«САРМАНЗИЛИ МАН БӮЙИ ТУ ДОРАД, ГУЛИ МАН...»

(РУБОИЁТ)

Гулназар КЕЛДӢ,
Шоири халқии Тоҷикистон

«САРМАНЗИЛИ МАН БӮЙИ ТУ ДОРАД, ГУЛИ МАН...»

(РУБОИЁТ)

Аз рози нуҳуфтаам забон месӯзад, 
Аз доғи шукуфтаам равон месӯзад. 
Рӯзам пайи зиндагӣ гузар карду маро 
Аз шеъри нагуфта устухон месӯзад. 
        ***
Модар, модар, ҷаҳони армон, модар,
Машъал ба сари гӯри шаҳидон, модар.
Ту куштаи доғи аскарони навхат,
Ту ғолиби корзори Гирмон, модар. 
        ***
Модар, зи хаёли ту нахуфтам берун,
Ҳарфе зи ҳавои ту нагуфтам берун.
Аз хона агарчӣ дур рафтам пайи бахт,
Аз хонаи чашми ту нарафтам берун.
        ***
Аз мӯйи сафеди модарам ёд кунам,
Чун мурғ ба вақти субҳ фарёд кунам.
Бечора будам пеши дили вайронаш,
Акнун биравам, мазораш обод кунам.
        ***
Рӯзе, ки ба ман номи маро медоданд,
Аз накҳати гул коми маро медоданд.
Рӯзе, ки суруди Рӯдакӣ мехонданд,
Ғамхораи ҳар шоми маро медоданд.
        ***
Бори дили ман кашидаӣ ту ҳама умр,
Бар доди дилам расидаӣ ту ҳама умр.
Монанди тилое, ки бувад дар хунам,
Дар пайкари ман давидаӣ ту ҳама умр.
        ***
Ҳаргиз наравад зи сина меҳри авалам,
Хуршеди нахустаму сипеҳри авалам.
Аз сӯзи ту равшанӣ биёмӯхт дилам,
Шуд бӯсаи охири ту шеъри авалам.
        ***
Ҳар нуқта ба рӯйи дафтарам месӯзад,
Чун оби ду дидаи тарам месӯзад.
Гар захми тани Айнӣ ба ҳам омадааст,
Аз захми дили ӯ ҷигарам месӯзад.
        ***
Саргашта макун ту ин сари сарсонро,
Ошуфта макун ту ин дили ҳайронро.
Рӯзе чу китоби баъди маргам оӣ,
Оию наёбӣ ошиқи пазмонро.
        ***
Чун номаи ошиқона овора шудам,
Бе марҳамату лутфи ту бечора шудам.
Гуфтам, ки маро ба дида мебардорӣ,
Аз дасти тағофули ту сад пора шудам.
        ***
Дилро агарам маҳрами розат бикунӣ,
Шодикафу шодимарги нозат бикунӣ.
Ман шиква кунам зи кӯтаҳии шаби васл,
Ту шикваи мӯҳои дарозат бикунӣ.
        ***
Тирезаи мо чашми ба чашм истода,
Шохи гули мо барги ба барг афтода.
Дарвозаи мо дӯши ба дӯш аст мудом,
Танҳо дили мо рӯйи ба рӯ накшода.
        ***
Сарманзили ман бӯйи ту дорад, гули ман,
Ин маҳфили ман бӯйи ту дорад, 
гули ман,
Азбаски ба бӯйи ту хазон нест маро,
Ҷону дили ман бӯйи ту дорад, гули ман.

 

 

ХУШСУХАН, ХУШХӮВУ ХУШПИНДОР БОШ!

Эй бародар, зираку ҳушёр бош!
Дар раҳи Ҳақ бо дили бедор бош!

Аз дурӯғу аз хабосат кун ҳазар,
Росткору шахси хушкирдор бош!

Худ ибодат аз барои Ҳақ намо,
Эзиди яктои худ хушдор бош!

Доимо ишқи Худо ҷо кун ба дил,
Дар раҳи зикри Худо бисёр бош!

Бар Худои хеш доим ҳамд хон,
Дар паноҳи исмати Ғаффор бош!

Аз ҳуҷуми мушрикон асло матарс,
Дар раҳи тақвою дин ҷаррор бош!

Ҷисмро зиннат бидеҳ бо хулқи хуб,
Хушсухан, хушхӯву хушафкор бош!

Олимону шоиронро дӯст дор,
То бар онҳо ташнаи дидор бош!

Бар ятиму бекасу бечорагон
Раҳм кун, то марди беозор бош!

Волидонро ҳурмату иззат намо,
Баҳри эшон доиман ғамхор бош!

Ҳам Ватанро ҳифз бинмо аз ғаним,
То ватанпарвар ва меҳандор бош!

Ончунон зӣ, ки ҳаётат гул кунад,
Ҳамчу гул бошу гули бехор бош!

Лутф бинмо бар ҳама хурду бузург,
То накӯандешу хушрафтор бош!

Аз лабат шаккар бирезад дар сухан,
Меҳрубону шахси хушгуфтор бош!

Дӯстӣ кун бо ҳама хурду калон,
Хоксору марди хушпиндор бош!

Ҳаққи худро бар касу нокас мадеҳ,
Чун ту меҳнат мекунӣ, ҳақдор бош!

Ҳарзагӯиву дағалгӯӣ макун, 
Дар ҳаётат,  ҷони ман, боор бош!

Ин насиҳат чун зи ман бишнидаӣ,
Бо Расулбекат муҳиббу ёр бош!

Расулбеки АҲМАДЗОД,
ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: