САРЧАШМАИ ПЕШРАФТУ МУВАФФАҚИЯТҲО

Азизу ягонаам туӣ, Ӯзбекистони маҳбуб!

Дар бисту ҳафт соли охир мо шоҳиди он шудем, ки дар ҳамаи соҳаҳо ислоҳоти куллӣ пиёда гардиданд, дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ пайвастанд. Ин ҳама пешравиҳо, аз як сӯ, ба шарофати истиқлол бошад, аз тарафи дигар, ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари  давлати соҳибистиқлоламон мебошад, ки ҳоло мо дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи он қарор дорем.
То чашм пӯшида кушодан бисту ҳафт сол сипарӣ шудааст. Дар ин давра мамлакатамон пойгоҳи моддии худро хеле мустаҳкам намуд. Дар миқёси байналмилалӣ Ӯзбекистони моро хеле хуб шинохтанд ва ҳамеша ба он арҷу эҳтиром мегузоранд, ки боиси сарбаландиҳост. 
Он нукта низ боиси ифтихор мебошад, ки Шавкат Мирзиёевро дар саросари олам ба ҳайси яке аз сиёсатмадорони беҳтарин арзёбӣ мекунанд, зеро вай тавонист сиёсатро билкул тағйир диҳад, маҷрои воқеаҳоро дигаргун созад, саддҳои зиёдро бишканад. Аз ин маншаъ гирифта мо, пиру барнои кишвар  бояд талош ба харҷ диҳем, ки аз ҳарвақта дида пурмаҳсултар кор кунем, бо дарки масъулият дар пешрафти иқтисодиёти Ватан ва фаровонии ҳаёти мардум саҳми босазои худро гузорем. 
 Дар қарори Президенти мамлакат «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор намудани иди 27-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» гуфта мешавад: «Вақте ки имрӯз Ӯзбекистон ба марҳилаи нави рушди миллӣ ворид гаштааст, боз ҳам беҳтару бештар нақш ва аҳамияти арзишманди дастовардамон – истиқлолият волотар мегардад. Дар ҳамаи соҳаҳо ва бахшҳо дигаргуниҳои васеъмиқёс ба амал меоянд, сатҳ ва сифати ҳаёти мардум боло меравад».
 Ба ин гуфтаҳои роҳбари давлат комилан мувофиқ ҳастам. Зеро ҳама бо чашмони худ мебинем, ки дар солҳои охир чӣ дар сиёсати дохилӣ ва чӣ  хориҷӣ мамлакати мо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Ба ин  беҳбуди ҳусни ҳамсоядорӣ, ҳамчунин боз шудани марзҳои оҳанин ба рӯйи мардуми кишварҳои ҳамҷавор, равуои бемонеа, ҳусни тафоҳум ва амсоли он мисоли равшан шуда метавонанд.
Дар баробари ин, дар деҳаҳои дурдасттарини кишварамон низ корҳои ободонӣ бо суръати баланд пеш мераванд, сатҳи зиндагонии мардум баландтар мешавад, дар деҳот низ, мисли шаҳрҳоямон, иншоотҳои замонавӣ қомат рост мекунанд, масканҳои маърифату зиё бозсозӣ шуда, барои ҷавонон шароиту имкониятҳои фаровон муҳайё карда мешаванд. Ҳамаи ин арзишҳое маҳсуб меёбанд, ки маҳз ба шарофати истиқлолияти Ватан ба даст омадаанд.
Дар айни замон баргузор шудани чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ дар ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои шаҳру деҳ, ки воқеан тараннумгари асосии дастовардҳои истиқлолияти кишвари паҳноварамон мебошанд, баёнгари онанд, ки мардум  аз зиндагӣ ва маишати рӯзгори худ розиву қаноатманданд. Дар байни мардум ин ҷумла ба такрор вирди забонҳо гаштааст: «Ҳақиқатан, ҷашну тантана ва хурсандиҳо ба  кишвари соҳибистиқлоли мо хеле мезебад!».
Ин ҷумла ба ягон тавзеҳоти зиёдатӣ ниёз надорад ва баёнгари воқеият мебошад. Чанд рӯз қабл дар бемористони марказии ноҳияамон, ки  солҳои дароз ба сифати ҷарроҳ фаъолият мебарам,  зери унвони «Шукргузорем, Ватан» чорабинӣ баргузор шуд. Дар он пизишкон, хоҳарони шафқат, кормандони техникӣ ва беморони зиёд ширкат карданд.
Як рисолат дар ин чорабинӣ боиси хушҳолӣ буд, ки ҳамаи ширкаткунандагони он бидуни ҳавову ҳавас ва шакку нобоварӣ аз дастовардҳои истиқлол ҳарф мезаданд. Хоссатан, пуштибонӣ ва ҷамъовозии муташаккилона аз сиёсате, ки Президенти мамлакат пиёда мекунад, хеле хушам омад! Чунин ҳолро кайҳо боз надида будам. 
Боз шоҳиди он шуда истодаем, ки дар ду соли охир мардум фикрашро озод баён мекардагӣ шуд. Ҳамон таъкиди хеле бамавриди Президент ба ёдам омад: «На мардум ба роҳбарони идораҳо,  балки роҳбарони идораҳо бояд ба мардум хидмат кунанд».
Ин шиор дар бисту панҷ соли истиқлол ягон бор талқин нашудааст. Маҳз бо ташаббуси сарвари мамлакат арзи вуҷуд намуд ва роҳбарони идораҳоро водор кард, ки дарду доди халқро шунаванд, дар ҳаллу фасли масъалаҳо ва мушкилоти онҳо чораҳои фаврӣ андешанд. Пӯшида нест, ки роҳбарони идораҳо аз утоқҳои худ берун шуданд, ба назди мардум омаданд ва ба дарду доди онҳо гӯш доданд.
Танҳо дар маҳаллаи Қошқарёни шаҳри Риштон, ки ман он ҷо зиндагонӣ мекунам, дар ин авохир як қатор дигаргуниҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Маҳаллаамон дар муддати кӯтоҳ хеле ободу зебо шуд. Шахсони масъул ба одамони камбизоат дасти ёрӣ дароз намуданд, хонаҳои онҳо тармим гардид ва теъдоди зиёди бекорони маҳаллаамон соҳиби шуғли доимӣ шуданд.
Ман пизишк ҳастам ва вазифаам барқарор кардани саломатии одамон мебошад. Шукр мегузорам, ки тӯли солҳои дароз таҷрибаи хуби пизишкӣ ҳосил намудам, ба ин нигоҳ накарда ҳамеша мутолиа мекунам, аз навгониҳо бохабар мешавам, такмили ихтисос менамоям. Ҳамеша талош мекунам, ки ҳар як беморро аз муоинаи хуби тиббӣ гузаронам. Танҳо дар сурати зарурат ин ё он беморро ба мизи ҷарроҳӣ мехобонем ва бо кӯмаки ҳамшираҳои шафқат саломатии онҳоро барқарор карда, ба назди пайвандонаш мегуселонем.
 Ин кори рӯзмарраи ману пизишкони беморхонаи марказии ноҳия мебошад.  Аммо таъкид карданиам, ки маҳз ба туфайли истиқлолият  кормандони тиббиёт низ ба дастовардҳои зиёд ноил шуданд ва ин раванд идома дорад. Беморхонаи марказии ноҳия бо таҷҳизоту дастгоҳҳои замонавии тиббӣ таъмин шудааст. Ҳоло мушкилтарин амалиёти ҷарроҳӣ дар беморхонаамон имконпазир гаштааст. Банда онро аз шарофати сиёсати доманфарохи Президенти мамлакат ва истиқлолияти кишвар мебинам.
 Акнун сол аз сол имкониятҳоямон доман фарох хоҳанд кард. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як поликлиникаи комилан муҷаҳҳаз дар шафати беморхонаи марказии ноҳия низ аз шарофати ҳамин истиқлол мебошад, ки дар арафаи таҷлили бисту ҳафтумин солгарди он қарор дорем.  

Ийбатулло САИДОВ,
ҷарроҳи тоифаи олии бемористони марказии
ноҳияи Риштон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: