САНЪАТИ ҲУНАРМАНДИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАЛАЙЗИЯ НАМОИШ ДОДА ШУД

Ӯзбекистон дар ҷашнвораи байналхалқии санъат ва фарҳанг иштирок дорад.

Дар шаҳри Путраҷая (Малайзия) ҷашнвораи байналхалқии санъат ва фарҳанг бахшида ба мавзӯи «Бартариҳои мусиқӣ ва вокали олами ислом» баргузор мешавад.
Ҷашнвораи мазкур мероси фарҳангиву бадеӣ, аз ҷумла ҳунармандиро намоиш медиҳад, ҳамчунин бо ҳунари  халқҳое, ки ба ислом эътиқод доранд, шинос менамояд. 
Бо кӯмаки сафоратхонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Малайзия дар ҷашнвора маҳсулоти зиёди ҳунармандони Ӯзбекистон низ ба намоиш гузошта шудаанд. Дар чорабинӣ ҳамчунин намояндагони Бангладеш, Бруней, Индонезия, Эрон, Кувайт, Малайзия, Марокаш, Таиланд, Туркия ва кишварҳои дигар иштирок мекунанд. 
Маҳсулоти сафолии устоёни кишвари мо, ки бо ороиши аҷиб ва техникаи нодири тайёркунӣ тафриқа доранд, боиси рағбати зиёди иштирокдорон гардиданд.
– Мо маснуоти дастисохт, аз ҷумла лавҳ-китобмонак, маҳсулот аз сафол ва чинӣ бо истифодаи рангҳои табиӣ, лӯхтакҳоро пешниҳод мекунем, – мегӯяд ҳунарманд Олимҷон Рустамов. – Ман бовар дорам, ки намоиши маҳсулоти мо дар бозори байналхалқӣ ба фароҳам омадани ҷойҳои иловагии корӣ дар Ӯзбекистон мусоидат ҳоҳад кард. 
Тамошобинон ба матоъи шоҳии табиии Ӯзбекистон, сару либоси тайёри милливу анъанавӣ, курта аз атласу адрас, маҳсулоти зардӯхт, намунаҳои анъанавии чӯбкорӣ ва филизотӣ, миниатюраҳо бо акси қаҳрамонҳои таърихии миллӣ ва гуногунранг бештар эътибор медиҳанд.

ОИ «Дунё», 
КУАЛА-ЛУМПУР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: