САРДИИ ҲАВО ВА КУМАКИ ИҶТИМОӢ

Таҳдиди сардии ғайриодии ҳаво ба рӯзгори мо ҳамоно идома дорад.

Таҳдиди сардии ғайриодии ҳаво ба рӯзгори мо ҳамоно идома дорад. Дар натиҷа ташвиши мардум бинобар норасогии барқ, номувофиқии гази табиӣ, яхбандии қубурҳои об барин масъалаҳо афзудааст. Бо вуҷуди ин чорабиниҳои сатҳи давлатӣ, ташкилёбии штабу ба назорат гирифта шудани вазъи ҳудудҳо имконият медиҳад, ки душвориҳои пешомада саривақт бартараф карда шаванд. 
Ба оилаҳои дармонда дасти ёрӣ дароз мегардад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рометан низ дар ин бора корҳои назаррас ба чашм мерасад. Тарзи зиндагии сокинон дар ҳамаи 45 маҳаллаи ноҳия омӯхта шуда, ба онҳое, ки муҳтоҷи дастгирианд, бепул додани ангишт ба роҳ монда шуд. Ҳамин тариқ, ба 1285 нафар дармондагон бештар аз ҳазор тонна ангишт инъом гардид. Дар давоми ду ҳафтаи гузаштаи моҳи ҷорӣ дар маҳаллаи «Атторон» 61 тонна, дар маҳаллаи «Деҳча» 67 тонна, дар маҳаллаи «Муғонча» 41 тонна, дар маҳаллаи «Қалъаи чорбоғ» 38 тонна, дар маҳаллаи «Бахтиёрчӣ» 32 тонна, дар маҳаллаи «Қӯрғон» 24 тонна ангишт ба эҳтиёҷмандон дастрас гардид. Гуфтан ҷоиз аст, ки ин маҳаллаҳо аз маркази ноҳия 10-15 километр дур мебошанд. Бобати дастгирии аҳолии эҳтиёҷманди ҳудуд саҳми Хазинаи «Саховат ва кумак»-и вилоят низ назаррас аст. Рӯзҳои аввали Соли нав ба 400 оилаи камдаромади маҳаллаҳо маҳсулоти хӯрокворӣ инъом карда шуда бошад, ба 162 нафар шаҳрвандони бепарастор нӯҳ намуди маҳсулоти озуқаворӣ туҳфа гардид. Рӯзҳои охир ба 250 нафар шаҳрвандоне, ки шомили «Дафтари оҳанин» ва «Дафтари бонувон» мебошанд, маҳсулоти хӯрокворӣ ва ангишт супорида шуд. Аз чунин  кумаки инсонппарварона сари ногироён Дилбар Амонова (аз маҳаллаи «Миришкор»), Баҳриддин Амонов («Марзия»), Ашур Қурбонов («Ифтихор»), Ҳафиз Файзиев («Атторон»), Шавкат Нарзиев («Челонғу») ва дигарон ба осмон расид. Аз ҷониби ҳокимияти ноҳия дар зиёратгоҳҳои намояндагони «Ҳафт пир» Бобои Самосӣ ва Хоҷаалии Рометанӣ дасторхон густурда, бо ҳалиса зиёфат карда шудани мардум барои шахсони саховатманд аҳамияти намунавӣ дошт. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, рӯзҳои охир ин қабил хайру эҳсон дар дигар маҳаллаҳои ноҳия низ ба амал омад ва мардум аз ҳимматбаландии  соҳибкорон, депутатҳои ноҳия Аваз Қиличев, Эркин Шарифов, инчунин Хуршед Болтаев, ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди «WOM Romitex» ва «BST Cluster», ҳамчунин роҳбарони хоҷагиҳои фермерӣ баҳраманд гардиданд. Зотан дар рӯзи сахт ёвару мададгор шудан фазилат ва анъанаи хуби мардуми тоҷик аст.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: