САРМОЯГУЗОРӢ ОМИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ ФАРОГИРИ ИҚТИСОДИЁТ

Дар сафорати кишварамон дар Варшава бо иштироки роҳбарони ширкатҳои бузурги истеҳсолии Полша – сармоягузорони эҳтимолӣ таҳти мавзӯи «Сармоягузорӣ ҳамчун омили таъмини рушди фарогири иқтисодиёти Ӯзбекистон» суҳбати «мизи мудаввар» баргузор гардид.

Сафир Баҳром Бабаев ба ҳозирин иттилоъ дод, ки ислоҳоти солҳои охир оид ба озодгардонии иқтисодиёт ва  ба ҷаҳони беруна кушодии он  татбиқшуда ба сармоягузорони хориҷӣ ва миллӣ имкониятҳои нави барои сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои нав қаблан истифоданашударо фароҳам оварданд. Натиҷаҳои бадастомада аз бисёр ҷиҳат бо нигоҳ доштани сатҳи баланди фаъолнокии сармоягузорӣ вобаста аст.
Қайд гардид, ки мақсади Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026, аз ҷумла афзалияти сеюми он – рушди босуръати иқтисодиёти миллӣ ва таъмини суръати баланди рушд – баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва мувозинати иқтисодиёт, рушди истеҳсолот ва иқтидори содиротӣ, рушди минтақаҳо ва беҳтар гардондани шароити ҳаёти аҳолӣ мебошанд.
Иштирокчиён оиди иқлими сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон ва ҳавасмандгардонии сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар андешаҳои худро баён карданд.
Роҳбари «ChemTrade-Center» Пшемислав Фурмановский қайд кард, ки ба далели чунин омилҳо аз қабили ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, шумораи аҳолӣ ва сатҳи рушди иқтисодиёт Ӯзбекистон дар маркази таваҷҷуҳи доираҳои тиҷоратии Полша қарор дорад. Ба ин муносибат ҷониби Полша аз пешбурди тамоми самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба манфиатдор аст.
Муовини раҳбари ширкати «KGHM» Марек Свидер изҳори назар кард, ки барои то соли 2030 ба яке аз кишварҳои дорои даромади миёнаи болоӣ табдил ёфтани Ӯзбекистон нақши давлат дар аз истеҳсолкунандаи мол ва хидматрасонӣ ба механизми самарабахши рушди бозорҳо табдил додани он муҳим аст.
Президенти Палатаи савдо ва саноати «Полша – Осиё» Януш Пехочинский таваҷҷуҳро ба зарурати кумак ба Ӯзбекистон дар бомуваффақият гузаштан ба иқтисоди бозаргонии фарогир ва устувор, ки ба ҷалби фаъоли бахши хусусӣ дар рушди иқтисодӣ, яъне пурзӯр гардондани рақобат мусоидат мекунад, ҷалб кард.
Вай омодагии Полшаро дар  ташкил намудани семинарҳои тематикӣ барои тоҷирони ҷавони Ӯзбекистон, вохӯрӣ ва машваратҳо бо коршиносони бонуфузи соҳавӣ бинобар чунин масъалаҳо, ба мисли методологияи ташкил ва рушди стартапҳо, бозор ва стратегия, маҳсулот ва коркард, маркетинг ва фурӯш, молия ва муҳосибӣ, ҳуқуқшиносӣ ва масъалаҳои андоз таъкид намуд.

АИ «Дунё»,
ВАРШАВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: