САРДОРОН ИНТИХОБ ШУДАНД

Чанде қабл дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Бӯка бо ташаббуси Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон “Анҷумани шӯрои сардорон” баргузор шуд.

Чанде қабл дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Бӯка бо ташаббуси Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон “Анҷумани шӯрои сардорон” баргузор шуд. Дар он мутахассисони Шӯро ва ҳокимияти ноҳия, саркашшофону сардорони мактабҳои миқёси ноҳия иштирок карданд. 
Гуфтан мумкин аст, ки интихоботи сардорон аз рӯйи тамоми самтҳо, яъне 7 самти сардорони “Иттифоқи ҷавонон” ва 7 самти сардорони “Камалак” (сардори “Иттифоқи ҷавонон” ва “Камалак”, сардорони самтҳои “Таълим”, “Маданият”, “Имкон”, “Экология”, “Спорт” ва “Матбуот ва медиа”) ҷамъ 14 гурӯҳ дар шакли семинар-тренинг амалӣ гардид. Дар ҳар як гурӯҳ сараввал равоншиносон ва саркашшофи ҷавонони соҳибтаҷриба оид ба ҳар як самт маълумот доданд, баъдан сардорони самтҳо лоиҳаи худро бинобар “Ман агар сардори ноҳия шавам, чӣ кор мекунам?» ҳимоя карданд. Дар охир аз рӯйи ҳимояи лоиҳа ба таври овоздиҳии иштирокдорон сардорони муносиб интихоб шуданд.  
Дар анҷумани сардорон раиси Шӯрои Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар ноҳияи Бӯка Қ.Каримов, муовини ҳокими ноҳия оид ба масъалаҳои ҷавонон А.Хонтӯраев, раиси Шӯрои ноҳиявии ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” Х. Обидова дар бораи анҷуман ва интихоботи сардорон фикру ақидаҳои худро иброз доштанд.  
Дар охир аз ҷониби шӯро ба сардорони муносиби ноҳияи Бӯка боварнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва телевизорҳои ранга тақдим карда шуд. 

Самия САФАРОВА,
сардори самти “Матбуот ва медиа”-и мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 43-юми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: