САРИДОРАИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОР БА ИХТИЁРИ ВВФ СУПУРДА ШУД

Дар Ӯзбекистон ислоҳоти васеъмиқёсе, ки ба баланд бардоштани самаранокии корҳои оид ба пешгирӣ ва аз байн бардоштани вазъиятҳои фавқулодда нигаронида шудаанд, татбиқ мегарданд, ба низоми таъминсозии бехатарӣ аз сӯхтор дар мамлакат тағйироти куллӣ ворид карда мешаванд.

Мувофиқи Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷорӣ намудани низоми сифатан нави пешгирӣ ва аз байн бурдани вазъиятҳои фавқулодда, ҳамчунин таъмин кардани бехатарӣ аз сӯхтор» аз 10 апрели соли 2019 дар як қатор вазоратҳо тағйироти назарраси сохторӣ амалӣ шуданд. 
Дар доираи ҳуҷҷат Саридораи бехатарӣ аз сӯхтор, сохторҳои он ва шуъбаҳои ҳудудии вай, ҳамчунин Донишкадаи бехатарӣ аз сӯхтор аз тобеияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  Хидмати идораи таъсир ба равандҳои гидрометеорологӣ бошад, аз ихтиёри Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тобеияти ВВФ дода шуданд.
Дар ин маврид Маркази хидмати гидрометеорологӣ (Ӯзгидромет) аз низоми Вазорати вазъиятҳои фавқулодда ба ихтиёри Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода мешавад.
Бинобар таъсис ёфтани сохторҳои нав дар ҳайати ВВФ ба зиммаи вай дар соҳаи таъмин сохтани бехатарӣ аз сӯхтор вазифаҳои нав гузошта шуданд.
Барои иҷрои онҳо дар пойгоҳи шуъбаҳои поёнии бехатарӣ аз сӯхтор шуъбаҳои дахлдор бинобар вазъиятҳои фавқулодда ва бахшҳои сӯхториву наҷотдиҳӣ ташкил карда мешаванд ва ба зиммаи онҳо вазифаҳои нафақат хоси оташнишонӣ, балки баргузор намудани корҳои дахлдори наҷотдиҳӣ гузошта хоҳанд шуд. 
Ғайр аз ин Маркази миллии идора ва аксуламал ба вазъиятҳои фавқулодда ва марказҳои ҳудудии идораи таъҷилӣ таъсис дода мешаванд. Мониторинг ва пешбинии аҳволи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз таҳдидҳои гуногуни техногенӣ ва табиӣ ба зиммаи онҳо гузошта мешаванд. 
Дар низоми тайёркунии наҷотдиҳандагон ва оташнишонҳо низ тағйироти назаррас пешбинӣ шуданд. Чунончӣ, бо мақсади таъсис додани низоми ягонаи тайёркунии кадрҳо ва ба роҳ мондани корҳои илмӣ  Донишкадаи бехатарӣ аз сӯхтор ба академия табдил дода хоҳад шуд. Дар он мутахассисони баландихтисос дар шаклҳои таълими рӯзона ва ғоибона тайёр карда мешаванд.
Самти алоҳидаи ислоҳот ба рушди низоми тайёркунии аҳолӣ барои амалиёт дар вазъиятҳои фавқулодда нигаронида шудааст. Барои ин дар сохтори идораҳои ҳудудӣ оид ба вазъиятҳои фавқулодда марказҳои таълими бехатарии ҳаёт ташкил мегарданд. Дар онҳо барои амалан аз худ кардан ва аз ҷониби аҳолӣ дарк намудани таҳдид ба саломатӣ ва ҳаёташон, ҳамчунин барои коркарди амалии ҳаракатҳои дуруст ҳангоми вазъиятҳои гуногуни фавқулодда шароит фароҳам оварда мешавад.
Ин ислоҳот ба анъанаҳои байналхалқии соҳаи пешгирии вазъиятҳои фавқулодда мувофиқат карда, имкон медиҳанд самаранокии низоми пешгирӣ ва аз байн бардоштани вазъиятҳои фавқулоддаи мавҷуд дар мамлакат хеле баланд бардошта шавад. 

Роман БОНДАРЧУК, 
хабарнигори ӮзА.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: