Санҷиши ветеринариву санитарӣ талаби замон аст

Ба мақсади дар муддати муайянгардида ва бо сифат иҷро намудани вазифаҳое, ки дар як қатор фармону қарорҳои сарвари давлат оид ба рушди чорводорӣ ва ветеринария пешбинӣ шудаанд, дар шуъбаи рушди чорводорӣ ва ветеринарияи ноҳияамон корҳои зиёд амалӣ мегарданд.

Ба мақсади дар муддати муайянгардида ва бо сифат иҷро намудани вазифаҳое, ки дар як қатор фармону қарорҳои сарвари давлат оид ба рушди чорводорӣ ва ветеринария пешбинӣ шудаанд, дар шуъбаи рушди чорводорӣ ва ветеринарияи ноҳияамон корҳои зиёд амалӣ мегарданд.
48 нафар ходими соҳа баҳри рушди чорводорӣ, зиёд кардани саршумори чорво, ба аҳолӣ расонда додани маҳсулоти хушсифат ва арзони чорво, саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ба ҷуз ин дар самтҳои парранда, моҳӣ  ва занбӯриасалпарварӣ низ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд.
Дар давоми соли сипаригардида 15 нафар мутахассисони соҳа дар маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои назди Донишкадаи тиббии ветеринарияи Самарқанд малакаашонро зиёд карда, 5 нафарашон соҳиби сертификати олӣ ва 10 нафарашон сертификати тоифаи якум гардиданд.
Дар шуъбаамон 5 нафаре, ки маълумоти махсуси миёна доштанд, ба донишкадаи мазкур қабул гардиданд. 
Ба мақсади таъмини устувори пешгирии касалиҳои сирояткунандаи ҳайвонҳо дар байни шогирдон анъанаи «устоду шогирд»-ро ба роҳ мондем. Мудири қитъаи ветеринарияи Яккатут Ҳамидҷон Каримов яке аз устодоне мебошад, ки таҷрибаи кориашро ҳамеша бо шогирдон баҳам мебинад. Ӯ аз тарафи ҳукумат бо медали «Содиқ хизматлари учун» тақдиронида шудааст.
Фаъолияти дорухонаҳои ветеринарӣ ҳамеша дар мадди назари аъзои шуъба аст. Бо мудири дорухонаҳое, ки аз рӯйихати давлат гузаштаанд, оиди ба фурӯш набаровардани доруҳои биологии бесертификат суҳбатҳо мегузаронанд. 
Ба мақсади ҳифзи чорво аз касалиҳои сирояткунанда ва ба тарзи намунавӣ ташкил намудани хидматҳои зооветеринарӣ дар асоси нақша корҳои сӯзандорузанӣ бо воситаи доруҳои биокимиёвӣ бурда мешаванд.
Дар байни аҳолӣ низ корҳои тарғиботӣ оиди касалиҳои ҳорӣ ва оқибатҳои нохуши он бурда мешавад. Ба бозорҳои ноҳияамон маҳсулоти шир, тухм, асал, моҳӣ, растанӣ ва чанд намуди гӯшт баъди тафтиш аз тарафи ходимони лабораторияи санҷиши ветеринариву санитарӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Шерзод ҶУМЪАБОЕВ,
сардори шуъбаи рушди чорводорӣ ва ветеринарияи ноҳияи Поп.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: