САРМОЯГУЗОРОНИ ХОРИҶӢ БАРОИ ХУД ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ САРМОЯВИИ ӮЗБЕКИСТОНРО КАШФ МЕКУНАНД

Дар ҷамъомади ҳарсолаи 32-юми Шӯрои роҳбарони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо (БТРА), ки 16-18 май дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд, Президент Шавкат Мирзиёев нутқ кард.

Роҳбари давлат  маънии амиқу рамзии маҳз дар Самарқанд, ки аз қадимулайём дар чорроҳаи Шоҳроҳи абрешим ҷойгир асту Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷанубро ба ҳам мепайвандад ва аз марказҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмиву технологии табодулоти байни Аврупо, Осиё ва Африқо буд, гузаронида шудани анҷуманеро таъкид кард. 
Сарвари давлати мо ба роҳбарияти Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, ҳукумати давлатҳои аъзо ва сарвари бонк, ба созмондиҳандагон – шарикони бонку сармоягузорон, тамоми кормандони он, ки Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунанд ва лоиҳаҳои муштаракро татбиқ менамоянд, миннатдории амиқ изҳор намуд.
Иштироки Президент Шавкат Мирзиёев дар чорабинии мазкур ба анҷуман муҳити махсус бахшид ва шаҳодати садоқати баланди ҷумҳурӣ ба вусъат додан ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байналхалқӣ гардид.
Ҳамтаъсиси ширкати «Frontier ESG Advisory» Иан Сандерси мушовири асосии Марказ бинобар танзими талошҳои хоҷагии Британия Эндрю Гроссман гуфт:
— Тағйироти ҷаҳоние, ки имрӯз ба вуқӯъ мепайванданд, дорои он гуна иқтидори таъсире мебошад, ки онро бо инқилоби саноатии асри XIX қиёс мекунанд. Ин тағйирот, ки дар ибтидо «гардиши энергетикӣ» унвон гирифта буд, аз чаҳорчӯбаи ин фаҳмиш хеле бартар аст ва мафҳуми «сармояи устувори ҷаҳонӣ» раванди ҳолоинаи онро бештар таҷассум менамояд.
Ин гардиши сармоявӣ симои бозорҳои байналхалқии молиявиро хеле зуд тағйир медиҳад: бинобар пешгӯиҳо дар тӯли ду соли минбаъда барои рушди устувор ва соҳаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоравӣ (ESG)-и меъёрҳо дар ҳаҷми 33 триллион доллар сармояҳо равона карда мешаванд.
Чунин тағйироти зуд маънии онро дорад, ки муассисаҳои бузурги молиявии тамоми ҷаҳон баҳри он, ки афзалиятҳои худро мувофиқи воқеияти нав бозсозӣ намоянд, бояд хеле зиёд кор кунанд.
Ӯзбекистони кунунӣ дар ибтидои роҳи нав қарор дорад. Ба шарофати барномаи марказонидан ва хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, кишвар тамоми имкониятҳоро дорад, ки стратегияи нави миллии худро дар соҳаи мазкур татбиқ намояд. Бо назардошти дар ҳайати аҳолӣ зиёд будани ҷавонони босавод, ки барои ҷалби сармояҳо дар рушди устувор ва соҳаи ESG таҷрибаи зарурӣ доранд, Ӯзбекистон метавонад ин гуна тағйиротро нисбати бисёр дигар иқтисодиёти бузурги барқарори ҷаҳон зудтар амалӣ намояд.
Директори департаменти коммуникатсияҳои БТРА (солҳои 2011-2022), коршинос дар соҳаи журналистика ва коммуникатсияҳо Ҷонатан Чарлз (Британияи Кабир) изҳор дошт:
– Ӯзбекистон ҳоли ҳозир аз нуқтаи назари ҷалби сармояҳо маъвои бағоят ҷолиб ва пешомаднок аст. Инро муаррифии иқтидори сармоявии Ӯзбекистон дар ҷамъомади ҳарсолаи Шӯрои роҳбарони БТРА бори дигар собит намуд.
Дар ҷараёни иҷлосияи мазкур аз ҷониби нотиқон қайд гардид, ки Ӯзбекистон кишвари рӯшод, дӯстпарвар, меҳмоннавоз ва зуд пешраванда бо захираҳои баландихтисоси меҳнатӣ мебошад. Ҷолибияти сармоявии мамлакат меафзояд. Намояндагони бисёр ширкатҳои хориҷие, ки дар Ӯзбекистон кор мекунанд ва дар ин бобат таҷрибаи хуб доранд, низ аз ин хусус ҳарф мезананд.
Ҳамчунин муҳим аст таъкид кунам, ки алҳол дар ҷумҳурӣ сармояҳои зиёд барои рушди манбаъҳои нави энергия – нируи офтобӣ ва бодӣ ҷалб карда мешаванд. Он чиз боиси таъкид аст, ки БТРА дар ҷамъомади худ воқеъ дар Самарқанд ин самтро дастгирӣ кард.
Баргузории чунин чорабинии муҳими байналхалқӣ маҳз дар Самарқанд аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон ҳамчунин иқтидори бағоят ғании сайёҳии кишвари шуморо намоиш дод. Бовар дорам, ки иштирокдорони чорабинӣ таассуроти зиёдро аз шиносоӣ бо шаҳри таърихӣ, ҷойҳои дидании он, фарҳанги ғанӣ ва меҳмоннавозии анъанавии мардуми Ӯзбекистон бо худ мебаранд.
Директори генералии «Ziraat-BankUzbekistan» Зафар Ҷонпулат (Туркия) мегӯяд:
– Ҷамъомади роҳбарони БТРА дар Самарқанд ба рӯҳи ислоҳоти муттасиле, ки дар Ӯзбекистон таҳти роҳбарии Президент Шавкат Мирзиёев татбиқ мешаванд, мувофиқат мекунад. Обрӯи Ӯзбекистони Нав дар арсаи байналхалқӣ рӯз аз рӯз дар пеши назари мо баландтар мегардад, ин пеш аз ҳама ба шарофати сиёсати рӯшод ва эътимоди тарафайн бо кишварҳои шарик, аз ҷумла хориҷи дур мебошад. 
Дар маркази таърихии Шоҳроҳи абрешим – шаҳри Самарқанд баргузор шудани ҷамъомади ҳарсолаи 32-юми Шӯрои роҳбарони Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, ҳамчунин дар он ширкат варзидани ҳайатҳои сернуфуз аз ҷумлаи сарони муассисаҳои бузурги молиявии хориҷӣ ва ширкатҳои машҳури тамоми олам аз рағбати рӯзафзуни ҷомеаи соҳибкорони байналхалқӣ нисбати имкониятҳои сармоявии Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.
Чорабинии БТРА, ки таҳти шиори «Сармояҳо барои ҳаёт» баргузор шуд, бешубҳа, барои ташаккул додани нақшаҳои дақиқ бобати паси сар сохтани хавфҳои иқтисодӣ, ки бинобар оқибати номуайяниҳо дар ҷаҳон меафзоянд, асос мегузорад.
Муътақидам, ки натиҷаҳои ҷамъомад дар кори таҳкими қаробати минтақавӣ ва фаровонҳолии тамоми Осиёи Марказӣ саҳми бузург хоҳанд гузошт.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: