Банда ҳанӯз дар пажӯҳиш шогирд ҳастам.
Бо вуҷуди ин, тасмим гирифтам, ки дар боби пажӯҳиши соҳаи санъати сухан ҷуръат кунам.
Ҳофизи Шерозӣ бузургтарин шоири ғазалсарои ошиқонаву орифона аст. Пеш аз Ҳофиз шоирони бузурге, монанди Ҷалолуддини Балхӣ ва Саъдии Шерозӣ ғазали ошиқонаро ба ҳадди камол расонда буданд. Ҳофиз ду шеваи ғазалсароии адабиёти форсӣ-тоҷикӣ – ошиқона ва орифонаро бо ҳам омехт ва сабке ба вуҷуд овард. Ҳарчанд шоирони зиёде аз ӯ пайравӣ карданд, аммо касе ба пояи ӯ нарасидааст.
Яке аз сабабҳои асосии машҳур гардидани ғазалҳои Ҳофиз ин дар матлаб истифода бурдани санъатҳои бадеӣ аст.
Муҳимтарин санъати бадеӣ, ки дар ғазалиёти ӯ бештар ба кор рафтааст, санъати талмеҳ аст.
Талмеҳ яке аз санъатҳои бадеӣ мебошад, ки ду рукни онро ин ҷо меорем:
1. Ишора, нигоҳи сабук ба сӯйи чизе.
2. Ишора кардани шоир дар шеъри худ ба қисса ё масали маъруфе, ки дар заминаи ин тааммули худро мухтасар баён мекунад.
Намунаи санъати талмеҳ дар ғазалиёти Ҳофиз:
Падарам равзаи ризвон ба ду гандум бифурӯхт,
Нохалаф бошам, агар ман ба ҷаве нафрӯшам.
Дар ин байти Ҳофиз низ талмеҳ ҳаст, ки шоир бо калимаи «падарам» ба сарнавишти ҳазрати Одам (Одамато), ки гӯё хилофи фармони Худо гандуми мамнӯъро хӯрда буд ва Худо ба ғазаб омад ва ӯро аз ҷаннат пеш кард, ишора намудааст.
Ё байти дигар:
Ин ҳама шуъбадаи хеш, ки мекард ин ҷо,
Сомирӣ пеши асову яди байзо мекард.
Дар ин байт низ ба Сомирӣ ишора кардааст, ки соҳири асотирӣ будааст. Вақте Мӯсо (а) ба Тури Сино рафта ва даҳ рӯз диранг кард, Сомирӣ дар ин фурсат аз тиллою ҷавоҳирот гӯсолаи заррине сохт. Ҳангоме ки бод ба зери гӯсола дамида мешуд, аз гулӯи ӯ овозе берун меомад. Мардум аз тамошои он фирефта шуданд ва аз дин баргаштанду гӯсолапараст шуданд. Мӯсо бозгашт ва гӯсоларо пора-пора намуда, ба дарё партофт. Инчунин ба асо ва яди байзо (дасти сафед), ки аломати мӯъҷизаи Мӯсо буд, талмеҳ аст.
Ганҷи Қорун, ки фурӯ мешавад аз қаър ҳанӯз,
Хонда бошӣ, ки ҳам аз ғайрати дарвешон аст.
Дар ин байти Ҳофиз низ ба ҳикояти Қоруни судхӯри асотири исроилӣ, ки бинобар ба Мӯсо имон наоварданаш гӯё ӯро ҳанӯз замин ба қаъри худ мекашад, талмеҳ шудааст.
Юсуфи гумгашта боз ояд ба
Канъон, ғам махӯр,
Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр.
Юсуф – ишора ба Юсуф писари Яъқуб, ки бародаронаш аз рашку ҳасад ӯро аз падар ҷудо карданду ба ғуломӣ фурӯхтанд, баъд аз чандин сол падару писар ба дидори якдигар расиданд. Юсуф ин ҷо истиора аз маҳбуб аст. Канъон маскани Яъқуб ва зодгоҳи Юсуф буд. Кулбаи эҳзон: дар луғат ба маънии хонаи ғам, мотамсаро, хонаест, ки Яъқуб баъд аз ҷудоӣ аз Юсуф берун аз шаҳри Канъон сохта буд ва дар фироқи Юсуф мегирист, инҷо ҳамон талмеҳ аст.
Эй дил, ар сели фано бунёди ҳастӣ барканад,
Чун туро Нӯҳ аст киштибон, зи тӯфон ғам махӯр.
Нӯҳ аз пайғамбарони бани Исроил аст, ки ба ҷуз чанд нафар аксари қавми Нӯҳ ӯро нагаравиданд. Худованд ба Нӯҳ фармон дод, ки киштӣ созад, вақте ӯ бо сохтани киштӣ машғул буд, мардуми қавмаш вайро масхара мекарданд. Нӯҳ қавмашро нафрин хонд ва дуои ӯ мустаҷоб шуду аз танӯри занаш тӯфон сар зад ва тамоми замин зери об монд. Онҳое, ки имон оварда буданд, ба киштӣ нишастанду халос шуданд. Ҳама қавми Нӯҳ, ки кофир шуда буданд, ҳалок гардиданд.
Оинаи Сикандар ҷоми май аст бингар,
То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро.
Дар ин ҷо Оинаи Сикандар талмеҳ аст, ки ин оинаро Арасту – устоди Искандар сохта ва бар сари манораи Искандария насб карда буд, то аз аҳволи Фаранг (Аврупо) огоҳ бошад. Шабе посбонон дар хоб монданд ва фарангиён ин оинаро дар об андохтанду Искандарияро ғасб карданд. Доро подшоҳи охирини Ҳахоманишиҳост, ки аз дасти Искандари Мақдунӣ шикаст хӯрду кушта шуд.
Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.
Дар ин ҷо “бори амонат” талмеҳ аз сураи «Аҳзоб», ояти 72-юм аст. «Мо бори амонатро ба осмонҳо ва заминҳо арза доштем, ҳама аз бардоштани ин бор шона холӣ карданд ва ҳаросон шуданд, вале инсон ба зери ин бор рафт, чи ситамкашу ноогоҳ буд».
Мурод аз “мани девона” ҳазрати Одам аст, ки бори амонатро қабул кард.
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Ҳафтоду ду миллат: талмеҳ аз ҳадиси набавӣ: «Ҳамоно уммати ман пас аз ман ба ҳафтоду се фирқа пароканда хоҳанд шуд. Фирқае аз онҳо растагору ҳафтоду ду фирқаи дигар дар дӯзах хоҳанд буд». Миллат ин ҷо ба маънии дину ойин ва ҳафтоду ду миллат ишора ба мазҳабҳои гуногун дар дини Ислом аст.
Санъати талмеҳ дар ғазалҳои Ҳофиз мавқеи муҳимро ишғол мекунад, зеро ин навъи санъат дар байтҳои зиёди ӯ фаровон ба кор бурда шудааст.
Шоҳрух ҶАЛОЛОВ,
донишҷӯи гурӯҳи тоҷикии
факултаи филологияи ДДФ.