносибатҳои тарафайни байни ду давлат аз нав барқарор гардиданд. Хусусан, 9-10 марти соли 2018 баъди ташрифи роҳбари Ӯзбекистон ба Тоҷикистон барои робитаҳои дуҷониба саҳифаи нав боз шуд.
Айни замон байни ду мамлакат дар самтҳои саноат, энергетика, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ ва ғайраҳо лоиҳаҳои муфиди кооператсионӣ амалӣ мешаванд. Агар соли 2018 ҳаҷми мубодилаи моли тарафайн  64 фоиз (390 млн. доллари ИМА) зиёд шуда бошад, дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ин нишондиҳанда 22 фоиз (304,4 млн. доллари ИМА) афзуд. 
Дар байни марзҳои ҳамҳудуд мубодилаҳо дар соҳаҳои маданиву гуманитарӣ вусъат меёбанд. Риштаҳои дӯстии ҳарду миллат аз нав барқарор ва мустаҳкам гардиданд. Бинобар маълумоти омори расмӣ танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ беш аз 5,1 млн. шаҳрвандон рафтуомад кардаанд. 
Дар равиши мувозӣ ба мустаҳкамсозии робитаҳои байнипарлумонӣ низ эътибори алоҳида дода мешавад. Ба наздикӣ ба кишвари мо ташриф овардани ҳайат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба ин робитаҳо боз ҳам тақвият бахшид. Дар аснои ташриф байни парлумонҳои ду мамлакат дар рӯҳияи дӯстона ва ошкоро як қатор вохӯриҳо ба амал омаданд, дар онҳо пешомади минбаъд ривоҷ додани робитаҳои муфиди тарафайн васеъ муҳокима гардиданд. 
Аз ҷониби роҳбари давлати мо Шавкат Мирзиёев қабул гардидани раиси парлумони Тоҷикистон барои минбаъд ба зинаи баланд бардоштани робитаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, рӯҳияи нав бахшидан ба муносибатҳои байнипарлумонӣ ба сифати асос хизмат мекунад.
Дар доираи ташриф байни Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва палатаи поёнии парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳамкории байнипарлумонӣ Созишнома ба имзо расид. Дар Созишнома самтҳои пешомадноки рушди ҳамкории байнипарлумонӣ  дақиқ зикр гардидааст. Хусусан, ба масъалаҳои мунтазам ба роҳ мондани мубодилаи ҳайатҳои парлумон, бино бар эҷоди қонун ва фаъолияти назорату таҳлил мубодилаи таҷрибаи тарафайн эътибори зиёд дода шудааст.
Чунончи, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкории доимӣ дар байни кумита ва комиссияҳои парлумони ҳарду гурӯҳ гурӯҳҳои депутатӣ, девонҳо, офаридани ҳуҷҷатҳои қонун ва амалиёти қабул кардани онҳо, омӯхтани таҷрибаи фаъолияти парлумон дар Созишнома самтҳои пешомаднок мисли мубодилаи ҳайатҳои тарафайн  акси худро ёфт. 
Дар Созишнома дар конфронс ва форумҳои байналхалқие, ки дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ташкил карда мешаванд, таъмин намудани иштироки намояндагони парлумонҳои ҳарду мамлакат низ ба сифати самти муҳими ҳамкорӣ эътироф карда шуд.
Дар Созишнома, ҳамчунин, аз рӯйи масъалаҳои байналхалқии дорои манфиати дуҷониба гузарондани машваратҳо, дар доираи конфронс ва ташкилотҳои байналхалқӣ ба амал татбиқ кардани ҳамкорӣ ва ба ҳамдигар кӯмакрасонӣ алоҳида қайд гардида, бо мақсади якҷоя баланд бардоштани самаранокии фаъолият мавҷуд будани имкони роҳандозии механизми доимоамалкунандаи ҳамкории байнипарлумонӣ қайд шудааст.
Созишномаи мазкур, бидуни шубҳа, барои баланд бардоштани фаъолияти парлумонҳо дар роҳи минбаъд ривоҷ додани ҳамкории ду мамлакат, хусусан, ҷорӣ кардани назорати парлумонӣ бобати сари вақт ва хушсифат иҷро шудани созишнома ва шартномаҳои тӯли се соли охир дар соҳаҳои савдову иқтисодӣ, илмиву техникӣ, маблағгузорӣ ва технологӣ, маданиву гуманитарӣ, нақлиёту коммуникатсия  ва ғайраҳо  имзошуда аҳамияти бузург дорад.
Ба сифати хулоса бояд ҳаминро эътироф кард, ки солҳои охир бобати мустаҳкамсозии муносибатҳои  мардумони тоҷику ӯзбек қадамҳои муҳим гузошта шуданд. Дар муносибатҳои тарафайн дигаргуниҳои мусбат ва бемисл содир гардиданд. Ба туфайли саъю ҳаракати бевосита ва иродаи сиёсии роҳбарони мамлакатҳо дар чунин шароите, ки дар байн муҳити конструктивӣ ба вуҷуд омадааст, вазифаи асосии мо — депутатҳо минбаъд таҳким бахшидани робитаҳои дӯстии тарафайн ва некҳамсоягии аз нав ҷоннокшуда, минбаъд ба ҳамдигар наздик кардани ду халқ мебошад. Зеро бародарии  халқҳои ӯзбеку тоҷик омили муҳими некҳамсоягӣ, осоиштагӣ, бехатарӣ ва рушди барқарор дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. 

Қодир ҶӮРАЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: