САНҶИШҲОИ ТЕСТ – ҚАДАМИ БОЭЪТИМОД ДАР РОҲИ АЗ БАЙН БАРДОШТАНИ ТАМАЪГАРӢ

1 август дар тамоми минтақаҳои кишвари мо барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ санҷишҳои тест оғоз ёфтанд.

Рушди мамлакат аз кадрҳои дорои донишҳои амиқ ва ихтисоси баланд, рақобатбардор ва ҷавобгӯйи талаботи замон вобаста аст. Ислоҳоте, ки дар низоми таълим таҳти сарварии Президенти кишвари мо Шавкат Мирзиёев татбиқ мешаванд, ба куллан такмил додани тамоми зинаҳои он, аз ҷумла таълими олӣ мусоидат менамоянд.
Соли равон бори аввал дар таърихи кишвари мо санҷишҳои тест барои дохилшавӣ ба бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ ба мақсади таъмин кардани дараҷаи баланди воқеият ва шаффофияти ҷараёни мазкур берун аз ҳудуди донишгоҳу донишкадаҳо баргузор мегарданд.
Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи такмил додани тартиби гузаронидани санҷишҳои тести дохилшавӣ ба бакалавриати муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ» аз 16 ноябри соли 2017 дар самти мазкур тағйироти куллии мусбат ба амал меоянд. Чунончи, муайян карда шуд, ки аз соли хониши 2018/2019 санҷишҳои тести дохилшавӣ барои қабул ба муассисаи таълими олӣ дар давраи аз 1 август то 15 август гузаронида мешаванд, натиҷаҳои санҷишҳои тести дохилшавӣ дар веб-сайти расмии Маркази давлатии тест як рӯз пас аз баргузор шудани имтиҳонот эълон карда мешаванд. Қабул бинобар самтҳои таълим дар соҳаҳои маданият, санъат, дизайн, санъатшиносӣ, мусиқӣ, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, ки аз довталабон қобилиятҳои махсусро тақозо менамоянд, бинобар натиҷаи имтиҳоноти эҷодӣ бидуни санҷишҳои тести дохилшавӣ амалӣ мегарданд.
Баробари ин соли равон санҷишҳои тести дохилшавӣ бинобар қабул ба муассисаи таълими олӣ бори аввал дар павилонҳои Маҷмӯи миллии намоишгоҳии «Ӯзэкспомарказ», ҳамчунин дар бинои коллеҷҳои захираҳои олимпии марказҳои вилоят ва ташкилоти дигари сергунҷоиш гузаронида мешаванд. Қобили зикр аст, ки санҷишҳо дар пояи ошкороӣ ва шаффофияти ҳарчӣ бештари ин ҷараён баргузор мегарданд, барои назорати видеоии намояндагони ҷамоаҳо, аз ҷумла падару модарони довталабон аз ҷараёни санҷишҳои тести дохилшавӣ дар режими онлайн имкониятҳо фароҳам оварда шуданд.
Таъминоти моддиву техникии баргузории санҷишҳои тест куллан таҷдиди назар гардиданд. Маркази давлатии тести назди Девони Вазирон барои зуд муайян кардани натиҷаи санҷишҳои тест бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуд, ки имкон медиҳанд натиҷаҳо дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин эълон карда шаванд.
Мувофиқи қарори роҳбари давлат «Дар бораи қабул ба муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли хониши 2018/2019» аз 3 июни соли 2018 квотаҳои умумии қабул ба муассисаҳои таълими олӣ оид ба тайёр кардани бакалаврҳо ба миқдори 69200 нафар, аз ҷумла бинобар грантҳои давлатӣ – 17654 ва дар асоси пуливу қарордодӣ – 51546 нафар тасдиқ гардиданд. Таъсис ёфтани шуъбаҳои махсуси ғоибона ва шабона, дар ҷойҳо ба роҳ мондани филиали як қатор мактабҳои олӣ, донишгоҳҳои нав имконияти ҷавононро барои соҳиби маълумоти олӣ шудан зиёд карданд. Соли равон 675 хазору 49 нафар барои дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишвари мо ҳуҷҷат супурданд.
Мувофиқи маълумоти Маркази давлатии тест бинобар миқдори довталабоне, ки барои дохилшавӣ ҳуҷҷат супурдаанд, донишгоҳҳои давлатии Қаршӣ, Самарқанд ва Фарғона пешқадам мебошанд. Мактаби олии дорои озмуни аз ҳама баланд филиали дар Фарғона будаи Академияи тиббии Тошканд ба шумор меравад, дар ин ҷо барои як ҷой 23,2 нафар даъвогаранд, ҳамчунин Донишкадаи мошинсозии Андиҷон (18,3), бахши тирмизии Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд (17,6) дар сафи пеш қарор доранд. Соли равон мактабҳои олии нав, аз ҷумла Донишгоҳи журналистика ва коммуникатсияҳои оммавии Ӯзбекистон, Донишгоҳи байналхалқии сайёҳии «Роҳи абрешим», Донишкадаи тиббӣ — ветеренарии Самарқанд ба қабули довталабон оғоз карданд.
... Соати 8:00-и субҳ. Дар пойтахт санҷишҳои тест бинобар ба бакалавриати мактабҳои олӣ қабул кардани довталабон дар чандин павилони «Ӯзэкспомарказ», дар маҷмӯи «Ӯзкӯргазмасавдо», маҷмӯи Варзишии байни мактабҳои олӣ, Мактаб-интернати махсуси захираҳои олимпии ҷумҳурӣ, коллеҷи захираҳои олимпии ҷумҳурӣ ва биноҳои дигари сергунҷоиш оғоз шуданд. Барои таъмин кардани баргузории мураттаб, мувофиқи меъёру қоидаҳои муқарраршуда, равандҳои ошкорбаёнӣ, шаффофият ва адолатноки ин ҷараёни масъул тамоми чораҳо андешида шуданд.
Дирӯз дар павилонҳои «Ӯзэкспомарказ» довталабони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд тест супориданд. Бинобар суханони котиби масъули комиссияи қабули донишгоҳ Отабек Бобоҷонов соли равон довталабон бори аввал ҳуҷҷатҳояшонро ба бакалавриати мактаби олӣ ба тарзи онлайн, яъне аз тариқи марказҳои хидматрасонии давлатӣ дар маҳалҳо супурданд. Квотаи қабул ба донишгоҳ барои соли хониши пешистода 600 нафарро ташкил медиҳад.  Барои дохилшавӣ зиёда аз 7 ҳазор нафар ариза додаанд.
Санҷишҳои тест қатъиян мувофиқи тартибот ва қоидаҳои муқарраршуда гузаштанд. Тайёрии ҷиддии довталабон аз муносибати бовиҷдононаи онҳо ба ин ҷараёни масъулиятнок шаҳодат медиҳад. Бисёр ҷавонон ба дониш ва нирӯи худ эътимод доранд. 
Дар шафати маҷмуъ барои падару модарони довталабон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Мониторҳое, ки дар ин ҷо устувор карда шудаанд, ҷараёни санҷишҳои тестро бевосита намоиш медиҳанд.
– Духтарам Мухлиса бори аввал ҳуҷҷат супурд, – гуфт Малоҳат Турсунова аз вилояти Намангон. – Бисёр падару модарон аз он қаноатманданд, ки ошкорбаёниву шаффофият дар тамоми давраҳои санҷиш таъмин карда мешаванд, бобати пешгирӣ кардан ва роҳ надодан ба тамаъгарӣ чораҳои амалӣ андешида шудаанд.
– Пурсишҳо мантиқӣ ва фаҳмо мебошанд, – мегӯяд довталаб аз вилояти Самарқанд Муҳриддин Калонов, баъди супурдани тестҳо. –Кас барои дарк кардан ва фаҳмидани онҳо азият намекашад. Эҳсос мешавад, ки ҳаллу фасли бомуваффақияти тест аз дараҷаи дониш вобаста мебошад. Агар аз рӯйи виҷдон гӯем, пештар баъзе довталабон ва дигар шахсони нопок барои санҷишҳои тестӣ домҳои гуногунро истифода мебурданд. Имрӯз мо муътақид шудем, ки чунин ҳодисаҳои номатлуб дар гузашта мондаанд. Санҷишҳои тест воқеъбинона ва шаффоф гузаштанд, – мегӯяд довталаб аз вилояти Бухоро Шуҳрат Тӯраев. – Ман довталабонеро, ки аз воситаҳои гуногун истифода мебаранд, мушоҳида накардам. Пурсишҳо чандон мураккаб ва он қадар осон ҳам набуданд. Ҳамаи онҳо аз барномаҳои мактабӣ гирифта шудаанд. Чораҳо бобати таъмин кардани одилона гузаронидани тестҳо саъю кӯшиши ҷавононро ба гирифтани таълим бештар ва эътимодашонро ба адолат мустаҳкамтар менамоянд. 
Оре, ҷомеаи васеъ, падару модарон ва ҷавонон эътироф мекунанд, ки соли равон санҷишҳои тест дар рӯҳи ошкоро ва адолат гузаштанд.
Дар чорабиниҳо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов иштирок кард.

Н. УСМОНОВА,
хабарнигори ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: