САРГУЗАШТИ ЯК МУСОФИР

Зиндагӣ қонунҳои нонавиштае дорад.

Роҳи он якзайл ва ҳамвор нест. Гоҳо ҳамаи орзую ниятҳо ба боди фано мераванду кас мисли санги фалахмон ба ким-куҷо нопадид мегардад.
Солҳои шастуму ҳафтодуми асри гузашта пирамарди чорпаҳлӯ, қоматбаланд, кулчарӯи ситорагармро борҳо дидаам. Вақте ки дар боғи Қизилой занҳо суманак мепухтанд, иди Наврӯз барпо мешуд, хурду калон гирди дастархони идона ҷамъ шуда хурсандӣ мекардем. Аҷаб рӯзҳои шодиовару пурфайз буданд он рӯзҳо!
Ва рӯи кати калон мӯйсафедони нуронӣ менишастанд. Дидаам он пирамарди гулкорро.
Вале бо гузашти солҳо дертар донистам, ки ин мард Мамасиддиқ Йӯлдошеви понғозӣ будаанд. Шунидаам, ки ноҳияи Ашт се деҳаи калон доштааст: Ашт, Шайдон ва Понғоз. Хушбахтона, шарикдарсонам – Насибҷон Амонӣ, Нурулло Мирзоматов ва дугонаи марҳумам – Солеҳамоҳ Раҳматуллоева аз ин гӯшаҳои ноҳияи Ашт буданд.
Саргузашти ин мард ғамангез, риққатовар ва ҳам шавқовар аст. Мамасиддиқ соли 1901 дар оилаи мударрис Мулло Йӯлдош таваллуд шудааст. Дар панҷсолагӣ аз модар ҷудо мешавад. Таҳсили ибтидоии диниро аз падараш гирифта, сипас дар яке аз мадрасаҳои Тошканд таҳсилро давом додааст.
Аз таърих маълум аст, ки пас аз соли 1917 давраи хеле ноором ба вуҷуд омад, табъид, репрессия ва ҳоказо. Мамасиддиқи ҷавон ҳам дар заводи тамокубарории Тошканд кор карда, соҳиби шиноснома гардид ва зуд-зуд ағбаро убур карда, ба зодгоҳаш мерафт, аз аҳволи оилааш хабар мегирифт. Боди сарди табъид ӯро ҳам ором намегузошт. Бадгӯён ба мақомоти дахлдор хабаркашӣ мекарданд, ки ӯ дар мадраса хондаасту илми динӣ дорад.
Ибтидои солҳои 30 бо аҳли оилааш ба мавзеи Уялии водии Вахши Тоҷикистон омаданд, вале зиндагӣ дар он ҷо хеле душвор буд. Чанде дар Душанбе ва дертар ба совхози боғу токпарварии ноҳияи Сариосиё кӯч мебанданд. Пушту паноҳи ин оилаи сарсону саргардон ҳамдеҳаашон Мадумар буд, ки дар Сӯфиён зиндагӣ мекард.
Дере нагузашта Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ сар шуд ва тамоми оламро ба ларза овард. Боре ба колхози Янгирӯзғор омада, бо Ҷумъа Пирназаров шинос мешавад ва ба ҳамин ҷо кӯчида меояд. Раис ӯро аз ба ҷанг рафтан бозмедорад. Зиндагии Мамасиддиқу ҳамсар ва фарзандон дар хаскаппа давом мекард. Дар он давра ҳаёти мардуми муҳоҷири аз Фарғона омада ва кӯҳистониён аслан дар заминкану хаскаппаҳо мегузашт. Зеро он солҳо, чунфоне ки падару модаронамон нақл кардаанд, дар ҳудуди Узуну Сариосиё нишонае аз зиндагӣ набудааст. Ҳама ботлоқзору тӯқайзор, макони ҳайвонҳои ваҳшӣ будааст.
Аз хунукӣ ва шароити бад ба бемории домана дучор мегарданд. Ҳамсар ва духтараш вафот мекунанд. Мамасиддиқ бо ду духтар мемонад. Ҳаёти пур аз ғаму дард давом мекард.
***
Дар деҳаи Меҳнат марди ҳофизе бо номи Мулло Назари Хандон мезист. Зани чилуяксолаи ӯ чор писару ду духтарро ятим монда аз олам гузашт. Дере нагузашта Мулло Назар ба баталони коргарӣ равон карда шуд. Тағои кӯдакон – Мулло Саид онҳоро ба оғӯш гирифта сарпарастӣ кард. Як писарро бо номи Абдураззоқ амакаш ба Хуфар бурд. Як духтарро Абдумалик ном сардори ҳамонвақтаи деҳаи Меҳнат ба парастории худ гирифт.
Соли 1946 Мулло Саид ҷиянаш Ҳайитгули ятимро ба Мамасиддиқ никоҳ мекунад ва мегӯяд:
– Духтарам, каме азоб мекашӣ, баъдтар бахтноку тахтнок ва хурсанд мешавӣ. 
Ҳамин тавр, бо арӯсаш ва хоҳару додарони вай – Бибираҷаб, Бобосиддиқ ва Абдурозиқ зиндагиро идома доданд.
Мардуми тоҷик ба боғдорӣ шавқи беандоза доранд. Мамасиддиқ бо тақозои тақдир ба деҳаи Хатибқаҳрамон омада ба ниҳолпарварӣ машғул мешавад. Кӯчатҳои себу анор, биҳӣ, хурмо ва гулҳои сурху сафедро парвариш карда, ба мардум медод. Дар он солҳо мардум асосан бо сабзавотпарварӣ машғул буданду боғдории ин мард чандон маъқулашон набуд, гӯё. Ҳатто раиси ҳамонвақта носазо гуфтааст: «Аз ҳазор дона кӯчати ту як бузи қӯтури ман беҳтар». Дертар дар деҳаи Хатиб-қаҳрамон дар майдони 6 гектар боғи шафтолую анор, дар деҳаи Янгикуч низ боғи себ барпо кард. 
Дар ибтидои солҳои 50 талабот ба ниҳоли гул зиёд мешавад. Мамасиддиқ бо ҳамсояаш Абдумӯъмин Набиев бо як ҷомадон анор ба боғи ботаникии Душанбе мераванд ва аз роҳбараш илтимос мекунанд, ки аз гулҳои навбаромади «Глория Дей» ва «Меранди» қаламча диҳад. Вале илтимосашон ба инобат гирифта намешавад. Анорҳо ва 50 сӯм пулро ба як ходими боғ дода, дудонагӣ қаламча мегиранд.
Ҳамин тавр, аз қаламча бо мурури вақт ҳазорҳо ниҳолҳои рангоранг ба вуҷуд меоянд. Мамасиддиқ Йӯлдошев онҳоро барои зебу оро додани замини идораи колхозҳои ба номи Карл Маркс ва Сталин истифода мекунад.
Соли 1961 ба Ангрен кӯч бастанд. Дар он ҷо ҳам бо гулпарварӣ машғул шуданд. 
Писари пирамарди раҳматӣ – Сироҷиддин чунин нақл мекунад:
– Ман синфҳои якуму дуюмро дар Ангрен хондаам. Ногоҳ модарам сахт бетоб шуданд. Наздиконашонро пазмон шуда буданд. Танҳо падарам соле як бор ба ноҳияи Сариосиё омада, аз хешу табор хабар мегирифтанд. Бародарам Иброҳимҷон соли 1965 мактабро хатм карда ба Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуд. Падарам ба модарам гуфт, ки туро ба назди ҷигаргӯшаҳоят мебарам, мусофирии ман кифоя. Ҳамин тавр, оилаи мо боз ба деҳаи Хатибқаҳрамон кӯчида омад.
Дар маркази колхози собиқ «Коммунизм» биноҳои идораи хоҷагӣ ва Хонаи маданият қад кашида буд. Сарвари хоҷагӣ Бобомурод Амонов рӯзе ба М. Йӯлдошев рӯбарӯ шуда, «Қориака, баҳор нагузашта, дар назди идора гул оварда шинонед», гуфт. Ӯ аз Ангрен тухму ниҳоли гулҳои зиёдеро оварда шинонд.
Соли 1971 вазири ҳамонвақтаи хоҷагии ҷангали Ӯзбекистон Ориф Ҳакимов ба хоҷагии ҷангали Узун омада, аз директори он Эшбой Қодиров (рӯҳи ҳар ду шод бод!) хоҳиш мекунад, ки Мамасиддиқ Йӯлдошевро пайдо кунад. Ӯ мегӯяд: «Қориака, мана замини хоҷагӣ, ҳар қадар хоҳед, гиред, киштукор кунеду ба мо 100 ҳазор дона ниҳоли гул тайёр кунед. Дар ҷавоб Йӯлдошев мегӯяд, ки барои ман замин лозим нест. Дар як гӯшаи анорзори деҳаамон замин ҳасту аммо аҷриқ зер кардагӣ. Агар ҳамонро ба ихтиёрам гузоред, бо фарзандон кор мекунам.
Воқеан ҳам ин миқдор ниҳолҳоро бо заҳмати зиёд парвариш карданд, вале хоҷагӣ ба ин оилаи меҳнаткаш ба таври кофӣ ҳақ надод. 
Ҳар гоҳ модари фарзандон шавҳарашро мегуфт, ки чаро ҳаққи ҳалоли меҳнататонро талаб намекунед, гӯед, пули ниҳолҳоро диҳад. Вале ӯ сартобӣ мекарду мегуфт: «Ман аз бандааш ҳақ намепурсам, аз пеши худ диҳад, медиҳад, надиҳад, дар қиёмат медиҳад. Зулми золим пеш-пешу оҳи мазлум аз қафо».
Воқеан ҳам, бо вуҷуди он ки заҳмати зиёд кашида меҳнаташро чандон қадр накарданд, аз паси боғдорию гулпарварӣ як оилаи хубе барпо кард, фарзанду набераҳоро нигоҳубин намуд. Муҳимаш, бо меҳнати ҳалол дар дили мардум ҷой гирифт. Ин инсони нек моҳи июни соли 1985, дар моҳи Рамазон аз олам гузашт. Ёдаш ба хайр!
Ҳаёт давом дорад. Кӯҳна ҷои худро ба нав медиҳад. Ба ҷои биноҳои солҳои шастуму ҳафтодум иморатҳои хуби замонавӣ қад рост мекунанд. Ҳоло дар деҳаи Янгибоғ идораи колхози «Коммунизм»-и собиқ ва Хонаи маданият мавҷуд нест. Шояд осорхона ҳам аз байн бардошта шавад. Вале ёди инсонҳои некро оё метавон фаромӯш кард? Ҳаргиз!
Мамасиддиқ Йӯлдошеви понғозӣ, ки яке аз ҳазорон барпокунандагони зиндагии нав дар замони худ буд, аз хотираҳо сутурда намешавад. Ӯро миёни гулҳо, даруни боғҳо тасаввур мекунам. Хаёл мекунам, ки зиндагии ӯ худ як таърих аст. Таърихи як марди саргардони тоҷик...

Ӯғулой ҶӮРАБОЕВА,
ноҳияи Узуни 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: