(Ҳикоя)
Бороне, ки ду рӯз беист меборид, ними шаб ба жола табдил ёфт. Раъд сахт меғуррид ва дар партави барқ биноҳои пасту баланди деҳа равшан ба назар мерасиданд. Об аз новадони бомҳо мисле ки аз сатил мерехта бошад, ҷорӣ мешуд, жола дар тунукаи бомҳо гӯё чӯбакзанӣ дошт.
– Борон боз шиддат гирифт, – ғурунгид Суюнбобо. Ӯ дар назди печкае, ки дар кунҷи хонаи танг ҷойгир шуда буд, хоб мекард. Робияхола хавотир кашидани мӯйсафедашро пай бурда гуфт:
– Борон шиддат накардааст, шамоли сахт сар шудагӣ барин.
– Не,– эътироз кард мӯйсафед, – ин на ба шамол, балки ба жола монанд аст.
– Жола бошад-чӣ? Панҷ-даҳ дақиқа мезанаду гузашта меравад.
Рӯзҳои охир нафаскашии мӯйсафед душвор шуда буд, ӯ аз ҷояш каме ҷунбиду гуфт:
– Ман ин жоларо медонам. Як сар шавад, абри сиёҳи он ду-се рӯз пароканда намешавад. Кӯпрук чӣ шуда бошад? Сарбандро низ таъмир мебояд. Корҳо анҷом наёфтанд.
Мӯйсафед бемори бистарӣ бошад ҳам, деҳа ва одамонашро фикр мекард. Ин боиси ғазаби Робияхола мегардид.
– Ҳамин қишлоқ магар бе шумо аз гуруснагӣ мемирад? Дар беморӣ ҳам ёди онҳоро доред. Сиҳатиатонро фикр кунед-чӣ.
Мӯйсафед дигар ҳарфе назад.
Ҳамин вақт раъд ғуррид, шамол тунукаи боми касеро канда партофт, ё касе дарвозаро сахт кӯфт, маълум нашуд. Ин садо ду-се маротиба такрор шуд ва кампир дарк кард, ки касе дарвозаро мекӯбад. Ӯ тараддуди ҳавлибароӣ кард.
– Бобо, Бобоҷон, (мӯйсафед ба наберааш навозишкорона ҳамин хел муроҷиат менамуд) бо момоят ҳамроҳ баро, ҳавлӣ лой.
Писарак, ки аз ғурунг-ғурунги бобою бибиаш хобаш намебурд, аз ҷо хеста бо момояш ба ҳавлӣ баромад. Робияхола рӯймоли калонро ба сараш партофт, Бобобек бошад, аз саросемагӣ бо либоси тунук ба дунболи бибӣ рафт.
– Кист? – аз паси дарвоза пурсид кампир.
– Момо, ин ман, Турсунбой.
Робияхола дарвозаро кушода синчакорона ба Турсунбой нигарист.
– Натарсед, момо, дузд нестам, – гуфт Турсунбойи сар то пой тар, ки дарақ-дарақ меларзид.
– Бачам, ними шаб омадаӣ, тинҷист?
– Тинҷӣ не-дия, Суюнамак дар хона?
– Дар хона, ними шаб куҷо ҳам мерафт?
– Ба он кас кор дорам.
– Даро, даро, дар остонаи дар наист.
Робияхола дар равшании чароғ Турсунбойи то миён тар ва ба лой жӯлидаро дид.
– Момоҷон, аз сарбанд омада истодаам. Корҳо ба пас гаштанд. Борон намеистодагӣ барин, – гуфту мӯзаи резинии худро кашида ба хона даромад.
– Амак, ҳоли шумо хуб аст?– Турсунбой бо мӯйсафед ҳолпурсӣ кард.
– Шукри Худо, як навъ. Корҳои худат чӣ тавр? Дар ин бевақтӣ омадаӣ, тинҷист?
Турсунбой забон хоида ба гап даромад:
– Кӯпрукро як амал карда месозем, аммо илоҷи сарбандро наёфта истодаем. Баъзе ҷойҳояшро аз нав сохтан лозим. Дар арафаи поёнёбӣ буд, ки борон рехт. Агар наистад, умеди беҳбудӣ нест. Ҳамин қадар меҳнат як пул мешавад.
– Барои ба анҷом расондани кор тахминан чанд рӯз лозим?
– Агар ҳаракат кунем, боз якрӯза кор. Фақат борон ба миёни кор зада истодааст.
– Бобош, ҳозиракак нолиш мекардед. Турсунбойро дида сиҳат шудед, – мӯйсафеди нимхезшударо дида ба суҳбат ҳамроҳ шуд Робияхола.
Пирамард ба Робияхола бо ишораи даст «ҷим шин» гуфту ба Турсунбой рӯ овард:
– Турсунбой, ба одамҳо гуй, чилашро гузаронданд, ба чилу якаш ҳам тоб оранд.
– Гуфтам, амакҷон, гуфтам. Вале онҳо ба гуфтаи шумо бештар гӯш медиҳанд. Онҳо дар зери борони чандрӯза ҳашарро давом дода истодаанд, аммо ба жолаи имрӯза тоқат кардан душвор.
Пирамард аз афташ хаста шуд, ки аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашт. Ҳангоми якпаҳлу шудан ягон ҷояш сахт дард кард, ки оҳ кашид.
– Хуб, пагоҳ меравам. Мардум имрӯз то саҳар дам гиранд. Шояд борон ҳам монад.
Робияхола ким-чӣ гуфтанӣ шуду авзои ҷиддии пирамардро дида, ҳарфе назад.
– Худам рафта дар сари кор меистам. Ҳамин қадар азоб кашиданд, агар корро партофта раванд, ҳамаи саъю кӯшишҳо барабас мераванд. Заминҳои баланд имсол ҳам беоб мемонанд.
– Ман ҳам ҳаминро мегӯям, ҷавон ҳастам, таҷрибаи корӣ надорам, шояд барои ҳамин ҳам одамҳо ба ман бовар надоранд. Шумо мӯйсафеди пурдида ва чашмикордон ҳастед. Онҳо шуморо гӯш мекунанд.
– Пагоҳ, илоҷе карда, ба роҳ мебароям. Имшаб дар ҳамин ҷо мон. Баъди ду-се соат рӯз мешавад.
– Не, падар, раҳмат. Имшаб ҳам дар сарбанд мемонам, вазъиятро бояд назорат кунам.
Баъди рафтани Турсунбой Суюнбобои бемаҷолгашта дароз кашид. Нафаскашии ӯ душвор шуд магар, ба хирросзанӣ даромад. Писарак ин ҳолати бобояшро дида хавотир кашид.
(Давом дорад).
Тарҷумаи
С. БЕКНАЗАРОВА.
Муяссар ТИЛОВОВА