«САРДАФТАРИ ОЛАМИ МАОНӢ ИШҚ АСТ...»

Офаридаҳои Ҳаким Умари Хайём то имрӯз сабаби баҳсу мунозираҳои тӯлонӣ гардидаанд.

Қарнҳои сипаригардида маълумотҳои мушаххаси баста ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯро бо ривояту афсона ва бофтаҳое, ки сабаби баҳсу мунозира мегарданд, даромехтаанд.
Ин ҳолат муҷиби нест гардидани осоре, ки ба қалами ӯ мансубанд, ё муайян нашудани муаллифи онҳо гардидааст. Имрӯз илм ба тасбит расондааст, ки ҳамагӣ шасту шаш рубоӣ маҳсули эҷоди Хайём мебошад. Ҳол он ки баъзе мутахассисон бар онанд, ки теъдоди рубоиҳои шоир беш аз чорсад ададро ташкил медиҳад.
Хайём, ба ҷуз ин, бо рисолаҳои фалсафӣ ва корҳои илмии доир ба сиёсат, мусиқӣ ва тиб таълифнамудааш ном баровардааст. 
Рубоиҳои Хайём аз забони англисӣ, дертар аз забони форсӣ қариб ба ҳамаи забонҳои Аврупо тарҷума шудаанд. Ҳоло рубоиёти ӯ ба ҳамаи забонҳои дунё баргардонида шудаанд. Метавон гуфт, ки ин рубоиёт дар адабиёти ҷаҳон саҳифаи наверо боз намуд.
Хайёмро ҷаҳониён ба таври худ пазируфтаанд. Мисолан, Умари Хайёмро дар Русия ба сифати як олим (мунаҷҷим, риёзидон, донандаи илми физика) ва шоир мешиносанд. Чунин қаробатҷӯйӣ то солҳои ҳафтодуми қарни XIX идома пайдо кардааст.
Рубоиёти ӯ тавассути ҳавошии рисолаҳои илмӣ ва шифоҳӣ ба мо дастрас шудаанд.  Рубоиёти дар шакли шифоҳӣ (даҳонакӣ) то ба мо расидаи ӯ дорои фарқиятҳои ҷузъиянд.
Муҳаққиқи эронӣ Муҳаммадалии Фурӯғӣ бар он аст, ки: «Хайём, қабл аз ҳама, мусалмони Худоро шинохта, мӯътақид ва боимон аст, биноан дар рубоиёташ ба ин ҷиҳат рӯйи эътибор гардонида шудааст». Уламои рус дар он ақидаанд, ки Хайём мункири Худову ислом аст. Чунин ақоиди ба ҳам зид дар китобҳои илмӣ ва дарсии қарни XX, осори бадеӣ ва маводи интернет фаровонанд.
Хидматҳои Шоислом Шомуҳаммадов бобати ба забони ӯзбекӣ баргардонидани рубоиёти Умари Хайём шоистаи таҳсин аст. Тарҷумаҳои анҷомдодаи ӯ борҳо ба дасти нашр расидаанд.
Хайём дар баробари амиқ донистани илмҳои дақиқ, аз Қуръони маҷид низ вуқуфи комил доштааст. Баъзе рубоиёти ӯ, ки саршори мазомини қуръониянд, далели ин гуфта мебошад. 
Дар ояи 20-уми сураи «Оли имрон» омадааст: «Мо худро ба Аллоҳ супоридем, ба ӯ мутеъ шудем». Хайём дар як рубоияш дар назди қисмат оҷиз будани одамро чунин тасвир менамояд: 
Ё раб, ту гилам сириштаӣ, ман чӣ кунам?
Пашму қасабам ту риштаӣ, ман чӣ кунам?
Ҳар неку баде, ки аз ман ояд ба вуҷуд,
Ту бар сари ман навиштаӣ, ман чӣ кунам?

Аз намунаҳои болоӣ пайдост, ки дар масъалаи инсон ва тақдири ӯ рубоиёти Хайём бо мазомини китоби илоҳӣ комилан ҳамоҳанг аст.
Дар ояи 34-уми сураи «Бақара» гуфта шудааст: «Ӯ (Аллоҳ) зоти меҳрубонест, ки тавбаҳоро бипазирад». Дар як рубоии Хайём тавбапазирии Аллоҳ чунин қаламдод шудааст:
Бо бахшиши ту ман аз гунаҳ нандешам,
Бо тӯшаи ту зи ранҷи раҳ нандешам.
Гар раҳми туам сафеди рӯ ангезад,
Ман ҳеҷ зи номаи сиёҳ нандешам.

Чунин ҳолатҳое, ки дар рубоиёти Умари Хайём тасвир ёфтаанд, дар асари Пауло Коело ба таври зайл инъикос ёфтаанд: «Қаҳри Худо сахт, аммо марҳамате беинтиҳо дорад». Ин фикрро ояи 119-уми сураи «Нахл» низ тасдиқ менамояд: «Парвардигори шумо зотест бахшанда».
Чанде аз рубоиёти Хайём ба дурудароз набудани умр, ғанимат донистани он, марг ва аз нав зинда шудани инсон ишора мекунанд. Дар ояи 28-уми сураи «Бақара» омадааст: «Чӣ гуна ба Худованд куфр меварзед, ҳол он ки беҷон будед, Вай (Ӯ) ба шумо ҷон бахшид, сипас шуморо мемиронад ва зинда мекунад, он гоҳ ба сӯяш бозгардонда мешавед».
Аз сири нуҳуфтаат хабар хоҳам кард,
В-онро ба ду ҳарф мухтасар хоҳам кард.
Бо ишқи ту дар хок фурӯ хоҳам шуд,
Бо меҳри ту сар зи хок бар хоҳам кард.

Дар ин рубоӣ хок шудан дар ишқи Худо ва бо марҳамати Ӯ аз нав зинда гардидан инъикос ёфтааст. Боварӣ ба аз нав зинда шудан бо иродаи Аллоҳ қаҳрамони лирикиро аз бими марг наҷот медиҳад. Илтиҷои инсоне, ки оҷизии худро дарк намудааст, меҳри Худоро бармеангезад.
Хайём ризқу рӯзиро, ки ба ивази меҳнати ҳалол ба даст меояд, аз сарвату даромади муфт боло мегузорад. Ин гуна рубоиҳои ӯ инсонро ба қаноат, олиҳимматӣ ва мардӣ даъват менамоянд:
То дар тани туст устхону рагу пай,
Аз хонаи тақдир манеҳ берун пай.
Гардан манеҳ ар хасм бувад Рустами Зол,
Миннат макаш ар дӯст бувад Ҳотами Тай.

Яъне дар лавҳи қазо ҳар чӣ навишта бошад, ҳамон рӯй медиҳад. Биноан, агар душманат Рустами Зол бошад ҳам, сар хам макун, дӯстат ҳарчанд Ҳотами Той аст, ба ӯ рӯйи ниёз маёвар, миннаташро макаш. 
Аз нигоҳи Хайём қимати инсон танҳо дар илму дониш нест, балки дар одамгарии ӯ низ таҷассум меёбад:
Онро манигар, ки зӯфунун ояд мард,
Дар аҳду вафо нигар, ки чун ояд мард.
Аз уҳдаи аҳд агар бурун ояд мард,
Аз ҳар чӣ гумон барӣ, фузун ояд мард.

Яъне, фазилати инсони комил дар вафо ба аҳд ва ягонагии сухану амал ошкор мегардад.
Барои Хайём қалби инсоне, ки аз ҷониби Худо мукаммал офарида шудааст, қимати баланд дорад. Арҷ гузоштан ба инсон ва дили ӯро ба даст даровардан барои ӯ басе муҳим аст:
Гар рӯйи замин ба ҷумла обод кунӣ,
Чандон набувад, ки хотире шод кунӣ.
Гар банда кунӣ ба лутф озодеро,
Беҳтар, ки мазори банда обод кунӣ.

Дар эҷодиёти Хайём яке аз масъалаҳое, ки сабаби баҳсу мунозираи зиёд мегардад, образи май мебошад. Дар ин масъала натанҳо фикру мулоҳизаҳои  хонандагони оддӣ, балки нуқтаи назари хайёмшиносон низ яксон нест. Мутафаккир дар «Наврӯзнома»-и хеш доир ба суду зиёни май андешаҳояшро баён намудааст, ки такя ба фикру мулоҳизаҳои Абӯалӣ ибни Сино ва Муҳаммади Закариё доранд. Вай дар асари мазкур ба хонанда доир ба хусусиятҳои давоӣ, меъёри истеъмол ва тарзи омодакунии май маълумот пешниҳод менамояд. 
Дар ояи 67-уми сураи «Нахл» доир ба май гуфта шудааст: «Ва аз меваҳои дарахтони хурмо ва ангур (шароб) ҳам нӯшокии мастиовар ва ҳам хӯроки некӯ ба даст меоваред, бегумон дар ин амр барои  хирадварзон мояи ибратест». Дар тафсири Қуръон ба ояи мазкур чунин шарҳ дода шудааст: «Мурод аз хурмову ангур хурмои хушконида, мавиз, сирко ва шароб бошад. Қудрати Аллоҳ беинтиҳост». 
Дар ояи 219-уми сураи «Бақара» омадааст: «Аз ту дар бораи шароб ва қимор мепурсанд; бигӯ дар онҳо гуноҳе бузург ва низ судҳое барои мардум ҳаст, вале гуноҳи онҳо бар судашон мечарбад (бартарӣ дорад); ва аз ту мепурсанд, ки чӣ чизе бубахшанд, бигӯ он чӣ афзун ба ниёз аст; бад-ин сон Худованд оёт (худ)-ро равшан месозад, бошад, ки андеша кунед». Дар оғози ислом дар байни халқ хамрнӯшӣ (шароб), ки чароғи ақлро тира гардонад, одат шуда буд. Бино ба нақле яке аз саҳобагон – Абдураҳмон бинни Авф баъди нӯшидани шароб ба намоз мепардозад ва ба сабаби бе иловаи «вал» қироат кардани «Куллиё» маънии он тағйир меёбад. Ва аз даҳони ӯ ба ҷойи ҷумлаи «мо ба бутҳо ибодат намекунем», «мо ба бутҳо ибодат мекунем» берун меояд.
Вақте саҳобагон ин ҳолатро ба Расули Худо нақл мекунанд, ояи 43-юми сураи «Нисо» нозил мешавад: «Эй мӯъминон, дар ҳоли мастӣ ба намоз наздик нашавед, то замоне, ки бидонед, ки чӣ мегӯед».
Дар ояҳои 30 ва 91-уми сураи «Моида» ба ин мавзӯъ такрор баргашта шудааст.
Дар ояи 90-ум гуфта мешавад: «Эй мӯъминон, шаробу қимор ва инзобу излом аз аъмоли (амалҳо) палиди шайтон аст, аз он парҳез кунед, бошад, ки растагор шавед».
Дар адабиёти ирфонӣ образҳои бода, май, шароб, ишқ ва муҳаббат ишора ба ишқи илоҳиянд. Зарфҳои май: ҷом, қадаҳ, соғар, паймона қалби суфист, ки аз маърифат ва ишқи илоҳӣ лабрез мегардад. Дар аксарияти рубоиҳои Хайём май ба маънии ишқу муҳаббати илоҳӣ, қаробатҷӯйӣ ба Парвардигор, ҷӯш задан дар роҳи расидан ба висоли Ӯ омадаанд. Мисол:
Сардафтари олами маонӣ ишқ аст,
Сарбайти қасидаи ҷаҳонӣ ишқ аст.
Ай он ки хабар надорӣ аз олами ишқ,
Ин нукта бидон, ки зиндагонӣ ишқ аст.
Дар рубоии дигари Хайём омадааст:
Май гарчи ҳаром аст, вале то кӣ хӯрад,
Онгоҳ чӣ миқдору дигар бо кӣ хӯрад,
Ҳар гоҳ ки ин се шарт шуд рост, бигӯ
Майро нахӯрад мардуми доно, кӣ хӯрад?

Дар шеъри Хайём май ба маънии ишқу ошиқӣ, сафо ва зебоӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз дидгоҳи шоир май осонкунандаи мушкилоти роҳи висоли Ҳақ, кушояндаи ҳар гуна гиреҳ ва кушандаи ҳисси кибру ғурур мебошад. Агар Азозил аз май (ишқи илоҳӣ) як қатра мехӯрд, аз амри Офаридгор сар наметофт, ба Одам саҷда мекард:
Аз бода шавад такаббур, аз сарҳо кам,
В-аз бода шавад кушода банди маҳкам.
Иблис агар зи бода хӯрдӣ як дам,
Кардӣ ду ҳазор саҷда пеши Одам.

«Ман»-и шоир дар аксарияти рубоиҳо бар асари баҳрабардорӣ аз ишқи илоҳӣ ба ҳолати ғайриоддӣ меафтад, ба аз обу гил офарида шудан ва баъди марг аз нав зинда шудани инсон бовар дорад: 
Чун даргузарам ба бода шӯед маро,
Талқин зи шароби ноб гӯед маро.
Хоҳед ба рӯзи ҳашр ёбед маро,
Аз хоки дари майкада ҷӯед маро.

Май – меҳр ва рамзи ҷамоли Ҳақ. Майхона (майкада) – маскани ошиқони Аллоҳ ва ҷӯяндагони роҳи висоли Ҳақ. 
Дар рубоиёти шоир ҳолати дили инсони бар асари май ба тапишомада ба хонанда завқ мебахшад, ӯро ба шукргузорӣ, дӯст доштани ҳаёт даъват менамояд, дар айни замон ба андеша водор месозад.
Аз гуфтаҳои болоӣ метавон чунин хулоса кард:
Якум, мавзӯъ ва образҳои шоиронаи рубоиҳои Умари Хайём дар асоси ояҳои Қуръон ба вуҷуд омаданд.
Дуюм, маънои ирфонии май сабаби тавсифи он дар рубоиёти Хайём гардидааст. Ба мазмуни рубоиҳои ӯ ҳар чӣ бештар фурӯ равем, андешаҳои суфиёнаро дар онҳо ба он андоза эҳсос менамоем.
Сеюм, май дар эҷодиёти Хайём натанҳо воситаи зикри Худо, қаробатҷӯйӣ ба Ӯ, балки василаи ифодаи шоиронаи фалсафаи зиндагӣ низ ҳаст. 
Чаҳорум, ишқ ба Офаридгор, қаробатҷӯйӣ ба висоли Ӯ, идроки амиқи аҷз дар назди қисмат ба амиқрафти мазомини фалсафӣ ва ҷаззобияти образҳои шоирона мусоидат намудаанд.
Мероси адабии олим ва шоири бузург Умари Хайём саршори панду ҳикмат аст. Нигоҳи шоиронаи ӯ ба зиндагӣ ва ҳаводиси он касро сари андеша меоварад, то ҷое парда аз рӯйи асрори ҳаёт мебардорад, ба гиромидошти ҳар як лаҳзаи умр даъват менамояд. Маҳз ҳамин ҷиҳатҳо ба қудрату ҷозибаи рубоиёти Хайём афзудаанд.

Мустафо БОЙЭШОНОВ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: