САРЧАШМАИ ҶИНОЯТ БЕМЕҲРӢ АСТ

Мардум бо умеди ҳаллу фасл намудани муаммои худ, дарёфти кор, тасдиқи ҳуҷҷатҳои даркорӣ, муносибати якдигар пеш аз ҳама аз маҳалла кӯмак мепурсанд ва фаъолони маҳалла ҳаракат мекунанд, ки ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунанд.

– Ба қарибӣ ҷавони 29-сола, ки ҳафт сол муддати ҷазоро гузаронда буд, барои дарёфти кор ба маҳалла муроҷиат кард, – иброз намуд ҳангоми суҳбат фаъоли ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қизил Шарқи ноҳияи Чилонзор Матлуба Раҳимова. – Волидони ӯ инсонҳои хубанд. Ҷавон ҳирси молу дунё шуда, дасташро ба хун олуда кардааст, дӯсташро корд задааст. Ӯ бо ҳазорҳо пушаймонӣ мегӯяд, ки рӯи худам, падару модарам, наздиконам ва ҳаммаҳаллаҳоямро сиёҳ кардам. Ҷавон ҳоло ба синни 30 надаромада, ба ҷиноят даст задааст ва ба умри инсоне зомин шудааст.
Мисоли дигар, ҷавони 25-сола амаки худро пора-пора карда ба анҳор партофтааст, маълум шуд, ки онҳо ҳавлии бобоиро талош кардаанд. Дар натиҷа ҷавон 20 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Акнун баҳори умри ширини ӯ, ҷавонии ӯ дар паси панҷара мегузарад. Чунин ҳодисаҳои нохушро аз шабакаҳои иҷтимоӣ низ мушоҳида кардан мумкин аст. Ҷавонзане кӯдакашро буғӣ карда куштааст, ба об партофтааст, дар рӯи ҳавлӣ гӯрондааст ва ғайраю ҳоказо... Оё чунин занону духтарони бемеҳр ба номи муқаддаси Модар доғ наоварда истодаанд? Ҷинояткорро магар модар наофаридааст?
Оре, модарро гули ҳаёт, чароғи хонадон, сарчашмаи меҳр меномем. Аммо баъзе модарони ҷавон ба ҷиноят даст мезананд. Афсус, ки онҳоро модар гуфтан нашояд. Шери дарранда, гурги хунхӯр, рӯбоҳи маккор ва дигар ҳайвонҳои ваҳшӣ низ кӯдаки худро аз балою қазо муҳофизат карда калон мекунанд.
– Байни бародару хоҳар, хешу ақрабо риштаи меҳрро кӣ бояд мустаҳкам кунад? Агар дар оилаи ҷинояткор риштаи меҳру оқибат мустаҳкам мебуд, онҳо ба чунин корҳои мудҳиш даст намезаданд. Ин иллатҳо ба мо хос нест. Муҳити оила, тарзи ҳаёти хонадон ба назар майда-чуйда намоён гардад ҳам, ҳар як ҳолат ба тарбияи кӯдак таъсир мерасонад. Аз ин боис, мо калонсолон онҳоро аз бемеҳр ба воя расидан нисбати наздикони худ  бояд эҳтиёт кунем, – фикрашро идома дод Матлубаапа.
Дарҳақиқат, бемеҳрӣ сабабгори ҳодисаҳои нохуш мегардад. Фарзандонро дар рӯҳи накӯкорӣ, инсондӯстӣ, меҳру шафқат тарбия намуданро фаромӯш накунем. Ба онҳо фаҳмонем, ки ҳар як мушкилиро бо созгориву рифқу мудоро ҳаллу фасл бояд кард. Дар «Ахлоқи Мӯҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар ин боб чунин омадааст: «Ардашери Бобак, ки сарири салтанатро ба зевари ҳикмат ороста буд, фарзанди худро дид, ҷомаи қимате пӯшида. Гуфт: – Эй писар, салотинро ҷомае бояд пӯшид, ки дар ҳеҷ хазона набошад ва ҳеҷ кас мисли он натавонад, ки бипӯшад. Мисли ин ҷомае, ки ту пӯшидаӣ, ёфт мешавад ва ҳама кас метавонад пӯшид. Писараш пурсид, ки асли ин ҷома аз чӣ чиз аст? Гуфт: – Тораш аз накӯхӯиву накӯкорӣ ва пудаш аз созгориву бурдборӣ. Агар касе дар ин калима тааммул кунад, донад, ки ҷомеа ақсоми хайрот аст. Подшоҳону шаҳриёронро бо ҳама корсозӣ накӯст дар ҳама вақт, созгорӣ хуш аст дар ҳама ҷой».
«Фаридунро пурсиданд, ки мулозимонро ба чӣ чиз нигоҳ тавон дошт?
Гуфт: – Ба мулотифат ва бурдборӣ.
Гуфтанд: – Мушкилиҳоро ба чӣ чиз ҳал тавон кард?
Гуфт: – Ба мулоимат ва созгорӣ.
Дар ин боб гуфтаанд:
Муҳиме, ки бисёр мушкил бувад,
Ба рифқу мудоро тавон сохтан.
Тавон сохт коре ба замме чунон,
Ки натвон ба теғу синон сохтан».

Инсонҳо, олами ҳайвонот, ҳатто наботот ҳам ба меҳрубонию ғамхорӣ муҳтоҷ ҳастанд. Аз хирадманде пурсидаанд: «Он чӣ чизҳост, ки беҳтар аз зиндагонӣ ва бадтар аз марг бошад? Гуфт: – Беҳтар аз зиндагонӣ некномист ва бадтар аз марг – бадномӣ».

Саодат БЕКНАЗАРОВА.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: