Саноати кимёи мамлакат ривоҷ меёбад

Бо маҳсулоти саноати кимё ҳар яки мо рӯзмарра дучор меоем ва аз он истифода мекунем. Дар хона ва ҷои кор аксари ҷиҳози пеши рӯи мо маҳз бо иштироки маводи кимёвӣ сохтаву истеҳсол шудаанд. Палостики рӯи миз, лаку рангҳои ҳархела, меламини мебелҳо, нахҳои синтетикӣ ва даҳҳо намуди дигари маҳсулоти саноати кимёвӣ аз намунаҳои маҳсулоти ин соҳаи муҳим маҳсуб меёбанд.

Бо маҳсулоти саноати кимё ҳар яки мо рӯзмарра дучор меоем ва аз он истифода мекунем. Дар хона ва ҷои кор аксари ҷиҳози пеши рӯи мо маҳз бо иштироки маводи кимёвӣ сохтаву истеҳсол шудаанд. Палостики рӯи миз, лаку рангҳои ҳархела, меламини мебелҳо, нахҳои синтетикӣ ва даҳҳо намуди дигари маҳсулоти саноати кимёвӣ аз намунаҳои маҳсулоти ин соҳаи муҳим маҳсуб меёбанд. 
Пас, мо ҳаёти рӯзмарраи худро бидуни саноати кимё тасаввур карда наметавонем. Ҳатто сохтани як дона гӯгирдчӯб низ бидуни иштироки саноати кимё тасаввурнопазир мебошад. Дар соҳаи кишоварзӣ низ аз маҳсулоти саноати кимё хеле фаровон истифода мекунанд. Интизор меравад, ки то соли 2030 маҳсулоти саноати кимё 7 дарсади ҳаҷми маҳсулоти холис дохилиро ташкил хоҳад кард.
Агар ба натиҷагириҳои соли 2021 назар афканем, мебинем, ки маблағи умумии ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудани саноати кимё ба ҷои 10,5 триллион сӯми барномарезишуда андак бештар – ба 10,8 тириллион сӯм расидааст. Гуфта мешавад, ки боло рафтани ин нишондиҳанда ба истифодаи захираҳои иловагӣ вобаста мебошад. Дар бораи масъалаҳои марбут ба саноати кимёи ҷумҳурӣ ва фаъолияти ҶС “Ӯзкимёсаноат” дар як нишасти хабарӣ ба хабарнигорон маълумот тақдим гардид.
-Мо аз натиҷаҳои соли сипаришаванда хеле қаноатманд ҳастем. Дар таърихи саноати кимёи мамлакатамон бори нахуст маҳсулоти аз аввали сол истеҳсолнамудаи  корхонаҳои марбути Ҷамъияти саҳҳомии “Ӯзкимёсаноат” аз рӯи ҳолати физикӣ ё табиӣ 3 миллион тоннаро ташкил намуд. Ин ғизои минералии азотӣ мебошад, ки 1 миллион тоннаи он аз карбамид иборат аст, - гуфт аз ҷумла ҷонишини раиси ҳайати идории ҷамъияти мазкур Акобир Тӯхтаев.
Ба таъкиди мавсуф нисбат ба як соли пеш суръати афзоиш 126,2 фоизро фаро гирифт. Акобир Тӯхтаев ба манзури муқоисаи рақамҳо гуфт, ки соли 2016 корхонаҳои шабакавии ҶС “Ӯзкимёсаноат” бо 34 миллиард сӯм зарар солро ҷамъбаст намудаанд. Аммо дар айни ҳол фоидаи софи он 1,1 триллион сӯмро ташкил мекунад, ки нишондиҳандаи хеле баланд мебошад.
-Президенти мамлакат дастур додааст, ки дар соҳаи саноати кимё ислоҳоти амиқ пиёда шавад ва инро иқтисодиёти бозаргонӣ тақозо менамояд. Ин нишондиҳандаҳое, ки ба даст овардаем, маҳз маҳсули ҳамин ислоҳоте мебошад, ки бо ташаббуси сарвари давлат пиёда мегарданд. Акнун моро лозим меояд, ки барои таъмини соҳаи кишоварзии мамлакат бо нуриҳои минералӣ ва ба хориҷа содир намудани он тамоми имкониятҳоро сафарбар намоем. Дар ин ҷода аллакай ба пешравиҳои зиёд ноил гаштем,-гуфт Акобир Тӯхтаев.
дастгоҳҳо ва таҷҳизоти наву замонавӣ мавриди корбаст қарор мегиранд ва он ба истеҳсоли бештари кислотаи нитрат ва аммиак-карбамид ноил мешавад. Ғайр аз ин, соли ҷорӣ чаҳор навъи нави маҳсулоти кимё бо маблағи 70,4 миллиард сӯм мавриди истеҳсол қарор гирифтааст. Инҳо карбоксиметилселлюлоза, консентрати карбамидформалдегид, нӯриҳои омехта ва серомочевинаро ташкил мекунад. 
Интизор меравад, ки дар доираи барномаи маҳалликунонӣ соли равон 26 намуди маҳсулот ба маблағи 1,7 триллион сӯмина истеҳсол гардида, аз ҳисоби кооператсияи саноатӣ ва маҳалликунонӣ содири маҳсулот ба 75,9 миллион доллар коҳиш дода хоҳад шуд. Ба гуфтаи спикерони ҶС “Ӯзкимёсаноат” алҳол иҷрои корҳои зиёд барномарезӣ шудаанд, ки фаъолияти ин соҳа ба чашми мардуми кишвар намоён гардад. Гуфта шуд, дар ивази 370,7 миллион доллар саноати киммаҳсулоте содир хоҳад кард, ки мавриди ниёзи мамлакат мебошанд. Нисбат ба соли гузашта суръати афзоиши соҳаи мазкур  196,3 фоизро ташкил намудааст ва нақшаи солона 144,3 фоиз иҷро шудааст.
-Дар соли нави 2022 истеҳсоли маҳсулотро афзоиш хоҳем дод ва маблағи умумии он 12,4 триллион сӯмро ташкил хоҳад кард. Ҳаҷми истеҳсоли нуриҳои минералӣ бештар аз ба 4 миллион тонна хоҳад расид, - иброз дошт Акобир Тӯхтаев.
Қарор аст, ки ҶС “Ӯзкимёсаноат” дар доираи барномаи маҳалликунонӣ соли оянда 30 навъи маҳсулот истеҳсол хоҳад кард, ки маблағи он 2 триллион сӯмро ташкил мекунад. Яке аз ҳадафҳои ин ҷамъияти саҳҳомӣ коҳиши арзиши маҳсулот мебошад ва хароҷотҳои мақбулгардида дар соли 2022 ҳудуди 609 миллиард сӯмро фаро мегирад. Инчунин пешбинӣ шудааст, ки дар соли нав ҳаҷми маводи содиротӣ ба 400 миллион доллар мерасад. Диверсификатсияи  маҳсулоти содиротӣ 40 ададро ташкил хоҳад кард. Ин маҳсулот аз консентрати карбамид-фармалдегид ва формалин иборат будааст. Дар соли нав ба 37 давлати хориҷӣ содир кардани калсий хлорид ва нуриҳои минарелӣ низ як сати кори ҶС “Ӯзкимёсаноат” –ро ташкил медодааст.
Ба гуфтаи сардори Департаменти рушди фаъолияти истиқболноки инвеститсионии ҶС “Ӯзкимёсаноат” Акбар Қурбонов мувофиқи Барномаи инвеститсионӣ дар доираи 24 лоиҳа 139,8 миллион доллар сармоя ворид гардид. Аз ин шумор 114 миллион долларро сармояҳои мустақими хориҷӣ ва маблағҳои кредитӣ ташкил намуданд. 
-Соли равон 10 лоиҳа бо арзиши умумии 58 миллион доллари амрикоӣ мавриди истифода қарор гирифт ва 305 ҷои нави кор фароҳам оварда шуд. Бар асоси ин лоиҳаҳо то охири соли 2022 бештар аз 763 миллиард сӯмина маҳсулот истеҳсол карда хоҳад шуд. Аз ин ҳисоб ҳаҷми содирот ба 13 миллион доллар афзоиш хоҳад ёфт,-таъкид варзид Акбар Қурбонов.
Вай афзуд, ки дар марҳилаи аввал аз тарафи ҶС “Ӯзкимёсаноат” дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Навоӣ, Фарғона ва Тошканд 4 кластери кимё ташкил карда хоҳанд шуд. Ба гуфтаи мавсуф ҳоло таклифу пешниҳодҳо перомуни  55 лоиҳа бо арзиши 7,7 миллион доллар ироа шудааст, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар нишасти хабарӣ ҳамзамон ба он маънӣ ишора шуд, ки соли 2022 дар доираи Барномаи инвеститсионӣ 18 лоиҳа бо қимати 403 миллион доллар азхуд карда хоҳад шуд. Дар ин самт ҷалби сармояҳои мустақими хориҷӣ, кредитҳо, маблағҳои хусусӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. 
Ғайр аз ин, дар соли нави мелодӣ истеҳсоли 2,4 ҳазор тонна полипропилени ҳубобӣ ё кафкӣ, 6 ҳазор тонна гидроксиметилселюллоза, 410 ҳазор метри мураббаъ палостики сохтумон, 120 ҳазор тонна нуриҳои минералии моеъ мадди назар гирифта шудааст. Инчунин дар ноҳияи Қунғироти Қароқалпоқистон маркази логистикаи кимёвӣ барпо хоҳад шуд.  Дар доираи ин лоиҳаҳо истеҳсоли 614 миллиард сӯмина маҳсулот ба роҳ монда хоҳад шуд. Бар асоси он салоҳияти содиротии мамлакатамон иловатан ба дастикам 23 миллион доллар афзоиш хоҳад ёфт.
-Таҳияи ҳуҷҷатҳои 10 лоиҳаи бузург бо арзиши 2 миллиард доллар ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ барои татбиқи 8 лоиҳаи истиқболнок бо маблағи 1,8 миллиард доллар низ барномарезӣ шудааст. Гузашта аз ин, як идда корҳои мушаххас ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Девони Вазирон аз 15 декабри соли 2021 “Дар бораи чораҳои истеҳсоли инноватсионии кимёвии илмӣ-тавлидӣ ва ташкил намудани таълими кластерӣ барои саноати кимё”  таҳти рақами 753 низ ба нақша гирифта шудаанд,-изҳор кард сардори Департаменти рушди фаъолияти истиқболноки инвеститсионии ҶС “Ӯзкимёсаноат”.
Маълум шуд, ки таъсиси филиали Донишкадаи кимёву технологии Русия ба номи Д. И. Менделеев низ бар асоси қарори Президенти мамлакат аз соли 2019 роҳандозӣ шудааст. Ин маскани таълимоти олӣ 300 нафар ҷавонони маҳаллиро барои таҳсил фаро гирифтааст ва 40 нафар профессорону омӯзгорони дохиливу хориҷӣ ба онҳо аз илмҳои марбути саноати кимё сабақ медиҳанд.
Ба гуфтаи мақомоти ҶС “Ӯзкимёсаноат” онҳо бо якчанд муассисаҳои таълимоти олӣ ҳамкорӣ барқарор намудаанд ва ба ин васила соҳаи мазкурро бо кадрҳои малаканок таъмин хоҳанд кард. 
Нуктаи дигаре, ки қобил ба ёдоварист, беш аз пеш доман фарох намудани ҳамкориҳои ҶС “Ӯзкимёсаноат”, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Фарҳангистони улум ва маъмурияти Кластери таълимӣ мебошад. Гуфта мешавад, дар ин замина аввал феҳрасти объектҳо ва инфрасохторҳои истеҳсолӣ ва муҳандисиву коммуникатсионие тартиб дода мешавад, ки дар қаламрави маъмурияти Кластери илмӣ воқеъ гаштаанд. Баъдан то 25 декабри соли 2022 аз рӯи самтҳои гуногун барномаҳои таълимӣ таҳияву таълиф карда хоҳанд шуд.  Дар ин бора мудири шӯъбаи кор бо ходимони ҶС “Ӯзкисёсаноат”  Воҳид Орипов мухтасар маълумот ироа кард. 
Ба гуфтаи ӯ ин кластери таълимӣ ба сарчашмаи тайёр кардани мутахассисони бомаҳорат ва пуриқтидор табдил хоҳад ёфт. Ҷалби ҷавонон ба ин кластер танҳо аз тариқи 27 мактаби таълимоти умумӣ, коллеҷҳои касбу ҳунари кимёву саноат, техникумҳои технологӣ сурат мегирад. 
-Нақшаҳои мо дар соҳаи рушду такомули соҳаи саноати кимё торафт доман фарох мекунанд. Дар ин маврид ба мо ҷавононе ҳамчун нерӯи асосӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, ки шавқу ҳавас доранд ва маҳз онҳо дар оянда ба татбиқи лоиҳаҳои зиёд сарубар хоҳанд шуд, ки маблағҳои калонро тақозо менамоянд, - изҳор кард Воҳид Орипов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: