Забони модариям
Забони модариям,
Чаманзори ман бошад.
Ифтихори аҳли деҳ,
Ифтихори ман бошад.
Забони модариям,
Забони тоҷикияст.
Забони шеъру ғазал —
Забони Рӯдакияст...
То зиндаам дорам пос,
Ин забони зеборо:
Ганҷинаи имрӯзу
Хазинаи фардоро.
Рудоба ДОДОЕВА,
хонандаи мактаби рақами 38-уми
ноҳияи Нурато.