САРДОРОНИ БЕҲТАРИН ИНТИХОБ ШУДАНД

Имрӯзҳо бо ташаббуси шӯрои марказӣ ва шӯроҳои вилоятиву ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар сартосари кишвар озмун, мусобиқаҳои варзишӣ, вохӯриву чорабинӣ, семинарҳо бобати дар рӯҳи ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон, содиқ будан ба ғояҳои истиқлолият, баланд бардоштани иқтидор, истеъдод ва ҷаҳонбинии онҳо корҳои васеъмиқёс гузаронда мешаванд.

Имрӯзҳо бо ташаббуси шӯрои марказӣ ва шӯроҳои вилоятиву ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон дар сартосари кишвар озмун, мусобиқаҳои  варзишӣ, вохӯриву чорабинӣ, семинарҳо бобати дар рӯҳи ватанпарварӣ тарбия намудани ҷавонон, содиқ будан ба ғояҳои истиқлолият, баланд бардоштани иқтидор, истеъдод ва ҷаҳонбинии онҳо корҳои васеъмиқёс гузаронда мешаванд.
Озмун-азназаргузаронии «Беҳтарин шӯрои сардорони намунавӣ» аз ҷумлаи озмунҳои беҳтарини Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон маҳсуб меёбад, ки дар ҷаҳонбинии ҷавонони кишвар нақши муҳим дорад. Шӯрои сардорон имрӯз дар ҳар як муассисаи таълимӣ, мактабҳои касбу ҳунар ва донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ фаъолият мебаранд, ки онҳо дар ҳар як ин муассиса нақши худро дар пешрафти таълиму тарбия мегузоранд. Сардори «Иттифоқи ҷавонон», «Камалак», сардорони самти «Маданият», «Таълим», «Имкон», «Экология», «Спорт» ва «Матбуот ва медиа» аъзои шӯрои сардорони ташкилоти ибтидоӣ башумор мераванд. Алҳол зинаи вилоятии озмун дар тамоми вилоятҳо идома дорад.
Озмун-азназаргузаронии «Беҳтарин шӯрои сардорони намунавӣ»-и миқёси вилояти Тошканд дирӯз дар «Боғи ҷавонони Бӯстон»-и ҷамоати шаҳрвандони Бӯстони ноҳияи Бӯка баргузор шуд. Дар ин озмуне, ки бо ташаббуси шӯрои Иттифоқи ҷавонони вилояти Тошканд, Агентии кор бо ҷавонон, ҳокимияти вилоят, саридораи таълими халқ, садорати маданияти вилояти Тошканд роҳандозӣ гардид, ҷавонон аз 22 шаҳру ноҳияи вилоят барои ба даст овардани роҳхати ҷумҳурӣ талош варзиданд.
– Имрӯз дар «Боғи ҷавонони Бӯстон» зинаи вилоятии озмун-азназаргузаронии «Беҳтарин шӯрои сардорони намунавӣ» баргузор гардид. Дар он ҷамъ 14 нафар аъзои шӯрои сардорони шаҳрҳои Нурафшон, Олмалиқ, Бекобод, Оҳангарон, Ангрен, ноҳияҳои Чиноз, Бӯка, Пискент, Паркент барин 22 шаҳру ноҳияи вилоят ширкат варзиданд, – мегӯяд ҳамоҳангсози ташкилоти бачагони «Камалак»-и Иттифоқи ҷавонони вилояти Тошканд Бобур Ҷӯраев. – Мақсади асосии озмун баланд бардоштани иқтидор, истеъдод ва маҳорати ҷавонони вилоят мебошад. Фикр мекунам озмуни мазкур ба аъзои шӯрои сардорони ҳар як ҳудуди вилояти мо дарси маҳорат мегардад. Ҷавонон аз ҳамсолону сардорони дигар ҳудудҳои вилоят оиди фаъолият ва вазифаҳои худ маълумоти бештар мегиранд.
Бояд гуфт, ки озмун-азназаргузаронии «Беҳтарин шӯрои сардорони намунавӣ» ба ҷавонони вилоят рӯҳи болида бахшид. Онҳо аз баромадҳои ҳамдигар таассуроти баланд ба даст оварданд.
Дар озмун ҷамоаи сардорони ноҳияи Чиноз ҷойи якумро ба даст оварда, соҳиби роҳхати давраи ҷумҳуриявии озмун гардид. Ҷойҳои дуюму сеюм насиби ҷамоаҳои шаҳрҳои Олмалиқ ва Бекобод шуд. Насиб бошад, сардорони ғолиби вилояти Тошканд дар миқёси ҷумҳурӣ нуфузи вилоятро муносиб ҳимоя мекунанд.

Меҳровари ҚОДИР,
ноҳияи Бӯкаи 
вилояти Тошканд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: