Санҷарбек ТОШБОЕВ: ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ АЗ БАЙН БАРДОШТАНИ МЕҲНАТИ ИҶБОРӣ ВА РЕШАКАН КАРДАНИ САВДОИ ОДАМ ИРОДАИ МУҚТАДИРИ СИЁСӢ ЗОҲИР КАРД

Оё шумо медонед, ки дар олам тақрибан 258 миллион муҳоҷир ҳаст?

Анқариб 150 миллион нафари онҳо барои дарёфти музди хуб муҳоҷир шудаанд, 24,9 миллион нафар қурбони меҳнати иҷборӣ гардидаанд. 
Ӯзбекистон низ мушкилоти ҷиддии муҳоҷират, савдои одам ва меҳнати иҷбориро эътироф намуда, барои ҳаллу фасли онҳо саъй кард. Мамлакати мо моҳи ноябри соли 2018 узви Созмони байналхалқии оид ба муҳоҷират (СБМ) гардид. Худи ҳамон сол Созмони байналхалқии меҳнат (СБМ) эътироф намуд, ки дар кишвари мо «меҳнати иҷбории мунтазам ё худ бардавом» аз байн меравад.
Маърӯзаи умумиҷаҳонӣ дар бораи савдои одам тӯли соли 2018-ум, ки аз ҷониби Идораи СММ оид ба нашъа ва ҷинояткорӣ интишор гардид, дар Ӯзбекистон 4,6 баробар: аз 840 нафари соли 2014-ум то 180 нафар дар соли 2017-ум коҳиш ёфтани миқдори ҷабрдидагони меҳнати иҷбориро таъкид менамояд. Вале бо ин кор анҷом намеёбад.
Менеҷери кишваршиносии  СБМ оид ба Ӯзбекистон Санҷарбек Тошбоев дар гузоришаш дар ОИ «Дунё» ба комёбиҳои мамлакати мо бобати ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳаллу фасли мушкилоти савдои одам ва пешрафт ба кори аз байн бардоштани меҳнати иҷборӣ баҳо дод. 
– Ба фикри Шумо Ӯзбекистон бобати аксуламал ба савдои одам ва аз байн бардоштани меҳнати иҷборӣ тӯли чанд соли охир ба чӣ гуна натиҷаҳо муваффақ шуд? 
– Соли 2008-ум Ӯзбекистон қонун «Дар бораи аксуламал ба савдои одам»-ро қабул кард. Худи ҳамон сол асосҳои идоравӣ ва механизмҳои ҳамоҳангсозии он дар шакли комиссияи байниидоравии аксуламал ба савдои одам ташкил ёфт. 
Ҳамин тариқ, Ӯзбекистон давра ба давра пеш рафт ва 30 июли соли 2019-ум Фармони Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба минбаъд такмил додани низоми аксуламал ба савдои одам ва меҳнати иҷборӣ» қабул шуд. 
Ҳуҷҷати мазкур таъсис додани идораи Нотиқи миллӣ оид ба савдои одам ва меҳнати иҷбориро пешбинӣ менамояд. Ман фикр мекунам, ки механизми мазкур ба мувофиқсозии тамоми маълумоти расида, таҳлил ва дарки воқеии аҳвол, ҳам оид ба комёбиҳо ва ҳам бинобар мушкилоти дар Ӯзбекистон мавҷуда мусоидат мекунад. 
Бо ҳамин фармон Комиссияи байниидоравии ҷумҳурии аксуламал ба савдои одам ба Комиссияи миллии аксуламал ба савдои одам ва меҳнати иҷборӣ табдил дода шуд. Ин қарор имкон медиҳад дар ҳар ду самт механизми муқтадири ҳамоҳангсоз ташкил ёбад.
– СБМ дар ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон баҳри ҳифзи манфиатҳои муҳоҷирон ва ҳаллу фасли мушкилоти савдои одам чӣ гуна иқдомҳои муштаракро татбиқ менамояд?
– Бояд дарк намуд, ки алҳол дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ мушкилоти муҳоҷират ва савдои одам мунтазам ба миён меоянд, бинобар ҳамин ҳам онҳо обсозиши доимӣ, ҳамчунин муносибати бонизомро баҳри ҳаллу фасли мушкилот тақозо доранд. Хоҳ он тайёрии касбӣ, пешгириву таъқиб бошад, ё худ фаъолияти дигар дар ин соҳа. 
Яке аз самтҳои бартариноки ҳамкории муштарак ин баланд бардоштани хабардории аҳолӣ аз масъалаҳои савдои одам ба шумор меравад. Мо маводи иттилоотӣ, наворҳои видеоиро кор карда мебароем, чорабиниҳои мухталифро ташкил мекунем. Чунончӣ, 30 июл мо дар кӯчаи «Сайилгоҳ»-и Тошканд Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза ба муқобили савдои одамро қайд кардем. 
Баробари ин СБМ ба ҷабрдидагон бевосита кӯмакҳои машваратӣ мерасонад. Ҳамчунин бинобар эҳёи онҳо, кӯмакҳои рӯҳиву тиббӣ расонидан кор мебарад. 
– Дар ибтидои моҳи апрели соли 2019-ум дар ҷамъбасти натиҷаҳои Мониторинги ҷонибҳои сеюм дар соли 2018-ум, ки дар Брюссел гузашт, Созмони байналхалқии меҳнат (СБМ) санади дар Ӯзбекистон  аз байн бурда шудани  «меҳнати иҷбории мунтазам ё худ бардавом»-ро эътироф кард. 
– Аз байн бардошта шудани меҳнати иҷборӣ дар муҳлати бағоят кӯтоҳ –  ин кори азимест, ки иродаи муқтадири сиёсӣ, дастгирии молиявиву иқтисодӣ, ташкилӣ ва як қатор омилҳои дигарро тақозо менамояд. Ба ин комёбии Ӯзбекистон аз ҷониби СБМ низ баҳои баланд дода шуд. 
Хурсандиовар аст, ки алҳол дар мамлакат бинобар мустаҳкам кардан ва вусъат додани ин муваффақиятҳо чораҳои мустақим андешида мешаванд.
– Дар Тошканд маркази замонавии эҳё оид ба кӯмакрасонӣ ва ҳифзи ҷабрдидагони савдои одам амал мекунад. Аз ҷумла аллакай ба 3000 нафар ҷабрдидагон кӯмак расонида шуд.
– Ҷабрдидагони савдои одам ҳам аз ҷониби созмонҳои байналхалқӣ ва ҳам аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва оилаҳо ба дастгирии ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд. Дастгирии саривақтӣ гарави бомуваффақият ба ҷамъият мутобиқ шудани онҳо мебошад. 
Маркази эҳё оид ба кӯмакрасонӣ ва ҳифзи ҷабрдидагони савдои одам дар пойтахти Ӯзбекистон ташкилоти нодирест, ки дар минтақа ҳамтои худро надорад. Фаъолияти он рағбати зиёди  давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналхалқиро бедор мекунад. 
Баробари ин мехостам раванди таъмин сохтани ногузирии ҷазоро нисбат ба шахсоне, ки бо савдои одам машғул мешаванд, таъкид намоям. Мо метавонем бо пешгирӣ ва дастгирӣ кардан машғул шавем, вале агар ин кор мунтазам пеш бурда нашавад, ба мақсадҳои пешгузошташуда муваффақ намегардем.
– Дар доираи Technovation 2019 дастаи духтарони навраси #ThePlovTime  замимаи мобилии  #iMigrant-ро барои муҳоҷирон кор карда баромад. Лоиҳаҳои креативӣ чӣ гуна метавонанд ба пешгирии савдои одам мусоидат кунанд? 
– Алҳол тақрибан ҳар кадом муҳоҷир ба интернет даст ёфта метавонад. Ба мо (СБМ) бисёр хабарҳои таъҷилӣ мерасанд. Ҳодисаҳое ҳам мешаванд, ки муҳоҷирон ҷойи буду боши худро намедонанд. Шарҳу тафсир дар ин маврид на ҳама вақт кор медиҳад, дар натиҷа мо ҳамеша имкон дорем кӯмаки таъҷилӣ расонем.
Дар ин гуна вазъиятҳо тугмаи «SOS» бо нишон додани геолакатсияи он метавонад ба ҳаллу фасли ҳарчи зудтари мушкилот мусоидат намояд. Маҳз ҳамин ғоя асоси замимаи #iMigrant-ро ташкил медиҳад. 
Шахсан ба ман лоиҳаи мазкур собит намуд, ки агар дастгирӣ сари вақт расонида шавад, кӯмаки камтарин ҳам ба пешрафти ҷавонони соҳибистеъдод, хусусан духтарон мусоидат менамояд ва онҳо ба натиҷаҳои хуб муваффақ мешаванд. 

Мусоҳиб 
Ҷаҳонгир АЗИМОВ, 
ОИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: