САНГГАРДАКИ МӮЪҶИЗАВӢ

Ҳар як гӯшаи Ватани азизамон зебо аст, вале шаршараи Санггардак, ки дар кӯҳсори ноҳияи Сариосиё ҷой дорад, беҳамтост.

Санггардак калимаи тоҷикӣ буда, аз калимаҳои санг ва гардак, яъне гаштан иборат мебошад. Вай дар деҳаи Хоҷаи Хубон аст. Ин мавзеи хушманзар, ки дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст, аз қадимулайём диққати мардумро ба худ ҷалб намудааст. Мардум аз гӯшаву канори Ватан омада, ин ҷойҳоро зиёрат мекунанд, оби софу зулол ва яхмонанди онро нӯши ҷон намуда, дам мегиранд.
Номи дигари Санггардак – Шаршарамазор аст. Вай аз маркази ноҳияи Сариосиё дар масофаи 52 километр дуртар ҷойгир мебошад. Роҳи тахту ҳамворро, ки аз як тарафаш бо шӯру фиғон дарёи шӯх ҷорӣ асту дар тарафи дигараш кӯҳҳои сарбафалаккашида қад рост кардаанд, тай намуда, чашматон ба навиштаҷоте вомехӯрад, ки бо ҳарфҳои калон «Санггардак» навишта шудааст. Роҳро хеле давом диҳед, ба дараи Хондиза меравед. Аммо ин роҳи чун кафи даст тахту ҳамвори тарафи чап пас аз андаке шуморо ба Шаршарамазор мерасонад. Пас аз тай намудани ин роҳ бо мӯъҷизае рӯ ба рӯ мегардед. Дар баландӣ синаи камарро шикофта оби зиёде берун меояд ва ба поён ба шаршара табдил ёфта мерезад. Бо дидани ин манзара худро дар олами афсонаҳо эҳсос мекунед.
Солҳои пешин шаршараро аз поён истода тамошо мекарданд. Дар солҳои наздик роҳравҳои оҳанин сохта шуд, ки шуморо то боло мебарад.  
Мисли он, ки борони сахт борида истода бошад, об бо суръати баланд ба поён мерезад, бо шамолаш обрезаҳо ба рӯю мӯи шумо расида, як ҳаловати аҷибе мебахшад. 
Ин оби мӯъҷизавии ба шаршара табдилёфта ба воситаи ҷӯйбор не, балки аз дили кӯҳ чун фаввора зада мебарояд. Шаршарае, ки дар баландии аз сатҳи баҳр 2000 метр ва аз замин 120 метр ҷорӣ мешавад, як эҳсони табиат барои мо мебошад.
Бо мақсади ба манзили дамгирӣ ва табобати мардум табдил додани Санггардак дар мавзеи сояву салқини деҳаи Хоҷаи Хубон санатория сохта шудааст.
Табиати ин мавзеъ хеле дилкашу назаррабост. Дар ин ҷо флора ва фаунаи гуногунро дучор меоем. Аз қаторкӯҳҳои Ҳисор дарёҳои Тӯпаланг (Ниҳонруд), Оби Заранг, Оби Харкуш ва Оби Сиёҳ ҷорӣ гардида, дар деҳаи Сурхонбошӣ – начандон дуртар аз деҳаи Меҳнати ноҳияи Узун ба дарёи аз замини Тоҷикистон ҷории Қаратоғ ҳамроҳ мешавад ва номи Сурхонро мегирад.
Санггардак дорои табиати рангоранг буда, олами наботот ва ҳайвоноти бой дорад. Оҳуи кӯҳӣ бо номи ҷайрон, гургу шағол, харгӯшу рӯбоҳ, паланг, хирси хокистарранг, инчунин паррандагони ноёб зиндагӣ мекунанд. Дарахтони арча, писта, чормағз, бодом, себу нок, ҳулӯл, қарақот ва ғайра месабзанд.
Симои деҳаҳои атрофи шаршараи Санггардак рӯз то рӯз зебою дилрабо мегардад. Роҳҳои тахту ҳамвор, биноҳои нави замонавӣ ба ҳусни деҳаҳо ҳусни нав мебахшанд. Дар ин деҳаҳо асосан тоҷикон зиндагонӣ мекунанд. Инсонҳои нек барои ободии диёри хеш мекӯшанд. Дар деҳаҳо ғайр аз истироҳатгоҳу санатория мардум меҳмонхонаҳо сохтаанд.
Инчунин, сохтмони санаторияи нав давом дорад. Вай бояд ҳафтқабата сохта шавад. Дар санатория табобат намудани бемориҳои аллергӣ, этиология, системаи асаб, роҳҳои нафас дар назар дошта мешавад. 
Дар вақтҳои охир барои тамошои шаршараи Санггардак, аз ҳавои тозаи он нафас кашидан ва дам гирифтан зери дарахтони сояву салқинаш баробари сокинони ватанамон аз хориҷ сайёҳон меоянд. Афзун намудани салоҳияти сайёҳии шаршара, мардуми зиёдеро ҷалб намудан муҳимтарин масъала ба шумор меравад.
Деҳаҳои кӯҳии Хондиза, Хаҷаасмин, Чош, Пушти Варақ, Карсаку Ӯрах ва ғайраҳо ҳар яке як олами кашфнашудаанд. Агар роҳҳои ин деҳаҳо ободтар гардида, дар ин масканҳои мӯъҷизавӣ истироҳатгоҳҳо ташкил мегардиду салоҳияти сайёҳӣ баланд бардошта мешуд, нуран аъло нур мебуд!

Ӯғулой ҶӮРАБОЕВА, 
ноҳияи Узуни 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: