САРМЕШСОЙ – ОСОРХОНАИ ЗЕРИ ОСМОНИ КУШОД

Расму аксҳои болои сахраву харсангҳо аввалин намунаҳои санъат ва сарчашмаи муҳими таҳқиқ ва омӯзиши таърих мебошанд.

Дар онҳо рӯзгори гузаштагон, тарзи зиндагӣ, эътиқоди динӣ, машғулот ва одатҳои одамони қадим инъикос ёфтаанд. Дар расмҳо манзараи шикори ҳайвонот, ки аз машғулияти қадимтарини инсон будааст, бештар вомехӯрад. 


Аксҳои дараи Сармешсой воқеъ дар бағали қаторкӯҳҳои Қаротоғи ноҳияи Навбаҳори вилояти Навоӣ диққати бисёр олимони таърихшиносу археологро ба худ ҷалб намудаанд. Тибқи маълумоти олимон дар он 5-7 ҳазор сол муқаддам ҳайвонҳои ёбоӣ хонагӣ карда шудаанд. Ин ҳама дар тахтасангҳои ин мавзеъ тасвир ёфтааст. Дар онҳо задухӯрди шер, паланг, бабр барин ҳайвонҳои дарранда, бо ёрии гепарди ромшуда, ки дар таърих кам вомехӯрад, аз тарафи шикорчӣ сайд шудани наргови ёбоӣ акс шудаанд.
Тасвирҳои рӯйи харсангҳоро тамошо карда, ҳаёт ва зиндагии 7000 сол муқаддам пасисаркардаи одам пеши назар ҷилвагар мегардад. Сангҳо гӯё забон доранду ба мо аз аҳди куҳан ҳикоя мекунанд.
Петроглифҳо расмҳои одӣ нестанд, онҳо воқеиятро шарҳ медиҳанд. Чунончи, тасвири «Нур»-ро мушоҳида мекунем: дар тахтасанги лайс, ки расмҳои одамон аз поён ба боло тасвир ёфтааст, як мавзӯъ ва ё ғояе ҳаст. Одами дар поён тасвиршуда, ки сари ду зону нишастааст, кашф шудани оташ, тарзи фурӯзон намудани онро намоиш медиҳад. Шахси дуюм оташро, яъне машъалро дар даст гирифта равон аст. Шахси савум бошад, дар танӯр нон мепазад.Ин расм далел аз он аст, ки аҷдоди мо ба оташ эътиқоду эътимод доштаанд.
Дар дараи Сармешсой беш аз 10 ҳазор петроглифҳо кашф гардидаанд. Расмҳо асосан дар мобайни дара, ки тахтасангҳои зиёд дорад, дар масофаи 22,5 километр масофа тасвир ёфтаанд. Дара дар ҷануби қаторкӯҳҳои Нурато, аз шимолу шарқии шаҳри Навоӣ дар масофаи 30-40 километр воқеъ аст. Қисми зиёди расмҳои аз ин минтақа пайдогардида ба асри биринҷӣ, боқимонда ба давраҳои неолит, мезолит ва қисми дигар ба давраи асрҳои миёна нисбат доранд. Тасвирҳои давраи охирин матн ҳам дошта, бо алифбои арабиасос ба забони порсӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти дарвешон маълумот медиҳанд. Дар баъзеи онҳо ҳайвонҳое тасвир ёфтаанд, ки ҳоло вуҷуд надоранд.
Корҳои ҳафриётӣ дар дараи Сармешсой солҳои 60-уми асри гузашта сурат гирифтааст. Аввалин экспедитсияи илмӣ аз ҷониби гурӯҳ таҳти роҳбарии Яҳё Ғуломов ташкил шудааст. Ҳуҷҷатикунонии расмҳои тахтасангҳо аз ҷониби муҳаққиқон Ҷ. Кабиров ва Б. Шалатонин идома ёфтааст. Ҳоло дар Сармешсой беш аз 200 иншооти ҳафриётӣ муайян гардидааст. Қабристонҳо, қӯрғонҳо, бошишгоҳҳои одамони қадим ва ғайра аз ҷумлаи иншооти ҳафриётӣ мебошанд. 
Табиати рангину нотакрор дорад дара. Дар баҳор табиати дара боз ҳам мафтункору ҷаззоб мегардад. Дар ин ҷо беш аз 650 намуди рустанӣ вомехӯрад, ки ба 62 оилаи рустанӣ мансуб мебошанд. Аксари онҳо гиёҳҳои доруворӣ буда, баъзеашон ба «Китоби сурх»-и Ӯзбекистон шомил шудаанд.
Олами ҳайвоноти дара низ ҷолиб аст. Чанде аз онҳо ба «Китоби сурх»-и байналмилалӣ ворид карда шудаанд. Мори бузмак, уқоб, мори зард, кӯрмор, моҳии сиёҳ, кабк, бедона ва дигарҳо аз ҳамин қабиланд.
Имрӯз дараи Сармешсой тарҳ ва намои нав гирифтааст.Барои ба наслҳои оянда расонидани ёдгориҳои таърихии минтақа аз ҷониби давлат ғамхориҳои зиёд карда мешавад. Дар ҳудуди 5000 гектар боғи табиии «Сармеш» ташкил шудааст. Ин боғ дар асоси Қарор аз 3 декабри соли 2004 «Дар бораи ҳифзи ҳудудҳои табиӣ» таҳти назорат қарор дорад. Ҳамчунин Сармешсой аз 14 июли соли 2009 ба музей-мамнӯъгоҳи  табиӣ-археологӣ табдил дода шуд.
Аз соли 2004 ба музей-мамнӯъгоҳи табиӣ-археологӣ сайёҳони зиёди хориҷиву дохилӣ меоянд. Бо мақсади ба сайёҳон муҳайё намудани имконоти саёҳат ва истироҳат базаи сайёҳӣ ва «Ташрифгоҳ» бунёд гардидааст. 
Осорхонаи табиӣ-археологии «Сармешсой» ҳамеша ба қабули сайёҳони хориҷиву дохилӣ омода аст.

Фирдавс РАҲМОНОВ,
вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: