Саноати ноҳияи Касон тараққӣ мекунад

  • Саноати ноҳияи Касон тараққӣ мекунад
  • Саноати ноҳияи Касон тараққӣ мекунад
  • Саноати ноҳияи Касон тараққӣ мекунад
  • Саноати ноҳияи Касон тараққӣ мекунад
  • Саноати ноҳияи Касон тараққӣ мекунад
  • Саноати ноҳияи Касон тараққӣ мекунад
  • Саноати ноҳияи Касон тараққӣ мекунад
  • Саноати ноҳияи Касон тараққӣ мекунад

Сарвари давлат аз корхонаҳои кластери пахтаю нассоҷии «Бунёдкор»-и ноҳияи Косон дидан кард.

Дар ин ҷо дар асоси усули кластерӣ, ки сарвари давлатамон ба миён гузоштааст, занҷири мукаммали истеҳсолии парвариш ва коркарди чуқури пахта ба вуҷуд оварда шудааст. Дар чорчӯби лоиҳаи якум ба маблағи қариб 21 миллиард сӯм маблағгузорӣ ба роҳ монда шуда, фабрикаи дӯзандагии замонавӣ барпо карда шуд.

Корхонаи бо таҷҳизоти истеҳсоли Туркия ва Италия муҷаҳҳаз, имкони истеҳсоли 6 миллион дона маҳсулоти трикотажиро дорад. Ба нақша гирифта шудааст, ки ба  маблағи қариб 100 миллиард сӯм либос истеҳсол карда, ба маблағи бештар аз 2 миллион доллар маҳсулоти тайёр ба хориҷа содир карда мешавад.

Ҳоло дар фабрика 320 нафар занон кор мекунанд. Президент бо онҳо суҳбат карда, ба кори онҳо муваффақият орзу намуд.

Моҳи июли соли ҷорӣ дар кластер корхонаҳои истеҳсоли ришта ва матоъ ва моҳи декабр корхонаи равғану чарбу ба истифода дода мешаванд. Дар онҳо боз қариб 700 ҷои кор созмон дода хоҳанд шуд.

Сарвари давлат дар ин ҷо бо мутахассисони соҳа ва роҳбарони кластерҳои пахта ва нассоҷӣ суҳбат кард.

– Мо марҳилаи аввалини осони татбиқи системаи кластериро анҷом додем. Акнун метавон бинобар сифат, нарх, бозор кор кард. Аз ин рӯ бояд сафарҳо ва намоишгоҳҳои кластерҳоямонро дар хориҷ ташкил кард, – гуфт Президент.

Барои бо ашёи хом устуворона таъмин намудани корхонаҳои бофандагӣ, истеҳсол ва самаранок истифода бурдани нахҳои синтетикӣ оид ба зиёд кардани ҳосили пахта тавсияҳо дода шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: