САРМОЯГУЗОРӢ БА КАПИТАЛИ ИНСОН – САРМОЯГУЗОРӢ БА ОЯНДА

Азбаски 60 фоизи аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд, ҳар сол наздик ба 600 ҳазор нафар ҷавонон вориди бозори меҳнат мешаванд.

Ин тақозо менамояд, ки дар давраи пурталотуми ҳозира корҳои бобати рушди капитали инсонӣ оғозшударо идома бояд дод.
Дар нахустин форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар пойтахт Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки аз рӯзи аввали ислоҳот мо ба рушди соҳаи маориф ва капитали инсонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда истодаем.
Дарҳақиқат, дар 5 соли охир дар ҷумҳурӣ беш аз 21 ҳазор муассисаи нави таълими томактабӣ таъсис дода шуда, фарогирии кӯдаконамон ба ин муассисаҳо аз 27 фоиз ба 67 фоиз расид. Қариб 200 мактаби нав сохта, зиёда аз 3 ҳазор мактабҳои мавҷуда аз нав таъмир ва муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар муддати кӯтоҳи гузашта 82 донишгоҳу донишкадаи нав, аз ҷумла 23 донишгоҳи хориҷӣ таъсис ёфта, шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба 159 адад расид. Натиҷаи ҳамин аст, ки бо маълумоти олӣ фаро гирифтани хатмкунандагони мактабҳо аз 9 фоиз ба 28 фоиз афзуд.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки сармояи инсонӣ дар асри XXI ба як меъёре табдил ёфтааст, ки сарнавишти инсоният, аз ҷумла ҳар як давлатро муайян мекунад. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки имрӯз дар асоси рушди иқтисодиёти кишвар на мавҷудияти техника ва захираҳои табиӣ, балки одамони он ҷо ва қобилиятҳои онҳо, малака ва саломатии онҳо муҳим аст.
Хулоса, таҳсилот ва омӯзиши касб сатҳи дониши инсонро баланд бардорад, соҳаи тандурустӣ бо коҳиши бемориҳо дар инсон мӯҳлати хидматрасонии сармояи инсониро зиёд мекунад. Ислоҳоте, ки дар ин соҳаҳо дар мамлакатамон татбиқ мегарданд, ба муддати дароз амал кардани капитали инсон хидмат мекунад. 

Муҳаммад ВАЛИЕВ,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: