Нормурод Норқобилов соли 1953 дар деҳаи Қишлиқи ноҳияи Яккабоғи вилояти Қашқадарё зода шудааст.
Соли 1970 мактаби миёнаи ба номи Ҳамид Олимҷонро хатм мекунад. Пас аз адои хидмати низомӣ (1971–1973) дар корхонаҳо бо пешаи челонгарӣ, дар депои роҳи оҳан ҳамчун таъмиркори вагон ва дар истгоҳҳо бо кори ҳаммолӣ машғул мешавад.
Нависанда омӯзиши олиро дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тошканд (ҳоло Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон) фаро мегирад. Пас аз хатми донишгоҳ як сол дар идораи рӯзномаи «Тошкент оқшоми» ифои вазифа мекунад. Аз соли 1983 инҷониб дар Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон машғул ба кор аст. Дар ин давраи фаъолияти худ дар ҷараёни ба наворгирӣ ва омодасозии барномаҳои телевизионии саёҳатии «Ғори Темур», «Дар миёни ду дарё», «Пайроҳаҳои тамаддун» ширкат варзидааст, ки пайрави он қиссаҳои «Саги ҷангалзор», «Гарданаи сафед», «Одами кӯҳистонӣ», «Жӯлидамӯй», «Гурги дастёфта ба авул» эҷод шудаанд.
Нахустин ҳикояи адиб «Чорраҳа» (1982) аст. То имрӯз бештар аз даҳ китоби нависанда иборат аз ҳикоя ва қиссаҳояш ба табъ расидаанд, аз ҷумла: «Дарёчаи нилгун» (1987), «Оҳанги фаромӯшшуда» (1990), «Рӯ ба рӯ» (1993), «Жӯлидамӯй» (1997), «Гули зард» (1998), «Гунҷишки зудранҷ» (1999), «Кулбаи сапедранги истгоҳ» (2000), «Дарёи ноором», «Гурги дастёфта ба авул» (2005), «Рӯзи бӯронӣ» (2007), «Дар дашту саҳро» (роман, 2009), «Одами танҳо дар кӯҳ» (2011), «Аз пайи Амир Темур» (2016). Асарҳои адиб ба забонҳои русӣ, қазоқӣ, белорусӣ, қирғизӣ, тоторӣ, арабӣ, туркӣ, чинӣ ва ғайра тарҷума шудаанд. Бар асоси қиссаҳои ӯ филмҳои тасвирии «Диёри офтобӣ», «Камарбанд», «Шим ё даъвои бонувон» бардошта шудааст.
Нормурод Норқобилов Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон ва дорандаи медали «Шуҳрат» аст.
Пас аз он ки Эралӣ аз тӯю сури ошноёни кӯҳистонии худ баргашта омад, ба сари қабри модараш гузоштани лавҳасангро шуниду доду фиғонаш ба фалак печид. Вақте ки бародар ҳаст, санги қабр мондани хоҳар чӣ маънӣ дорад?! Пурсидан не, аз пеши кас гузаштан не... Одамҳо чӣ мегӯянд? «Писар нашуда мур-е, ақаллан хоҳарат барин иродат надоштаӣ» гӯён мазоҳ намекунанд? Онҳо аз куҷо донанд, ки бар сари ин кори хунук домод истодааст? Дар худ нест, дар олам нест, агар имрӯзу фардо нагуфта, каме бармаҳал ҳаракат мекард, ин ҳангомаҳо пеш намеомад. Ҳоло бошад...
Яке андешид, ки раваду бо домод дасту гиребон шавад, «дар зинда буданаш ба қадраш нарасидеду пас аз мурдан аз пайи иззат медавед» гуфта хоҳарашро ба шӯр орад. Аммо дар муқобили домоди хирсҷуссаю писарони қадду қоматдори ӯ нотавониашро ҳис карда, дар назди гапдонии хоҳар низ мулзам мондани худро тасаввур карда, аз раъяш гашт. Пешонӣ чин кард, аз пайи ҷустуҷӯйи чораи дигар шуд.
Ва, чораашро ёфт!
Рӯзи дигар субҳидам зуд ба маркази ноҳия рафту рост ба устохонаи сангтарош даромад. Ба ӯ санги қабр супориш дод. Марди сангтарош аз зери абрӯвони пурпушти худ аввал ба сурат, сипас ба навиштаҷоти рӯйи коғаз чашм давонда, бо тааҷҷуб гуфт:
– Чанде пеш барои ин кас сохта будам, аз санги мармари сапед.
– Ҳа, он... шикаст, – пушти сар хорида дурӯғ гуфт Эралӣ, – ва... ба ман ҳам писанд наомад. Инашро аз мармари сиёҳ бисозед. Нақшу нигораш бисёр бошад, дар зери акс чаҳор мисраъ шеър ҳам илова кунед.
Сангтарош нӯги бинии дарозашро молида, бо нигоҳи озмоишкорона пурсид:
– Ба харҷи он тоб меоваред?
– Ғами пулашро нахӯред, бародар!
Эралӣ аз устохонаи сангтарош по ба берун ниҳода, озод нафас кашид. Худро хеле боҳуш ҳис кард. Беҳуда дасту гиребон нашуда, ба сари гӯри модар санги созондаи худашро насб мекунад, тамом-вассалом.
Як алам кунад!
Одамон бубинанду бифаҳманд, ки зоти писар зинда аст, рӯзи модар ба домоду духтараш намондааст.
Ӯ бо домоди худ қаҳрӣ буд.
Аз домоди калондимоғ аввалҳо низ хушаш намеомад. Дар ёд дорад, як рӯз ин домоди нодон, ки худро аз ҷумлаи бойҳои деҳа мехонаду дигаронро ба як пашиз намегирад, гапи ғалатие зада монд. Гӯё ки як замон ин заминҳо мулки кадом як бобокалонаш будааст, он сӯ то дарёча, ин тараф то талу теппа... Яке аз рӯзҳои гарми баҳорӣ буд. Онҳо бар сари теппа давра зада, хӯрдаю нӯшида менишастанд. Лаълӣ пури гӯшт, дар паҳлу чандин шишаи пуру холӣ, кайфу сафо бепоён... Дигарон ба худситоиҳои домоди камҳуш таваҷҷуҳ накарданд, аммо ин гапи вай ба Эралӣ сахт расид. Ӯ бо таассуф гуфт:
– Пас, мо резахор ҳастем?
– Ба ҳамин монанд, – домод лабу даҳонашро инҷ карда, шумханд зад. – Аммо ин факт, ҳамаи шумо рӯзатонро аз замини бобокалонам мегузаронед.
Дар ҳоле ки дасташро аз табақ мекашид, Эралӣ аз ҷойи паҳлузадаи худ нигоҳе маҳзун ба атроф дӯхт. Деҳаи ба гӯшаю канор паҳну парешоншуда, саҳрои васеъ, талу теппаҳои дуродур, онсӯтар дарёчаи ҷомонда дар миёни найзор яке-яке аз нӯфи нигоҳаш гузаштанд, аз пайи хотираҳо саъй кард таърихи аҷдодро дар мағзи зеҳнаш падид оварад. Чун пай бурд аз бобокалонаш он тарафтар чизеро намедонад, афсӯс хӯрд. Дигар, аз шунидаҳою фаҳмидаҳои арангу норавшан гузаштаро ба наҳви худ тасаввур карда, як ривояти «бомаза» бофт.
Аз рӯйи ривояти бофтаи ӯ, ин замин, ҳатто дашти он самти дарёча, ки бо хати уфуқ мерасад, ба бобокалони вай тааллуқ дошт. Бобои манқаи домод дар дасти ӯ як чӯпони оддӣ буд. Бобокалонаш чунон моли бисёр дошт, ки дар дашту саҳро намеғунҷид. Боре баробари расидани баҳор аз чизе дили бобокалон нарм шуда, ҳама чӯпону хидматгоронро ба назди худ садо мезанад ва ба ҳар яке даҳтоӣ гӯсфанд ҳадя мекунад. Бобои паканаи домод ана ҳамон дам соҳиби мол мешавад... Ривояти бофтааш хеле мароқангез буд. Вале ин афсона ба домод хуш наомад. Бо камоли беандешагӣ ӯро, яъне касеро, ки мисли худаш соҳиби сад сар гӯсфанд буд, «пойлуч» гӯён ҳақорат дод. Дар натиҷа, чойники аз чой нимашуда ба сӯйи домод «парид»-у шонаи ӯро лесида гузашт. Аз сӯйи вай бошад, пиёлаи майолуд «бол баровард». Сипас, навбат ба табақу тақсимчаҳо расид. Якеро пешониаш шикасту дигареро пилкҳояш кабуду обӣ гашт. Рӯҳи бобокалонҳое, ки устухонҳояшон аллакай дар хок пӯсидааст, зери по шуд. Гапҳое бо таҳқиру киноя рӯйи ҳам рехт, ба якдигар наҳ мезаданд: «аввал чӣ будам нигори гулмижа шудам»...
Сипас, ӯро аз сари дастархони домод тела-тела дода бадар ронданд.
Эралӣ ба поин сарнишеб шуда, дар миёни теппа як дам воистод. Ба назараш чунин намуд, ки ӯ барои бофтани ин гуна ривоят асос ҳам дошт... Падараш як замон ба ин монанд гапҳоеро гӯшзад карда буд. Раҳматӣ низ гузаштаро возеҳ намедонист, ба наҳве фараз мекард. Дар бораи амакаш, ки чандин сол остонаи мадрасаи шаҳрро бӯсида, ба деҳа баргашта муллоӣ мекардааст, бисёр ҳарф мезад. Ҳатто падари худро ба он дараҷа ба ёд намеовард. Мегуфт, ки «амаки пурозорам ба хотири босавод кардани одамон зиёд ҳирс мехӯрд. Тӯрабою Эсанбой, Гелдибою Ирисбой агарчи пеши одамон буданд, аз ҳангомаю нишастҳо сар намебардоштанд, коре надоштанд, ки мардум чӣ ҳол дорад. Ҳар яке болои зан зан гирифта, мисли шутури маст аррас зада мегашт. Амакам бошад, ғами мардумро хӯрда дар Кататеппа мактаб кушод – як хона бо айвонаш. Обрӯманд шуд, дар канори дӯст душманаш ҳам бисёр гардид. Дар солҳои гирудор ба дасташ ишкел баста, сибир карданд. Аз он ҷо на мурдааш баргашту на зиндааш».
Давом дорад.
Аз забони ӯзбекӣ тарҷумаи
Юнуси ИМОМНАЗАР.