Сози ин кӯҳсор ғайр аз нола оҳанге надошт, Орамидан ин қадарҳо кард сангин сангро. (Бедил).
Субҳидам. Охирин ҷеғи хурӯсони деҳот қатъ мегардид. Аввалин нурҳои тиллогуни Офтоб аз уфуқ сар бардошта, қуллаҳои Хоҷабаркӯҳ ва Хоҷапиркӯҳро музайян месохт, ки дарвозаи усто Абдусаломи сангозморо тақ-тақ заданд.
– Ҳозир-ҳозир! – гӯён усто калӯш ба нӯги по гирифтаю саллаи кабуди пешоварии худро раҳораҳ печонда, таги дарвоза расид ва занҷири онро шараққас занонида кушода гуфт: «Э, ассалом!»
– Ваълекум ассалом! Хайрият, дар хона будаед, – гӯён Бобораҳими сангшикан аз аспи самандаш фуромад. Бағал кушода бо ҳам вохӯрданд.
Ду ҷавонмарди тахминан бисту дусолаи корҷомапӯш дасти адаб пеш гирифта хомӯш меистоданд.
– Марҳабо, хона дароед. Чойи наҳор тайёр, – илтифот намуд соҳибхона.
– Не-не, – гуфт устои сангшикан. – Мо каме шитоб дорем. Дархост гирифтаем. Санг буридан лозим. Вагарна пеши осиёбони деҳаи Нелӯ таънасор мешавем.
– Сангро аз куҷо мебуред?
– Аз куҷо мешуд, аз Сафедкӯҳ-дия. Сангҳои осиёи тағо харидагӣ тез хӯрда шудаанд.
– Хаёлам, дирӯзакак нав карда буданд-ку? – лабханд зоҳир намуд усто Абдусалом.
– Он санг аз Сафедкӯҳ набудааст. Фиреб хӯрдаанд. Шумо ҳам гардед, устоҷон. Дар интихоби санги хуб маслиҳати шумо мисли обу ҳаво зарур, – хоҳиш кард сангшикан.
– Худи ҳамин шогирдҳотон бас не, онҳо ҳам сангшинос шудагӣ, – хандид устои калон.
–Хӯш, бо мо меравед?
– Дигар чӣ илоҷ? Чуту шуда омадаед...
Шумоён пештар рафтан гиретон, ман дер намонда, расида меравам. – Ҳаъ, ҷонам шавед, устоҷон! – сангшикан самандашро пеш ронд.
Шогирдонаш ба пайроҳаи бузгард гузашта, сӯйи Сафедкӯҳ, ки акнун чандон дур набуд, қадам мезаданд. Аспи сангшикан белу путку кӯбаю фона ва исканаҳои фӯлодинро бо соҳибаш бардошта, печутоб хӯрда, боло мебаромад.
Сангкорӣ дар кӯҳистони атрофи Дараи Ниҳон, воқеан ҳам, аз қадим касбу ҳунари воло маҳсуб мешудааст. Онро баъзеҳо резакорӣ мегӯянд. Не, он резакорӣ нест. Кор бо сангҳои рухом, хоросанг, ранг-ранг, мармар заҳмати зиёдро тақозо дорад. Ҳама барои сохтмони қаср, зерсутунҳои масҷиду мадрасаҳо аз онҳо истифода мекарданд. Албатта, ба қадри тавони устоҳои ҳамон замон. Баъди ихтирои чарх дар олам (чархи осиё ва ресмонресӣ), шояд осиё ихтирои аввалин бошад, ки ба як қитъаи замини бузурги олам Осиё ном додаанд. Вай ба қавли Аристотелиси Юнони Қадим як қисми барҷастаи Экумена* маҳсуб мешудааст.
Барои ана ҳамин осиё дар қитъаи Осиё, дар Давраи Санг, барои орд кардани зироати деҳқонӣ: ҷав, гандум, нахӯд, арзан ва ғайра устоҳо санг интихоб мекардаанд.
Ва инак, аз он вақт ҳазорсолаҳо сипарӣ шудаанд. Якчанд вақт осиё аз байн рафта буд. Ҷойи онро комбинатҳои бузург гирифта, халқро бо орд таъмин мекарданд. Осиё дар бисёр ҷойҳо аз байн рафта буд. Лек вай дар замони истиқлол чун касби кору бобоӣ аз нав эҳё шуд.
Устоҳои замони нав онро эҳё карда, аксар дар навоҳии кӯҳистон ривоҷ дода меоянд. Нонҳои осиёӣ аҷаб таъму лаззате доранд.
Қаҳрамонони ҳикояи мо инро хуб эҳсос мекунанд. Маҳз, бо орди осиёӣ даҳҳо навъ нону кулчаю таом таҳия мегарданд.
Аз ин рӯ, устоҳои сангозмо, сангшикан ва сангтарош барои интихоби санги Осиё роҳи Кӯҳи Сафедро пеш гирифта буданд. Онҳо аз пайроҳаҳои тангу печдарпеч савораю пиёда убур карда, ба таги он кӯҳ расиданд. Дар ҳар ҷо - ҳар ҷойи соярӯяш барфу пирях намудор буд. Ба чашм ҷойҳои офтобраси рухоми сафеду ҷигаррангаш зебо метофт...
Дере нагузашта устои сангозмо акаи Абдусалом низ бо аспу хӯрҷини пури хӯрданиҳо ҳозир шуд.
***
Сангозмову сангшикан хуб медонистанд, ки осиёбони сари роҳи Сангардаку Хондиза барои осиёи худ ҳар гуна сангро қабул намекард. Ва медонистанд, ки сулолаи осиёбонҳо сангро ҳамеша аз сангҳои ҳамин Сафедкӯҳ интихоб кардаанд. Он анъана то имрӯз идома дорад. Осиё дар як ҷойи хуб ҷойгир аст, ки обаш ҳамеша софу беғубор, на каму на зиёд меояд. Аз боду бороне газанд намебинад. Ҷӯйбораш бо сангу чим мустаҳкам гардонида шудааст. Новааш ҳеҷ кӯҳна намегардад. Танҳо чархаш (паракҳои чарх) аз зери бино, бо тазйиқи оби нова, давоми чанд моҳу чанд сол иваз мегардаду халос... Оби ин осиё пас аз сад қадам, гашта ба Сангардаксой рехта, роҳи худро сӯйи водӣ давом медиҳад. Вай ҳеч ором нагирифта, дар ҳар чаҳор фасл, шабу рӯз дар хидмати мардум аст.
***
Ва инак, устоҳои сангозмою сангшикан бо ду шогирд дар зеҳи Сафедкӯҳ саргарми кор шуданд. Онҳо чанд харсанги вақти заминларзаҳои охир аз қулла ба зер афтодаро бо болғаю путк тӯқ-тӯқ задаву пораеро шикаста озмуданд. Ниҳоят, паҳлӯи санги бузурге қарор гирифтанд.
– Санги хорои беҳтарин ҳамин қадар мешавад-дия, –тавсиф кард сангозмо Абдусалом.
–Ба осиёбон – тағои Раҳмон маъқул шавад, гап нест, – гуфт сангшикан.
Санги азим – як пораи кӯҳ, мисли хонаи чаҳоркунҷае аз қулла ҷудо шуда омада ба зер задааст. Дар намуд шалғам ё лаблабуи азимро мемонд.
Ба шогирдҳо супориш шуд, ки аз се ҷониби санг хоку шағалу сангашро бикананд, то бифаҳманд, ки он чӣ андоза ба хок фурӯ рафтааст. Ҷавонон зуд ин корро анҷом доданд. Онҳо дам ба дам ба боло, ба қуллаҳои баланд бо ҳарос менигаристанд, ки мабодо санг наояд!...
Ин хавф ҳар ҷо, ки кӯҳи азим бошад, ҳатман вуҷуд дорад. Аз ин ғофил набояд шуд.
Аммо ҳарду усто сахт ба фикр рафта, гирдогирди санг чанд бор давр хӯрда, муайян карданд, ки ба куҷояш фишанг, фона ва искана бизананд, ки баробару яклухт бикафад ва бенуқс аз ҳам ҷудо шавад...
***
Ҳарду шогирд баъд аз ним газ кофтани се тарафи санги азим либосҳои рӯро кашида, рӯйи сабзаи навхез дароз кашиданд. Яке ба дигаре мегуфт:
– Ошно, худат наҳорӣ карда будӣ?
– Бале, кас пайи чунин кор меояду ризқи худододро намехӯрад? – посух дод дигараш.
– Ман вақти омада хабар кардани худаш хоб будам. Хестам, ки фурсати наҳорӣ набуд. Шаби дароз филми «Даҳшат»-ро тамошо карда, дар ғафлат мондаам, – бо ранги парида иброз дошт ӯ.
– Сахт гуруснаӣ, ошно? Устоҳо чашми хӯрҷинро пур карда хӯрданиҳо овардаанд, – гуфт аввалӣ. – Гап занам? Биёрам, мехӯрӣ?
– Э не-е, шарм медорам! – гуфт дуюмӣ.
– Хуб. Каме тоқат бикун, ошно. Ҳамин, ки ин сангро кафонда ғелон месозем, ғизохӯрӣ оғоз мешавад.
Устоҳо бо кори худ машғул буданд.
– Аз ризқи саҳар, ошно, бенасиб мондан хуб не, – пичиррос зад ҳамроҳаш. Ман дар ҷое хондам, ки Аллоҳ ба ҳар як бандааш алоҳида ризқу рӯзӣ ато мекардааст... Лекин, аз азал, мувофиқи саъю ҳаракатат!..
– Ризқи ғайриҳаракат ҳам бошад? – пурсид дигарӣ лаб лесида.
– Будааст, ошно... Дар ҳамон китоб хондам, ки Худо ба хонаи Исо пайғамбар (а.) ҳама чизро пешакӣ ато мекардааст. Умматҳо боре аз ӯ пурсидаанд: «Ин хӯрданиҳо ба ту аз куҷо мерасанд?» Ӯ посух додааст: «Аз ҳузури худи Офаридгор!». Фариштаҳо, ки ба чашми одамон ноаёнанд, муҳайё мекардаанд.
Ногоҳ ин гуфтушуниди онҳоро устоҳо аз паси санг шунида, ба завқ омаданд... Он шогирд боз гуфт:
– Фаҳмо... Офаридгор ҳам ба каси дӯстдоштааш ризқи беҳисоб медодааст-дия.
– Бале, Аллоҳ боз мегуфтааст: «Ба ризқи додаам шукр гузоред! Сари вақт истеъмол бикунед. Захираю сарфакориро ҳам фаромӯш насозед!..»
– Захира аз чӣ? – пурсид шарикам.
– Аз тақво, ки беҳтарин будааст...
– Э-ҳа-а, то сарфаҳм меравӣ, ки «тақво» чист, аз гуруснагӣ ба ҷое мерасӣ!..
***
Устоҳо хандон пеш омада, ба шогирдҳо гуфтанд:
– Пойин рафта хӯрҷинҳои ғизоро ин ҷо биёред. Ризқи ҳама он ҷо муҳайёст!
Шогирдҳо зуд нишеб шуда, хӯрҷинҳоро сари китф гирифта оварданд. Рӯйи сабзаи навхез дастархон густурданд. Хӯрданиҳоро аз хӯрҷинҳо бароварданд. Устоҳо рӯю паҳлӯи санги азим нишонаҳо гузошта, чен мекарданд, ки дар кадом ҷояш фишанг, фонаю искана бизананд, то сангро беҷурму беталаф бикафонанд...
Бо ҳамин андешаҳо онҳо чоштгоҳӣ ба таомхӯрӣ пардохтанд. Ҳар чаҳор тан дар лаб табассум доштанд. Табассум аз иштиҳои ғозгири шогирде буд, ки наҳорӣ накарда омадааст...
Ғизохӯрӣ дер давом накард. Ҳар чаҳор устою шогирд, дар дастҳо фишангу фона, исканаю путк кор сар карданд. Банавбат, сари фонаву искана болғаю путку кӯба мефаромад. Ҳамааш дуруст чену баркаш шуда буд. Бовар доштанд устоҳо, ки заҳматашон зоеъ намеравад.
Вале аз як мӯъҷизаи аҷиби табиат огоҳ набуданд.
***
Ниҳоят санги хорои азим ба ду пораи калон тақсим шуд. Қисми зераш чуқур кофташуда гуппӣ афтоду ғелон гардид ва дуртар аз марғзори аспҳо басташуда қарор гирифт. Аз зарби ҳаракати он замини зери кӯҳ ба ларза даромад.
Устоду шогирдҳо аз санги ғелон чашм канда, ба нимаи устувор истодааш бодиққат нигариста ҳайрон шуданд. – А-а? Ин чист? Кирм не? – гуфт сангшикан.
– Бале, кирм. Ҷон дошта бошад? – бо нӯги искана оҳиста пахш кард устои сангозмо.
Кирм – ҷонзоди мағзи санг ба санг сахт часпида буд. Аз ошёни худ шояд дур шудан немехост.
– Аз мағзи сангҳои гуногун тиллою нуқра ва дурру гуҳар берун омаданаш барои илм маълум. Аммо дар мағзи санги хоро кирм буданаш, воқеан ҳам, ҳайратангез аст, – гуфт устои сангозмо.
Кирм ҳамранги санг кабудчатоб, пурпашм, бепо, нарм, мисли кирми даруни гӯсфанд ва дарахти ар-ар дусара, дучашм... Вай ба санг часпида ҳаракате зоҳир намекард. Аҷаб не ҳавои сарди берун бар вай асар карда бошад.
– Ин чӣ сиррест, устод? – пурсид шогирди якум. – Даруни санги хоро ҳам ризқу рӯзӣ ато кардани Худоро нигаред!
– Ин кори табиат, – гуфт шогирди дуюм.
– Аҷоиботи оламро ибтидову интиҳо набудааст, – гуфт устоди сангозмо.
Устову шогирдҳо то вақти ғуруби офтоб зери Сафедкӯҳ истода, бо сангбурию сангтарошӣ машғул шуданд... Ҷонзодеро, ки дар мағзи санги хоро дида дар ҳайрат афтода буданд, ҳеҷ аз пеши чашмашон дур намерафт.
*Экумена (oikumene) – ҳамон қисмати замине, ки инсон зиндагӣ мекардааст. Аввалин тасвири Экумена дар осори Ҳекатейи Милетӣ, ба маънои Аврупо (ғайри шимолаш), Африқои Шимолӣ, Осиёи Пеш, Осиёи Хурд ва Ҳиндро дар бар мегирифтааст.
Истад ҚОСИМЗОДА.