Бо иштироки маркази миллӣ-мадании ӯзбекҳои Рязан «Алмаз» (роҳбараш Зулайхо Қодирова) байни шаҳрҳои Рязан ва Бухоро алоқаҳои дӯстона вусъат меёбанд.
Соли ҷорӣ дар ҷашнвораи «Абрешим ва зиравор»-и Бухоро 26 нафар рязаниҳо ширкат ҷуста буданд.
Дар Рязан Анҷумани байналхалқии шаҳрҳои бостонӣ баргузор шуда, дар он намояндагони 33 давлат иштирок карда буд. Бояд таъкид намуд, ки имсол дар Русия Соли театр эълон шудааст.
Ба муносибати 931-солагии шаҳри Рязан ба ин ҷо аз даҳ давлат даҳ театр даъват шуд. Байни онҳо Театри драмаи мусиқии вилояти Бухоро низ ба чашм мерасад.
Барномаҳои консертии санъаткорони бухороӣ, аз ҷумла баромадҳои ҳунарпеша Содиқ Муродов, сурудҳои Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон Нишон Отамуродов, раққоса Замира Аминова намоиши мазҳакаи «Арӯс аз хориҷа ё тӯйи бухороӣ»-и З. Солиева бо иштироки ҳунарпешагони шоистаи ҷумҳурӣ Саодат Ғуломова, Раъно Ҳошимова, актёрон Раҳимҷон Эргашев, Анвар Мавлонов, Рустам Раҳматов, Фарангис Аҷалова ва дигарон диққати мизбононро ба худ ҷалб кард.
Суҳбатҳои дилкаши мизбонон дар мавзӯъҳои Умари Хайём ва Алишер Навоӣ меҳмононро шод кард.
Дар маросими пӯшидашавӣ губернатори шаҳр Н. Любимов ба меҳмонони ӯзбекистонӣ арзи сипос намуд ва туҳфаҳо супурд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.