Дар шаҳри Тошканд баргузории Фестивали байналхалқии санъати тасвирӣ ва амалӣ давом дорад.
Дар шаҳри Тошканд баргузории Фестивали байналхалқии санъати тасвирӣ ва амалӣ давом дорад. Ин ҷашнвора таҳти шиори “Дар Ӯзбекистони нав озод ва фаровон зиндагӣ кунем!” баргузор мегардад.
19 апрели соли равон маросими ифтитоҳи ин ҷашнвора ба вуқӯъ пайваст.
– Соли 14-ум аст, ки ин фестивалро баргузор мекунем ва дар он муваффақиятҳои рассомон ва муассисаҳои ихтисосии мамлакат, ғоя ва лоиҳаҳои марбут ба санъати бадеӣ намоиш дода мешаванд. Он як ҳафта давом мекунад ва дар барпо намудани ин чорабинии доманфарох вазорат, идора ва иттиҳодияҳои эҷодӣ низ саҳм мегиранд, – изҳор кард раиси Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон Акмал Нур.
Маълум шуд, ҷавононе, ки дар ин фестивал бо маҳсули эҷоди худ ширкат мекунанд, соҳиби сертификат хоҳанд шуд. Ҳамзамон ғолибони он нишонҳои тиллоӣ, нуқра ва биринҷиро низ ба даст меоваранд.
– Дар айни ҳол ҷавонони лоқайду бетафовут низ кам нестанд ва ин ҳол ба ҳамаи мо маълум аст. Мо аз тариқи роҳандозии ин гуна чорабиниҳо чунин ҷавонони хуфта ва дилсардро бедор мекунем ва барояшон имкониятҳои фаровон фароҳам меоварем, – гуфт Акмал Нур.
Масъалаи дигар он аст, ки шахсони ғайримутахассис ба корҳои онҳо халал мерасонанд ва дар байни онҳо роҳбарони идораҳои давлатӣ низ мавҷуданд. Агар онҳо машғули кори худ шаванд ва ривоҷи ин соҳаро ба дасти мутахассисонаш ҳавола намоянд, нур болои нур хоҳад шуд. Мо соҳибони иқтидорро меҷӯем, дар оянда барояшон барномаҳои хос тартибу таълиф мекунем. Ба онҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намудан маънои онро дорад, ки соҳа ривоҷ меёбад ва ҷавонон бештар ба офаридани асарҳои хубу дилпазир кӯшиш мекунанд. Гузашта аз ин, сулолаҳое ҳастанд, ки ба эътибори хос эҳтиёҷманданд. Ба воситаи онҳо мо омӯзиши мероси ниёконро ба роҳ мемонем ва ин омӯзишро идома медиҳем.
Гуфта шуд, ки аксари ҷавонон аз соири вилоятҳои ҷумҳурӣ ба шаҳри Тошканд даъват шуданд. Онҳо пойтахтро тамошо карда, бо ҷараёни корҳои зиёд ошно шуданд. Ба гуфтаи Акмал Нур вақти он расидааст, ки ҷавонони иқтидорноку бомаҳорат ба хориҷа фиристода шаванд, аммо дар ин маврид кумакҳои молии зиёд тақозо мегардад, ки умедвор аст ин масъала низ ҳаллу фасл хоҳад шуд.
– Агар дунёгиршавии бемории куруно халал намерасонд, дар фестивали чордаҳуми санъати тасвирӣ ва амалӣ меҳмонони зиёд аз соири кишварҳои Осиё, Аврупо ва Амрико даъват карда мешуданд. Ин дафъа дар фестивали мо намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналхалқии муқими кишварамон ширкат варзиданд, – гуфт раис.
Хазинаи “Илҳом” барои ҷашнвора 30 миллион сӯм ва ниҳодҳои давлатӣ 62 миллион сӯм маблағ ирсол намудаанд.
Мақсади баргузор намудани фестивали байналхалқӣ таҳти шиори “Дар Ӯзбекистони нав озодона ва фаровон зиндагӣ мекунем!” бештар соли “Пуштибонӣ аз ҷавонон ва мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ”-ро мадди назар гирифтааст. Аз ин лиҳоз, дастандаркорони фестивал бо таваҷҷӯҳи бештар додан ба ҷавонони шаҳру вилоятҳои кишварамон иктифо хоҳанд кард.
Дар ҷараёни боздид аз Фарҳангистони бадеӣ Президенти мамлакатамон дастур дод, ки ба масъалаи ривоҷи санъати хаттотӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир кунем. Барои ҳамин мо ин масъаларо хеле мӯшикофона баррасӣ намудем. Мо хаттотоне дорем, ки метавонанд ҷавонони ҳавасмандро дар ин ҷода низ гирдиҳам оваранд ва тарбия кунанд, – изҳор намуд Акмал Нур.
Ногуфта намонад, ки дар толори Марказии намоишгоҳҳои бадеӣ вернисажи кайҳо интизорбудаи “Самарқанд – марвориди Шарқ”, ҳамчунин осори рангтасвир, графика, санъати амалии рассомон низ намоиш дода шуданд.
Дар чаҳорчӯби ин фестивали байналхалқӣ роҳандозии тақдимоти лоиҳаи “Ниҳолҳои эҷод”-и шуъбаи кор бо ҷавонони эҷодкори Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон низ барномарезӣ шудааст. Ҳамзамон дар осорхонаи Санъати миниатюраи Шарқи ба номи Камолиддин Беҳзод намоиши хусусии асарҳои академики Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон Ниёзалӣ Холматов таҳти унвони “Сюитаи Шарқ” баргузор гардид.
Дар рӯзҳои фестивали байналхалқии Санъати тасвирӣ ва амалӣ дар ҳамаи толорҳои Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон дарси маҳорат низ гузаронида шуд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
“Овози тоҷик”.